Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Амрико оғоз шуд

Раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико ба таври расмӣ оғоз шуд ва аввалин шуда дар чанд деҳаи хурд дар аёлати Ню-Ҳемпшир, мардум пои сандуқҳои раъй рафтанд. Тибқи қонунҳои аёлати Ню-Ҳемпшир минтақаҳои аҳолинишине, ки шумораи раъйдиҳандагон аз 100 нафар камтар мебошанд, метавонанд аз нимаи шаб ба пои сандуқҳои бираванд.

Ҳавзаҳои раъйдиҳӣ дар бисёре аз аёлатҳои шарқии Амрико, имрӯзи 8 ноябр, соати 6 субҳ ба вақти маҳаллӣ боз шуданд ва охирин ҳавзаҳои интихоботӣ соати 20 ба вақти маҳаллии Амрико, баста хоҳанд шуд.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои аввалияи он фардо эълон шавад. Ду номзади аслӣ дар ин интихобот Ҳиллари Клинтон ва Доналд Трамп мебошанд. Барандаи ин интихобот 45-умин раиси ҷумҳури Амрико ва ҷойгузини Барак Обама хоҳад буд.

Чанд соат пеш аз поёни маъракаи интихоботӣ, охирин натиҷаҳои панҷ назарсанҷӣ эълон шуд, ки тибқи он, Ҳиллари Клинтон -- номзади ҳизби демократ, аз рақиби ҷумҳурихоҳи худ Доналд Трамп пешсаф аст. Хабаргузории Райтерз, ки яке аз ин ин назарсанҷиро анҷом додааст, менависад, ки хонум Клинтон 90 дарсад шанси пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрикоро дорад.

Тибқи назарсанҷии Ройтерз, Ҳиллари Клинтон номзади Ҳизби демократ бо 45 дарсад аз Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки дар ин назарсанҷӣ, 42 дарсад орои пурсидашудагонро ба даст овардааст, пешсаф мебошад. Ба гузориши CNN, натиҷаи панҷ назарсанҷии эълоншуда аз интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико нишон медиҳад, ки номзади Ҳизби демократ Ҳиллари Клинтон аз 3 то 5 дарсад аз рақиби худ пеш аст.

Тибқи охирин назарсанҷиҳо, Ҳиллари Клинтон бар рақиби ҷумҳурихоҳи худ пешсаф аст."

Хабаргузории Райтерз ҳамзамон менависад, ки Ҳиллари Клинтон эҳтимолан пуштибонии 303 маҷмааи интихобкунандагон ё "Electoral college" дар аёлатҳои мухталифро ба даст хоҳад овард ва дар муқобил Доналд Трамп хоҳад тавонист, ки орои 235 маҷмаи интихоботиро ба худ ихтисос бидиҳад.

Ҳар аёлати Амрико дорои шумораи мушаххаси ""Electoral college" ё Маҷмааи интихобкунандагон аст ва номзаде дар интихоботи раёсати ҷумҳур пирӯз хоҳад шуд, ки битавонад 270 "Electoral college"-ро дар саросари он кишвар ба худ ҷалб кунад.

Хабаргузории Райтерз мегӯяд, ки пирӯзии Доналд Трамп ба ҳаҷми орои ӯ дар аёлатҳои калидӣ, монанди Флорида, Пенсилвения, Каролинаи шимолӣ ва Мичиган вобаста аст. Ин гузориш мегӯяд, агар номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар ду аёлат аз се аёлати Флорида, Мичиган ва Пенсилвения шикаст бихӯрад, амалан роҳ барои пирӯзии Ҳиллари Клинтон боз хоҳад шуд.