Рӯзи сеюми мурофиаи Зайд Саидов рӯзи 16 сентябр дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) қариб 7 соат тӯл кашид.
15. 50: Вакилони дифоъи Зайд Саидов бо анҷоми рӯзи навбатии мурофиа гуфтанд, дар ин мурофиа ба фарқ аз ду рӯзи аввал пайвандони ӯ роҳ ёфтаанд.
Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи соҳибкори маъруф ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон гуфт, имрӯз Хайрулло, писари калонии Зайд Саидов ҳамроҳ бо амакаш Файзиддин Шеров, бародарбузурги Зайд Саидов имкон ёфтанд то ба мурофиа роҳ ёбанд. Аммо пас аз анҷоми мурофиа дар бораи ширкаташон изҳори назаре накарданд, зеро мегӯянд, дар мавриди ифшо накардани сирри мурофиа забонхат додаанд.
Шӯҳрат Қудратов ҳамчунин гуфт, ки ба ғайр аз наздикони Зайд Саидов инчунин падари Далер Бобоев - мушовири собиқи раиси корхонаи тилои “Зарафшон”-и Панҷакент, ки бино ба иддаои соҳибкори қазоқ Сериқбол Окушев, байни ӯву Саидов миёнаравӣ, кардааст иштирок доштанд.
Ҳамакнун ба гуфтаи вакилони Зайд Саидов, наздикони ӯ метавонанд то охири мурофиа ширкат кунанд. Ин додгоҳ пӯшида мегузарад, зеро ба парвандаҳои Зайд Саидов мӯҳри махфӣ дода шудааст.
Шӯҳрат Қудратов гуфт, муваккили онҳо дар рӯзи сеюми додгоҳ ба пурсишҳои додрас дар бораи 8 иттиҳоми алайҳи ӯ эълоншуда посух гуфт. Ба гуфтаи ӯ, Зайд Саидов ҳама иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо рад карда ва худро дар ягон модда гунаҳкор намедонад. Зайд Саидов ҳамзамон нишондодҳои худро ҳамчун судшаванда ба додгоҳ пешниҳод кардааст.
Ба таъкиди ин вакили мудофеъ, онҳо низ дар ҷараёни мурофиа далелҳоеро пешниҳод кардаанд, ки айбдоркунадагони давлатӣ ба ҳайрат афтодаанд, ҳамзамон чун вакилон далелҳои қотеъ дар даст доштаанд. Ин вакили дифоъ аз натиҷаҳои ташхиси ДНК дар маврид иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ изҳори ноқаноатмандӣ карда ва гуфт, ки аз додгоҳ дархост карданд, ки ташхиси ДНК аз сари нав анҷом шавад. Ҷ
аноби Қудратов афзуд, дар мурофиаи имрӯза, ҳатто намояндаи духтари ноболиғе, ки Зайд Саидов, дар таҷовуз ба номуси вай муттаҳам дониста мешавад, ширкат накардааст. Чун дар мурофиаҳои гузашта танҳо намояндаи ин духтараки ноболиғ будааст, вале аз худи духтар, ба гуфтаи вакили Саидов, то ба ҳол хабаре нест. Ҳамчунин ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов ба унвони шоҳид аз парвандаи "чандзанӣ" берун карда шудааст. Ҳол он ки дар аввал ҳамчун шоҳид дар ин парванда дониста мешуд.
Исҳоқ Табаров, яке дигар аз 3 вакили мудофеъи Зайд Саидов гуфт , зерҳимояашон ҳамчунин дархост кард, то ба мурофиа соҳибкори қазоқ Сериқбол Окушев даъват шавад. «Суд ҳам дар навбати худ гуфт, ки манфиатдор аст иштироки онҳоро ҳангоми бозпурсӣ таъмин кунанд. Дар оянда оид ба баъзе ҳолатҳои ҷиноят боз ҳуҷҷатҳои иловагӣ ба бегуноҳии Зайд Саидов пешниҳод мекунем».
Окушев иддао дорад, ки Зайд Саидов барои муҷаввизи истихроҷи маъдан аз кони тилои Чоре, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, аз ӯ дар ду навбат 1,5 миллион доллар пора гирифтааст. Далер Бобоев, мушовири собиқи раиси корхонаи тилои “Зарафшон”-и Панҷакент, ки бино ба иддаои Окушев, байни ӯву Саидов миёнаравӣ, мекард, низ боздошт шуда ва ҳамроҳи вазири собиқи саноат ба додгоҳ эҳзор шудааст. Аммо Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи Зайд Саидов мегӯяд: «Бо наздикони Далер Бобоев сӯҳбат накардем ва намедонем, ки ҳоло Далер Бобоев то куҷо гунаҳкор ҳаст ё не? Зеро айбномае ки нисбати Далер Бобоев эълон шудааст, ба Зайд Саидов дахл надорад.»
Ба ин тартиб, дар севвумин рӯзи мурофиа додгоҳии Зайд Саидов, ки пушти дарҳои баста сурат гирифт, ду тан аз пайвандонаш тавонистанд ҳаққи ширкат дар баррасии парвандаро пайдо кунанд. Қарор аст, мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, рӯзи 17 сентябр соати 9.00 дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМТ) идома ёбад. Шуҳрат Қудратов гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ ҳанӯз рушан нест, ки кай анҷом мешавад: «Зеро дар парванда аз 5 то 6 нафар ҷабрдида ҳаст, ки мо танҳо имрӯз як ҷабрдидаро пурсидем. Ба ғайр аз ин боз шоҳидон ҳастанд, ки 20 -25 нафаранд. Ҳамаи онҳоро пурсидан даркор аст».
Аз сӯи дигар ба гуфтаи ҷаноби Қудратов, дар мурофиаи имрӯза, ҳатто намояндаи духтари ноболиғе, ки Зайд Саидов, дар таҷовуз ба номуси вай муттаҳам дониста мешавад, ширкат накардааст. Чун дар мурофиаҳои гузашта танҳо намояндаи ин духтараки ноболиғ будааст, вале аз худи духтар, ба гуфтаи вакили Саидов, то ба ҳол хабаре нест.
Ин вакили дифоъ аз натиҷаҳои ташхиси ДНК дар маврид иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ изҳори ноқаноатмандӣ карда ва гуфт, ки аз додгоҳ дархост карданд, ки ташхиси ДНК аз сари нав анҷом шавад.
Қарор аст, мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, рӯзи 17 сентябр соати 9.00 дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМТ) идома ёбад.
09.45: Субҳи имрӯз ду тан аз пайвандони Зайд Саидов ба мурофиаи додгоҳии ин соҳибкори муваффақи тоҷик роҳ ёфтанд. Яке аз пайвандони Зайд Саидов бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар воқеъ Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов ва Файзиддин Шеров, бародари бузурги ҷаноби Саидов бо иҷозаи додрас вориди толори мурофиа шудаанд&"
Ба ин тартиб, дар севвумин рӯзи мурофиа додгоҳии Зайд Саидов, ки пушти дарҳои баста сурат мегирад, ду тан аз пайвандонаш тавонистанд ҳаққи ширкат дар баррасии парвандаро пайдо кунанд.
Соат 9.05: Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи Зайд Саидов, вазири пешини саноат ва соҳибкори муваффақ субҳи имрӯз гуфта буд, ки вориди боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шудааст ва ин лаҳзаҳо мурофиа оғоз хоҳад шуд. Ба гуфтаи вакили мудофеъ қарор аст, имрӯз мавзӯи порагирии зерҳимояаашон аз соҳибкори қазоқ Сериқбол Окушев мавриди пурсиши додрас қарор гирад.
