Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Залмай Халилзод: Бо Толибон сари чор масъала ба мувофиқа расидем


Фиристодаи хоси ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод, ки даври нӯҳуми музокирот бо гурӯҳи умдаи шӯришиёни Афғонистонро ба анҷом мерасонад, ахиран гуфт, ки бо Толибон ба мувофиқаи усулӣ даст ёфтааст.

Рӯзи 1-уми сентябр Халилзод бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар Кобул дидору гуфтугӯ кард. Ашраф Ғанӣ аз он ки намояндагони расмии ҳукумати Афғонистон дар ин музокираҳо иштирок намекунанд, борҳо интиқод кардааст.

Хабарнигори радиои Ағонистони Озод Зариф Назар дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Залмай Халилзод дар Кобул мувофиқаҳои ахир бо Толибонро баррасӣ кард, ки мухтасари он нашр мешавад.

Залмай Халилзод: Мехоҳам бигӯям, ки мо бо Толибон усулан ба як мувофиқа расидем. Сари чор мавзӯъ - мавзуи терроризм ва ин ки чӣ тавр дар манотиқе, ки Толибон ҳастанд, хатаре ба Амрико ва ҳамкоронаш дар Афғонистон набошад. Ҳамчунин, вақте ки агар бар асоси гуфтумон ва музокираи байнулафғонӣ, ки ҷузъи ҳукумати оянда мешаванд, аз сиёсатҳое таъқиб кунанд, ки мисле, ки пештар гуфтам, хатаре ба Амрико ва дӯстони Амрико сурат нагирад. Дуюм - масъалаи кам шудани қувваҳо ва билохира баромадани қувваҳо марбут ба шароит ҳаст. Сеюм - масъалаи шуруи музокираи байнулафғонӣ ва чорум масъалаи оташбаси кулливу доимист. Дар ин масоил усулан мувофиқа сурат гирифтааст. Ҳоло калонҳои ҳукумати Амрико, бо шумули раиси ҷумҳур рӯйи ин мувофиқатнома андеша хоҳанд кард. Масоили техникӣ ҳам ҳаст, ки ҳайати мо дар Давҳа рӯзмарра дар баҳс бо Толибон ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Шумо ба Кобул ташриф овардед ва асли мувофиқатномаро бо президенти Афғонистон дар миён гузоштед. Натиҷаи ин музокиротатон чӣ ҳаст?

Залмай Халилзод: Бале, чизе ки шумо гуфтед, баҷост. Баҳсҳо бо раисиҷумҳур ва раиси иҷроия бо мақомоти амниятӣ давом дорад. Ман фардо низ бо онҳо сӯҳбат дорам, ки онҳоро дар ҷараён бигзорам ва ҳанӯз зуд аст, ки натиҷаи ниҳоиро дар ин бахш бо шумо бигӯям.

Радиои Озодӣ: Замоне, ки мо ва хабаргузориҳои мухталиф хабарҳои охири музокироти шуморо нашр мекардем, Толибон ба Кундуз ва баъдан Пули Хумрӣ ҳамла карданд. Оё ин ҳодисаҳо ба ҷараёни музокирот таъсире дорад ё на?

Залмай Халилзод: Мо ҳанӯз ба мувофиқае нарасидем бо Толибон дар бораи камии ҷанг ва хатми ҷанг. Умедвории мо ин аст, ки вақте мувофиқатнома ниҳоӣ мешавад, ин ҷанг шиддаташ кам шавад, на зиёд ва билохира як қадами мусбате ба тарафи оташбаси доимиву ҳамашумул ба даст биёяд. Мо мухолифи ҳамлаҳо будем ва ҳар қадар гурӯҳҳое, ки дар ҷанг ҳастанд, ба музокира наздик мешаванд, сари мизи музокира мешинанд, кӯшишҳо дар майдони ҷанг зиёдтар мешавад, то битавонанд, аз як мавқеи қавитар бо афроди мухталиф ё рақибашон сӯҳбат кунанд. Мо тарафдори камии ҷанг ва тарафдори сулҳи зуд дар Афғонистон ҳастем. Умедвор ҳастем, ки мувофиқаи мо бо Толибон дарвозаро боз кунад ва аввал қарори мувофиқатнома шиддати ҷангро кам кунад. Дуюм дарвозаро боз мекунад, барои музокираи байни афғонҳо, ки як шонси таърихиву тиллоӣ барои хатми ҷанги 40-сола аст. Ҷавонон дар як миз бишинанд бо кӯмаки ҷомеаи байналмилалӣ дар як сулҳи давомдор, одил ва сулҳе, ки натиҷааш Афғонистони муттаҳид, Афғонистони ором ва Афғонистоне бошад, ки аз ӯ ба дунё хатар нарасад ва аз дунё ба ӯ хатар нарасад.

Радиои Озодӣ: Майк Помпео, котиби давлатии ИМА умедворӣ мекунад, ки созишномаи сулҳ қабл аз интихобот дар Афғонистон баста шавад. Ин як навъ саросемагӣ нест?

Залмай Халилзод: Инро нагуфтанд, ки қабл аз он ниҳоӣ шавад. Гуфтанд, ки мувофиқатнома байни мову Толибон, Амрикову Толибон, ҳамчунон музокира ва шуруяш байни Толибону давлати Афғонистон сурат бигирад ва ман умедворам, ки ин кор амалӣ шуда тавонад. Чун ман гуфтам, ки мавқеи мо бо онҳо ниҳоӣ шудаааст. Хуб, ки то раисиҷумҳур мувофиқат накунад, ниҳоиву комил намешавад, дуввум ин ки музокира ҳам шурӯъ шавад, дар ояндаи наздик ҳам баъд аз он мувофиқаи мову онҳо имзо шуд.

Радиои Озодӣ: Дар бораи байрақ ва номи Имороти исломӣ. Гуфта шуд, ки дар парчами Афғонистон як ранги сафед ҳам илова мешавад. Дар мувофиқатнома чизе дар ин бора ҳаст?

Залмай Халилзод: Дар бораи байрақ мо чизе нагуфтем, ҳатто матраҳ нашудааст. Дар бораи ном: Толибон мехоҳанд номашон (номи кишвар) “Имороти исломии Афғонистон” шавад. Гуфтам, ки агар онро зикр кунанд, мо дар паҳлуяш мегӯем, ки мо ин гурӯҳро бо номи Толибон мешиносем ва ба ҳайси як давлат ба расмият намешиносем. Дар айни ҳамон рӯз як эъломияи муштарак бо Афғонистон ҳам мешавад, ки дар он мо гуфтем, ки мо ҳукумати Афғонистонро ба ҳайси ҳукумати машрӯъ мешиносем. На танҳо мо, балки ҷомеаи байналмилалӣ ҳукумати Афғонистонро ба расмият мешиносад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG