Бо ин ҳама дар Афғонистон умедворанд, ки Доналд Трамп тасмими худ дигар мекунад ва гуфтугӯҳои сулҳ миёни Амрико ва гуруҳи Толибон аз сар гирифта мешаванд.
Доналд Трамп рӯзи душанбеи 9-уми сентябр гуфт, музокирот бо гуруҳи Толибонро "поёнёфта" мехонад, аммо бо ин вуҷуд Амрико коҳиши нируҳояш дар Афғонистонро баррасӣ мекунад.
Музокироти сулҳ байни Амрико ва гуруҳи Толибон чанд моҳ аст, ки идома дорад. Аммо рӯзи шанбеи 7-уми сентябр Донал Трамп дидори сиррӣ бо намояндагони гурӯҳи Толибонро дар Camp David лағв карда, музокирот бо ин гурӯҳро боздошт.
Дар пайи ин Вазорати умури хориҷии Амрико фиристодаи хоси худ барои сулҳи Афғонистон Залмай Халилзодро ба Вашингтон бозхонд кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раисҷумҳури Амрико гуфт, дидор ва гуфтугӯ хуб аст, аммо бекор кардани гуфтугӯ бо Толибон тасмими ӯ буд.
Доналд Трамп, дар сафҳаи твитериаш, гузориши расонаҳо дар хусуси мухолифати муовини аввал ва мушовири амниятиаш ба ҳузури Толибон дар Амрикоро "достони дуруғ" хонд.
Рӯзи гузашта Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфта буд, идомаи музокирот бо Толибон ба ин гуруҳ бастагӣ дорад.
Пештар гуруҳи Толибон дар вокуниш ба бекор шудани музокирот гуфт, лағви ин музокирот нишондиҳандаи "беҳавсалагӣ ва бетаҷрибагии" давлати Амрико аст.
Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон, Толибонро масъули шикасти талошҳои ахири сулҳ ва монеагузорӣ барои ин талошҳо донист.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз чеҳраҳои сиёсии Афғонистон бовар доранд, ки гуфтугӯ миёни Толибон ва Амрико аз сар гирифта мешавад. Онҳо рӯзи душанбе дар суҳбат ба бахши афғонии Радиои Озодӣ, мутаваққиф шудани музокиротро иштибоҳ хонданд. Ба гуфтаи чанд сиёсатмадорони афғон, бекор шудани музокирот миёни Амрико ва гуруҳи Толибон дар ин замони ҳассос "кори дуруст" нест.
Муҳаммад Исмоилхон, аз чеҳраҳои собиқи ҷиҳодӣ ва узви роҳбарии Ҷамоати исломӣ мегӯяд, "ҷанг бо ҷанг хатм намешавад ва бояд музокирот аз сар гирифта шавад".
Ҷанги Афғонистон тӯлонитарин набарде аст, ки Иёлоти Муттаҳида дар он иштирок дорад. Аммо дар Афғонистон умедворанд, ки Доналд Трамп тасмими худро тағйир медиҳад ва музокироти сулҳ бо Толибон идома меёбад.
Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Толибон дар пайи он бекор шуд, ки гуруҳи Толибон масъулияти як таркиш дар маркази Кобулро ба уҳда гирифт. Дар ин таркиш 12 нафар аз ҷумла як сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расиданд.