Дар нахустин рӯзи мурофиа, ки ба таърихи панҷшанбеи 12-уми сентябр шурӯъ шуда буд, вакилони Зайд Саидов, аз додрас Шавкат Абдулхайров, дархост карда буданд, ки ба пайвандони зерҳимояаашон иҷозаи ширкат дар мурофаиро бидиҳад. Додрас бо такя ба "махфӣ" будани парванда ваъда дода буд, ки дар мурофиаҳо баъдӣ ду тан аз пайвандонаш метавонанд ширкат кунанд.
Аммо дар дуввумин рӯзи муҳокима, ки ҷумъаи 13-уми сентябр сурат гирифт, ба далели дастрас нашудани номаи вакилон ба додгоҳ пайвандони Зайд Саидов ҳаққи ширкатро пайдо накарданд. Вакилони дифоъ ибрози умедворӣ карданд, ки номаи онҳо ба зудӣ ба дасти додрас хоҳад расид ва ду тан аз пайвандони мувакилашон имрӯз, душганбеи 16-уми сентябр метавонанд дар мурофиа иштирок кунанд.
Вакили Зайд Саидов: Ду рӯзи аввали додгоҳ ба нафъи мо буд
Исҳоқ Табаров, яке аз 3 вакили мудофеъи Зайд Саидов шоми 15-уми сентябр ба Озодӣ гуфта буд, додгоҳ рӯзи душанбе пурсиши муваккили онҳо дар робита ба мавриди порагирӣ аз соҳибкори қазоқ Сериқбол Окушевро идома хоҳад дод.
Окушев иддао дорад, ки Зайд Саидов барои муҷаввизи истихроҷи маъдан аз кони тилои Чоре, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, аз ӯ дар ду навбат 1,5 миллион доллар пора гирифтааст. Далер Бобоев, мушовири собиқи раиси корхонаи тилои “Зарафшон”-и Панҷакент, ки бино ба иддаои Окушев, байни ӯву Саидов миёнаравӣ, мекард, низ боздошт шуда ва ҳамроҳи вазири собиқи саноат ба додгоҳ эҳзор шудааст.
Исҳоқ Табаров, ба сурати умум, аз ҷараёни ду рӯзи аввали мурофиа изҳори қаноат кард ва гуфт, вакилони Саидов ва худи ӯ тавонистанд беасос будани далелҳои овардаи ҷониби тафтишотро дар додгоҳ собит кунанд: “Умед дорем, чунки ҳолатҳое, ки баррасӣ шуд, ба ҳар ҳол, ба нафъи мо буд.Акнун ҷузъиёташро мо гуфта наметавонем, вале хулас, бад нагузашт ду рӯзи аввали мурофиа.Мо умед дорем, чунки то ин дараҷа, ки сафедро сиёҳ бигӯянд, аз имкон берун аст.”
Ду рӯзи аввал: Шиносоӣ, ташхиси ДНК ва қазияи Окушев...
Ин мурофиа таҳти раёсати додраси Додгоҳи олӣ Шавкат Абулхайров ва пушти дарҳои баста рӯзи 12 сентябр дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе оғоз ёфт. Зайд Саидов, ки рӯзи 19 май боздошт шуд, аз 25 май ба ин сӯ дар ҳамин боздоштгоҳ ба сар мебарад.
Тайи ду рӯзи аввали мурофиа, ки рӯзҳои 12-13 сентябр таҳти тадобири шадиди амниятӣ ва ҳатто бо муваққатан бастани роҳи мошингарди назди боздоштгоҳи кумитаи амният доир шуд, ба додгоҳ Зайд Саидов ва Далер Бобоев эҳзор шуданд. Пайвандони Саидовро дар ду рӯзи аввал ба муҳокима роҳ надоданд, вале қозии парванда Шавкат Абулхайров ба вакилони мудофеъи ӯ ваъда додааст, ки аз рӯзи душанбе ба тан аз пайвандони соҳибкори боздоштшуда, ғолибан ба писари калонии ӯ Хайруллоҳ Саидов ва бародараш Файзиддин Шеров, иҷозаи ширкат дар мурофиаро хоҳад дод. Исҳоқ Табаров изҳори умед кард, ки қозӣ ба ин ваъдааш амал карда, пайвандони Саидовро рӯзи душанбе ба додгоҳ роҳ медиҳад: "Мо аз номи онҳо ба Додгоҳи олӣ дархост ирсол кардем ва бояд посухи мусбат бидиҳанд. Фардо маълум мешавад ин."
