Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҳафта то интихобот - Клинтон аз Трамп пеш гузашт


Раиси ситоди интихоботии Доналд Трамп, номзад ба мақоми президенти Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ба шабакаи телевизионии ABC гуфтааст, "эҳтимол Тарм дар интихобот пирӯз шавад". Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи гузашта худи Трамп гуфта буд, ӯ "метвонад интихоботро бой диҳад". Интихоботи президентии Амрико рӯзи 8 ноябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Бино ба назарсанҷиҳои ахир Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ, аз рақиби ҷумҳурихоҳи худ дар саросари кишвар ва дар чанд аёлат, ки сарнавишти интихоботро ҳал мекунанд, пешсаф аст. Раиси ситоди интихоботии Ҳилларӣ Клинтон гуфтааст, 8 ноябр "муҳимтарин интихобот дар таърихи Амрико" баргузор мешавад. Бинобар пешгӯии ӯ теъдоди овоздиҳандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ бештар аз ҳар вақти дигар хоҳад буд.

Назарсанҷиҳо дар аёлатҳое мисли Юта ва Аризона, ки суннатан аз ҷумҳурихоҳон пуштибонӣ мекунанд, нишон додаанд, баъди солҳои тӯлонӣ бори аввал ин аёлатҳо метавонанд ба номзади Ҳизби демократ раъй диҳанд. Аз рӯи ҷадвали маъруфият обрӯи номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп баъди он рӯ ба коҳиш овард, ки матбуот навори ӯро бо суханони ношоям дар бораи занҳо пахш кард.

Пажуҳиши ABC/News/Washington Post ҳамчунин нишон додааст, 69 дар сади пурсидашудаҳо посухи Трампро ба занҳое, ки ӯро ба дастдарозӣ муттаҳам кардаанд, маҳкум мекунанд. Номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ин занҳоро ба дуруғгӯӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки баъди интихобот онҳоро ба додгоҳ мекашад. Дар маҷмуъ 11 зан ба таври ошкоро Трампро ба дастдарозӣ ё ҳаракатҳои шаҳвонӣ муттаҳам кардаанд.

XS
SM
MD
LG