Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо Доналд Трамп телефонӣ сӯҳбат намуда ва пирӯзии ӯ дар интихоботи президентии Амрикоро табрик гуфтааст. Ду ҷониб дар мавриди "беҳбуди робитаҳо", "буҳрони Сурия" ва "муқобила бо терроризм", гуфтугӯ кардаанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти мунтахаби Амрико Доналд Трампро ба муносибати пирӯзиаш табрик намуда ва умедворӣ кардааст, ки робитаҳои Душанбе ва Вашингтон боз ҳам таҳким хоҳанд ёфт.
Доналд Трамп раиси ҷумҳури 45-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб шуд. Назарсанҷиҳо шикасти Трампро пешгӯӣ мекарданд, вале ӯ интихоботро бурд. Номзади 70-солаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки як умр ба тиҷорат машғул буда, ҳеҷ гоҳ дар ниҳоди давлатӣ кор накардааст, акнун ба Кохи Сафед мекӯчад.
Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, пирӯзиашро дар интихоботи президентии Амрико дар ҳузури садҳо тан аз тарафдоронаш эълон кард. Ӯ гуфт, ки рақибаш Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳизби демократ дар як тамоси телефонӣ пирӯзии ӯро эътироф кардааст.
Интихоботи ИМА барои тоҷикону тоҷикистониён ҳам, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, ба як бахши муҳими зиндагии ҳамарӯзаашон табдил шуд. Дар ИМА садҳо шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Баъди як маъракаи пуршӯру баҳс субҳи 8 ноябр шаҳрвандони ИМА барои интихоби президенти нави худ пои сандуқҳои раъй мераванд.
Дар фосилаи 10 ҳазор километр аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки рӯзи 8 ноябр президенти 45-уми ин кишварро интихоб мекунад, даҳҳо ҷавони тоҷик дар гӯшаи амрикоии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам интихоботи Амрикоро пайгирӣ мекунанд.
Дар фосилаи 10 ҳазор километр аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки рӯзи 8 ноябр президенти 45-уми ин кишварро интихоб мекунад, духтари тоҷике дар вилояти Хатлон ҳам мехоҳад бидонад, ки натиҷаҳои интихобот чӣ хоҳад шуд.
Раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико ба таври расмӣ оғоз шуд ва дар чанд деҳаи хурд дар аёлати Ню-Ҳемпшир, мардум пои сандуқҳои раъй рафтанд.
Инҷо баҳси номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи 6 масъалаи умдаи сиёсати хориҷӣ оварда шудаанд.
Ёфтҳои бештар