Хабарнигоронро низ ба ин мурофиаи пурсарусадо роҳ надоданд ва расонаҳо ду рӯзи аввали додгоҳро асосан аз қавли Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов, ки ҳар рӯз ба таври мухтасар аз чигуна ҷараён гирифтани мурофиа ба хабарнигорон гузориш медод, инъикос мекарданд.
Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, рӯзи аввали мурофиа, ки то зӯҳр идома кард, асосан ба муаррифии тарафҳо ва эълони айбнома ба Зайд Саидов ва Далер Бобоев бахшида шуда, ба ҷуз аз ду айбдоршавандаву вакилони онҳо, ҷониби айбдоркунанда ва ҳайъати қозиён дар рӯзи аввали додгоҳ 4 тан аз онҳое, ки дар ин парвандаҳо ҳамчун “ҷабрдида” эътироф мешаванд, низ ширкат доштаанд. Вакилони мудофеъ ҳамчунин аз қозӣ бардоштани мӯҳри махфӣ аз ин парвандаҳо ва ба сурати боз барпо кардани мурофиаро тақозо кардаанд, ки аз сӯи Шавкат Абулхайров радд шудааст.
Ҳамчунин дар рӯзи аввал натиҷаҳои ташхиси ДНК-и Зайд Саидов дар чорчӯби парвандаҳое, ки тибқи он, соҳибкори маъруф ба таҷовуз ба номус, алоқаи ҷинсӣ бо духтари ноболиғ ва маҷбур кардани ӯ ба исқоти ҳамл муаррифӣ шудааст.Мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, ки ин ташхисро дар яке аз клиникаҳои Маскав анҷом додаанд ва гӯё натиҷаҳояш ба эҳтимолияти падарии Саидов бар фарзанди ин зани даъвогар таъкид мекунад. Аммо Исҳоқ Табаров шоми 15 сентябр бори дигар ба Озодӣ гуфт, ки ин ташхис пинҳонӣ ва бидуни огоҳиии Саидов ва вакилони ӯ анҷом шуда, бар хилофи муқарраророти Кодекси протсесуалӣ ва ғайриқонунист. Оқои Табаров гуфт, онҳо натиҷаҳои ин ташхиси, ба ақидаи онҳо, машкукро эътироф намекунанд ва аз додгоҳ аз нав доир кардани чунин ташхисро дархост хоҳад кард.
Рӯзи дувуми мурофиа, ба гуфтаи оқои Қудратов, бо пурсиши айбдоршавандаи асосӣ, яъне Зайд Саидов, оғоз шуд: «Зайд Шерович кулли айбномаҳоеро, ки тафтишот нисбати вай эълон кардааст, бори дигар рад карда, нишондодҳои худро доир ба айбҳои эълоншуда баён дошт. Рӯзи душанбе низ мурофиа аз пурсиши Зайд Саидов нисбат ба айбҳои ба ӯ эълоншуда оғоз хоҳад ёфт.»
Исҳоқ Табаров мегӯяд, Саидов ва Бобоевро рӯзи ҷумъа асосан дар мавриди қазияи Окушев пурсидаанд ва Саидов бо далелҳои, ба гуфтаи вакилаш, қотеъ ин иттиҳомро радд кардааст. Аммо оқои Табаров ба далели мӯҳри махфии парвандаҳои Зайд Саидов аз ироаи ҷузъиёти бештари ин суолуҷавобҳои додгоҳӣ худдорӣ кард.
