Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макмастер мушовири амнияти миллии Кохи Сафед шуд. ВИДЕО


Доналд Трамп бо Ҳерберт Макмастер
Доналд Трамп бо Ҳерберт Макмастер

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико як генерали ошкоргӯро мушовири амнияти миллии Кохи Сафед интихоб кард ва бори дигар нақши марказиро дар сиёсати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба низомиён дод. Ӯ рӯзи душанбе гуфт, ки генерал Ҳерберт Макмастерро мушовири амнияти миллӣ интихоб кард. Ин афсари ошкоргӯ ҷойи Майкл Флин, генерали содиқ ба Трампро гирифт, ки ҳафтае пеш барои тамос бо Русия аз кор ронда шуд.

Макмастер мушовири амнияти миллии Кохи Сафед шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:26 0:00

"Ин як марди фавқулода боистеъдод ва соҳибтаҷриба аст. Ман ду рӯзи гузашта бисёр тамошо кардам ва хондам. Ӯро дар артиш ҳама эҳтиром мекунанд ва мо бисёр ифтихор мекунем, ки ӯ бо мост", - гуфт Трамп.

Ҳерберт Макмастер
Ҳерберт Макмастер

Баъди барканории Майкл Флинн аввалин интихоби раиси ҷумҳур адмирал Роберт Ҳарвард буд, вале ӯ бо зикри сабабҳои хонаводагӣ ва молӣ пешниҳодро рад кард. Ҳерберт Макмастери 54-сола доктори улуми таърих аст ва маҷаллаи Таймс ӯро барои мухолифатҳояш бо ҳукумат дар феҳрасти 100 шахсияти бонуфуз ҷой додааст. Аз ин рӯ, интихоби генерал нозиронро ба ҳайрат овардааст, ки чӣ гуна афсари якрав бо Кохи Сафед, ки садоқатро муҳим мешуморад, кор мекунад.

Худи Макмастер мегӯяд, "барои ман идомаи хидмат ба миллат шараф аст. Барои ин имконе, ки ба ман додед, сипосгузорам. Интизори пайвастан ба гурӯҳи амнияти миллӣ ҳастам ва ҳама корро барои пешрафт ва ҳифзи манофеи мардуми Амрико мекунам."

Доналд Трамп, инчунин, Кейт Келлогро раиси дастгоҳи Шӯрои амнияти миллӣ таъйин кард. Ин генерали бознишаста мушовири муваққатии амнияти миллии Кохи Сафед буд.

XS
SM
MD
LG