Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин, муҳоҷирони тоҷик ва паёми Русия ба Ғарб. АКСУ САДО


Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Тоҷикистон умед дорад, ки дар ҷараёни сафари расмии Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – ба Душанбе масъалаи афви муҳоҷирони «мамнӯъ-ул-вуруд» баррасӣ ва ҳал хоҳад шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, феълан 270 ҳазор муҳоҷир «мамнӯъ-ул-вуруд» буда, нисфи онҳо на барои нақзи қонунҳои ҷиноӣ, балки қонунҳои маъмурӣ аз Русия берун шудаанд.

"128 000 муҳоҷири тоҷик қонуншикании сабук кардаанд"

Коршиносон мегӯянд, аз ҳоло пешгӯӣ кардани тамоми назокатҳои диду боздидҳои Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон барвақт аст.

Сарвар Бахтӣ – сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав – рӯзи 24 феврал гуфт, "умед дорем, Русия муҳоҷиронеро, ки барои нақзи қонунгузории маъмурӣ вурудашон ба ин кишвар мамнӯъ шудааст, афв мекунад. Шумори ин шаҳрвандони моро бояд Русия муайян кунад. Мо медонем, ки тахминан 128 ҳазор шаҳрванди мо қонуншикании сабук кардаанд. Вале ҳоло намедонем, ки аз ин теъдод чӣ қадар афв хоҳанд шуд."

Сарвар Бахтӣ
Сарвар Бахтӣ

Моҳи январи имсол мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Русия бо Вазорати умури дохилии ин кишвар мавзӯи афви муҳоҷирони тоҷикро дар миён гузоштанд. Он вақт ҷониби Русия гуфта буд, эҳтимоли афви аз 14 то 70 ҳазор муҳоҷири «мамнӯъ-ул-вуруд»-и тоҷикро баррасӣ дорад.

"Душанбе ҳанӯз Иттиҳоди АвруОсиёро баррасӣ дорад"

Владимир Путинро дар Тоҷикистон рӯзҳои 27 ва 28 феврал пазироӣ мекунанд ва аз қабл мақомоти Кремлин гуфтанд, ки дар барномаи сафари ӯ ба Тоҷикистон имзои 7 санад ва дидору гуфтугӯҳои баландпоя дар назар аст. Аз ҷумла, имзои созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ дар бахши меҳнат, истифодаи нирӯи атомӣ ва хадамоти почта, барномаи ҳамкориҳои миёни вазоратҳои хориҷии ду кишвар ва ёддошти тафоҳум дар заминаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва варзишӣ.

Дар робита ба матраҳ шудани узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ овозаҳо ба гӯш мерасад. Вале сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов рӯзи 24 феврал гуфтааст, ки Душанбе баррасии ин мавзӯъро ҳанӯз идома медиҳад.

Аз пойгоҳи 201 то "Сангтӯда"

Русия худро шарики муҳими сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Азимтарин пойгоҳи низомии хориҷии он бо 7 ҳазор сарбозаш дар Қӯрғонтеппа ва тамрингоҳи Лоҳур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгиранд. Ҳаҷми сармоягузориҳои ин кишвар дар иқтисоди Тоҷикистон 1,7 миллиард доллар аст. Азимтарин таррҳо - нерӯгоҳи «Сангтӯда 1», ширкатҳои мобилии "Мегафон" ва "Таком" (Билайн) мебошанд. Дар зимн, Русия аз андозбандии хеле сангини ширкатҳояш дар Тоҷикистон нороҳатӣ баён кардааст. Шояд ин масъала ҳам дар дидору Путину Раҳмон матраҳ шавад.

Коршиносон мегӯянд, аз ҳоло пешгӯӣ кардани тамоми назокатҳои диду боздидҳои Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон барвақт аст, чун ду раҳбар қарор аст пушти дарҳои баста музокирот кунанд. Вале бархе таҳлилгарони бетараф ҳадс мезананд, ки сафари Путин ба Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон бештар хусусияти рамзӣ ва сиёсӣ дорад.

"Ҳанӯз ки Трамп чизе нагуфтааст...."

Иля Кравченко, коршиноси Шӯрои умури байналмилалии Русия ба расонаҳо гуфтааст, сафари Путин паёмест ба Ғарб ва Чин, ки Осиёи Марказӣ минтақаи таҳти нуфузи ин кишвар аст. Ин таҳлилгар гуфтааст, "дар шароите ки маъмурияти президенти нави Амрико Доналд Трамп ҳанӯз мавқеашро дар робита бо Осиёи Марказӣ рӯшан накардааст, Путин мехоҳад, пешдастӣ карда ба Ғарбу Чин паём диҳад, ки ин минтақа таҳти манфиатҳои Русия қарор дорад ва ҳамонгуна, ки Амрикои Лотинӣ барои ИМА муҳим аст, барои Русия Осиёи Марказӣ ҳам аҳамият дорад."

Сафари нахустини расмии Путин ба Осиёи Марказӣ дар асл танҳо се кишвар – Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар бар хоҳад гирифт. Баъди боздид аз Душанбе, раҳбари Русия ба Бишкек ва барои мулоқот бо президент Алмосбек Отамбоев парвоз хоҳад кард. Дар ин кишвар, ки моҳи ноябри имсол бояд интихоботи президентӣ баргузор кунад, ҳамчунин ба омадани шарики муҳими стратегиашон интизоранд.

Қирғизистон мегӯяд, узвияташ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чандон натиҷаи мусбат надодааст ва ин мавзӯъ ҳам метавонад дар меҳвари баррасиҳои дуҷониба қарор гирад.

Путин, муҳоҷирони тоҷик ва паёми Русия ба Ғарб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

XS
SM
MD
LG