Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 28 феврал барои нахустин бор дар нишасти муштараки аъзои Маҷлиси намояндагон ва Сенати Иёлоти Муттаҳида суханронӣ кард. Доналд Трамп дар ин нишаст гуфт, "акнун фасли наве аз азамат ва бузургии Амрико оғоз шудааст". Вай дар ин суханронӣ, ки беш аз як соат идома кард, таъкид намуд, ки "ғурур ва ифтихории миллии наве саросари кишварро фаро гирифтааст. Хушбинии бештари наве, ки то ба ҳол ғайримумкин тасаввур мешудро дубора дар дастраси мо қарор додааст."
Навори видео инҷост:
Доналд Трамп зимни суханронӣ дар Конгресс гуфт, "акнун фасли наве аз азамат ва бузургии Амрико оғоз шудааст."
Раиси ҷумҳури Амрико дар ин суханронӣ гуфт, ки барномаи иҷрои тарҳи мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ, боис ба сарфаҷӯии миллиардҳо доллар хоҳад шуд. Вай афзуд, ки "мо бояд бори дигар қонунро дар марзҳоямон барқарор кунем". Доналд Трамп дар идома бар зарурати бунёди девор дар марзҳои ҷанубии он кишвар бо Мексика таъкид кард.
Маҳкум кардани нажодпарастӣ
Доналд Трамп дар оғози суханронии худ бо ишора ба ҳамла ба қабристони яҳудиён ва тирандозӣ ба ду ҳиндӣ дар як тарабхона гуфт, "шояд мо дар мавриди сиёсатҳои ҷорӣ бо якдигар ихтилоф дошта бошем, аммо кишвари мо якпорча аст ва ин амалҳои нафратбарангез ва аҳриманиро дар ҳар шакле маҳкум мекунад". Як сухангӯи Кохи Сафед рӯзи сешанбе тирандозӣ ба ду ҳиндӣ дар як майкада дар шаҳри Канзасро маҳкум карда ва гуфтааст, ба назар мерасад ин амал, ангезаи таҳрикбарангези нажодӣ аст.
Нақши НАТО
Доналд Трамп дар бахши дигаре аз суханронии худ ба ӯҳдадории Амрико дар баробари созмони НАТО таъкид кард, вале гуфт, аъзои ин паймон мебоист саҳми худро дар ин замина бипардозанд. Вай гуфт, ки "мо интизор дорем шарикони мо дар НАТО, Ховари Миёна ё дар Уқёнуси Ором нақши маънидоре аз лиҳози раҳбарӣ ва низомӣ ифо кунанд ва ҳамчунин саҳми одилонаи худро аз маблағҳо, бипардозанд. Вай дар идома гуфт, "вазифаи ман нест, ки ҷаҳонро намояндагӣ кунам. Вазифаи ман ин аст, ки Амрикоро намояндагӣ кунам."
Тарҳи нобудии ДИИШ
Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, "ҳамон тавр ки ваъда додам, бо дастури ман, вазорати дифоъ тарҳе барои нобудӣ ва аз байн бурдани гурӯҳи "Давлати исломӣ", тавсеа хоҳад дод. Ӯ дар бахши дигар аз суханронии худ бо ишора ба стратегияи мубориза бо терроризм гуфт, ки "мо наметавонем иҷоза диҳем, ки кишвари мо ба як паноҳгоҳи амн барои ифротгароён табдил шавад". Ҷаноби Трамп дар идома бо ишора ба афзоиши будҷаи низомии Амрико гуфт, "барои амн нигаҳ доштани Амрико, мо бояд абзори лозимро дар ихтиёри занон ва мардон дар артиши Амрико қарор диҳем."
Кору беҳдошт
Доналд Трамп гуфтааст, ҳифзи ҷойҳои корӣ дар кишвар ба ин маънӣ аст, ки системаи муҳоҷирати Амрико ислоҳ мешавад. Ӯ ба корҳои анҷомшуда дар замони раҳбариаш ишора карда ва гуфт, "ман ҳамчунин таҳримҳои тозаеро алайҳи ниҳодҳое, ки барномаи мушакҳои Эронро ҳимоят мекарданд, ҷорӣ кардам ва бори дигар бар иттиҳод ногустании худ бо Исроил таъкид намудам."
Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин аз Конгресс хост то тарҳи беҳдоштии маъруф ба "Obama care"-ро лағв карда ва ҷойгузини онро қабул кунанд. Ӯ изҳор дошт, ки ҳар кӯдаки амрикоӣ мебоист қодир бошад дар ҷомеае амн рушд кунад, ба беҳтарин мактаб биравад, ва дастрасӣ ба коре бо маоши баланд дошта бошад.
Доналд Трамп дар ин суханронӣ дастури оғоз кори бунёди девор дар марз бо Мексикаро як тасмими дуруст хонд. Доналд Трамп дар ин суханронӣ ба масоиле монанди тақвияти пояҳои низомӣ, таҷдиди назар дар системаи тандурустӣ ва ҳамчунин рушди иқтисоди Амрико, низ ишора кард.
Доналд Трамп, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботии худ муқобила бо муҳоҷирони ғайриқонуниро ба яке аз шиорҳои аслии худ табдил карда буд, дар суханронии рӯзи сешанбеи худ низ бори дигар ба ин нукта таъкид намуд.
Президент дар баробари Конгресс
Ба таври суннатӣ президентҳои Амрико пас аз як соли кор дар ин мақом дар нишасти муштараки Сенат ва Маҷлиси Намояндагон ба унвони "Гузориши солонаи раиси ҷумҳури аз вазъияти кишвар" гузориш медиҳанд. Аммо Доналд Трамп пас аз тақрибан шаш ҳафта аз рӯи кор омадан, дар нишасти муштараки Конгресс ширкат хоҳад кард.
Бар асоси Қонуни Асосии Амрико, раиси ҷумҳури кишвар вазифадор аст ба аъзои Конгресс дар бораи вазъияти кишвар гузориш диҳад. Президент Ҷорҷ Вашингтон дар соли 1790 барои нахустин бор дар нишасти муштараки Конгресс дар Ню-Йорк гузорише аз вазъияти кишвар ироа карда буд.