Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Созиши Амрико бо Толибон барои Афғонистон хатарнок аст"


Ҷеймс Каннингэм, сафири собиқи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон
Ҷеймс Каннингэм, сафири собиқи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон

Се намояндаи пешини Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ҳушдор додаанд, ки пешнависи тавофуқномаи Амрико ва Толибон дар бораи берун шудани нерӯҳои байналмилалӣ "иштибоҳӣ аст" ва "ба ҷанги дохилии хатарнок" дар Афғонистон сабаб хоҳад шуд.

Райан Крокер, ки аз соли 2011 то 2012 сафири Амрико дар Афғонистон буд, рӯзи 6-уми сентябр ба бахши марказии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "ин як тавофуқномаи бисёр хатарнок ва зиёнбор аст".

Ҷеймс Каннингэм, сафири собиқи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон (аз соли 2012 то 2014) ва Ҷеймс Доббинс, намояндаи хоси Амрико барои Афғонистон (аз соли 2013 то 2014) ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, пешнависи тавофуқномаи Амрико ва Толибон шароитро барои сулҳ ба вуҷуд намеорад. Онҳо гуфтаанд, бинобар ин, то замони татбиқ шудани як тавофуқнома миёни ҳукумати Афғонистону Толибон, нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон бимонанд.

Крокер, Каннингэм ва Доббинс дар миёни 9 дипломати собиқи Амрико ҳастанд, ки дар оғози ҳафтаи гузашта дар як баёнияи муштарак гуфтанд, агар Иёлоти Муттаҳида нерӯҳояшро пеш аз расидан ба тавофуқи сулҳи воқеӣ бо Толибон аз Афғонистон берун кунад, эҳтимол дорад ин кишвар бо як ҷанги дохилӣ рӯ ба рӯ шавад.

Залмай Халилзод, намояндаи хоси Иёлоти Муттаҳида барои сулҳи Афғонистон, рӯзи душанбеи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар мавриди чаҳор мавзӯъ бо Толибон тавофуқ шудааст.

  • Аввал, кафолати амниятӣ аз сӯи Толибон, ки аз минтақаҳои зери назорати онҳо ба Амрико ва муттаҳидонаш таҳдид нашавад;
  • Дувум, хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон;
  • Севум, оғози гуфтугӯҳои байнулафғонӣ;
  • Чаҳорум, барқарории оташбаси доимӣ ва фарогир дар Афғонистон.

Халилзод ҳамчунон афзуд, ҷузъиёти пешнависи тавофуқномаи сулҳ миёни Амрико ва Толибонро бо ҳукумати Афғонистон дар миён гузоштааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 ҳазор сарбози байналмилалӣ дар Афғонистон ҳузур доранд. Бар асоси гузоришҳо, аз 13 то 14 ҳазори ин сарбозонро нерӯҳои амрикоӣ ташкил медиҳанд. Маъмурияти ин нерӯҳо омӯзишу машваратдиҳӣ ва кумак ба нерӯҳои амниятии Афғонистон аст.

Дар гузориши бахши марказии Радиои Озодӣ омадааст, ҷадвали замонӣ барои берун шудани тамоми нерӯҳои хориҷӣ дар 18 моҳ аз Афғонистон дар пешнависи тавофуқномаи сулҳи Амрико ва Толибон шомил аст.

Дар ивази он, Толибон ваъда месупоранд, ки равобиташонро бо гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ қатъ мекунанд ва гуфтугӯҳои мустақимро бо мақомҳои афғон дар мавриди барқарории оташбаси ҳамешагӣ ва шеваи тақсими қудрат оғоз менамоянд.

Ҳукумати Кобул, ки аз пуштибонии Ғарб бархӯрдор аст, гуфтааст, тавофуқномаи Толибону Иёлоти Муттаҳида инро кафолат намедиҳад, ки Толибон пас аз берун шудани нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ба ваъдаҳои худ амал кунанд.

Раёсати ҷумҳурии Афғонистон низ дар мавриди тавофуқномаи сулҳи миёни Амрико ва Толибон нигарониҳои ҷиддӣ дорад. Сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар Твиттер навишт, "қисме ки мақомҳои пешину сенаторони амрикоӣ дар мавриди тавофуқномаи сулҳ нигаронӣ доранд, ҳукумати Афғонистон ҳам дар ин маврид нигарон аст."

Як манбаи огоҳ дар ҳукумати Афғонистон, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ хост, номаш гирифта нашавад, ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ин нигарониҳо ба "сатҳи Залмай Халилзод" ҳал шуданӣ нест.

Райан Крокер, ки дар соли 2002 сафири Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон буд, гуфтааст, музокирот дар мавриди як муомила бе ҳузури ҳукумати Афғонистон, барои Толибон ин паёмро мерасонад, ки дигар кори Амрико дар Афғонистон тамом шудааст.

Ҷеймс Каннингэм ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтааст, пешнависи тавофуқномаи Амрико ва Толибон бештар рӯйи берун шудани нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон мутамарказ аст, то эҷоди шароит барои сулҳ. Вай афзудааст, "дар сенарияи бадтарин ҳолат, хуруҷи Амрико аз Афғонистон бисёр зуд анҷом хоҳад шуд. Дар бадтарин ҳолат сарнагунии ҳукумат ва оғози ҷанги дохилӣ аст. Ин як фоҷиа хоҳад буд."

Ҷанги дохилии вайронгар дар оғози солҳои навадум дар Афғонистон роҳро барои расидани Толибон ба қудрат ҳамвор сохта буд. Ҷеймс Доббинс мегӯяд, нерӯҳои байналмилалӣ бояд то замоне дар Афғонистон бимонанд, ки тавофуқномаи сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон на танҳо ҳосил, балки иҷро шавад.

Крокер гуфтааст, Амрико сармояи зиёде дар Афғонистон намепардозад, ҳудуди 3 дарсади буҷети низомии солонаи худро дар ин кишвар харҷ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар ивази ин ҳазинаи кам бима ҳосил мекунанд, бимае барои пешгирӣ аз такрори ҳодисаи террористии 11-уми сентябри соли 2001. Ишораи ӯ ба ҳамлаҳои ҳаросафканон дар Иёлоти Муттаҳида аст, ки аз сӯи гурӯҳи “Ал-Қоида” ташкил шуда буд. Гурӯҳе, ки раҳбаронашон аз сӯи Толибон дар Афғонистон паноҳ дода шуда буданд.

Райан Крокер афзудааст, "мо ба ҷойи ин ки ҷангро ба поён бирасонем, як ҷанги дохилии нав, бузургтару хатарноктарро эҷод хоҳем кард."

Толибон гуфтаанд, чизи дигаре ба ҷуз аз берун шудани пурраи нерӯҳои байналмилалиро аз Афғонистон нахоҳанд пазируфт.

XS
SM
MD
LG