Гуфта мешавад, асноди марбут ба кони тилои Чореро дастикам 8 вазири собиқу фаъоли ҳукумати Тоҷикистон - Гул Шералӣ, вазири саноат, Ғулом Бобозода, вазири вақти иқтисод, Бахтиёр Худоёров, вазири пешини адлия, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, Абдураҳмон Қодирӣ, вазири собиқи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, Давлатшоҳ Гулмаҳмадов, сарвари Агентии заминсозӣ, Мурод Ҷумъаев, сарвари Саридораи бехатарии кор дар соҳаи саноат, Азим Иброҳим, сарвари Саридораи геология - имзо кардаанд, ки шояд ба додгоҳ даъват шаванд ва як далели пушти дарҳои баста доир кардани мурофиа Зайд Саидов вуҷуди номи чунин мансабдорони баландпоя дар ин парвандаҳост.
"Ин танҳо қисмати аввали парвандаи ӯст"
Алайҳи Зайд Саидов дар маҷмӯъ бар асоси 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд.
Милопар Бандишоев, муовини раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи олӣ танҳо ба муҳокимаи парвандаҳое шурӯъ мекунад, ки тафтишаш алакай анҷом ёфтааст. Бандишоев гуфт, "он чӣ ба додситонӣ ирсол шудааст, қисмати аввали парвандаҳои ӯст ва Ожонси зиддифасод, дар айни ҳол, таҳқиқи мавридҳову парвандаҳои дигари марбут ба Зайд Саидов, аз ҷумла қазияҳои марбут ба фаъолиятҳои тиҷории ӯву наздиконашро идома хоҳад дод." Ӯ афзуд, фаъолиятҳои ширкатҳои Зайд Саидов то ба ҳол пурра тафтиш нашудаанд ва ҷиноятҳои молиявии ӯ аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - тасарруфи амволи ғайр (моддаи 245) ва пинҳон намудани андоз (моддаи 292) -мавриди санҷиш қарор доранд.
Кумитаи андоз дар моҳи июл эълон кард, ки танҳо “Тоҷсохтмон байналмилал” аз соли 2009 ба ин сӯ ба маблағи 15,8 миллион сомонӣ, ё беш аз 3,2 миллион доллар, андоз насупурдааст. Ба дунбол Ожонси зиддифасод ин ширкату шариконашро ба изофанависӣ ба маблағи 38 миллион сомонӣ, ё қариб 8 миллион доллар дар ҷараёни сохтани “Душанбе-Плаза” айбдор кард. Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасод гуфт, Зайд Саидов дар солҳои вазириаш 15 иншоотро ба маблағи умумии 72 миллион сомонӣ, ё 15 миллион доллар, хусусӣ гардондааст.
Ожонси зиддифасод ҳамин тавр, ба ғайри аз қазияи Окушев Зайд Саидовро ба гирифтани корхонаи “Тоҷикатлас” аз Низомхон Ҷӯраев ба ҳайси ришва ва 1 миллион доллари дигар аз як шаҳрванди Украина айбдор мекунад.
Худи Зайд Саидов аз аввал тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, чандин бор гуфтааст, ки таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сирф сиёсӣ дорад ва вақте оғоз ёфт, ки ӯ аз азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод.
Таърихчаи қазияи вазири собиқ
Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ сипас аз соли 2001 то оғози соли 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва ба яке аз соҳибкорони пешгом дар риштаи сохтмони манзилҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон табдил ёфт.
Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз таъсиси як гурӯҳи ташаббускор барои сохтани ҳизби нав хабар дод. Аммо моҳе баъд мақомот аз шурӯъи чандин парванда алайҳи ин соҳибкор хабар доданд ва ӯ рӯзи 19 май дар фурудгоҳи Душанбе, ба муҷарради бозгашташ аз сафари Фаронса дастгир шуд.
Ба бовари роиҷ дар маҳофили Тоҷикистон, дар қазияи Зайд Саидов масоили сиёсӣ чунон печутоб хӯрдаанд, ки кушодани ин “кӯргиреҳ”, яъне судури ҳукми зиндон ё раҳоияш дигар на ба қонуну қонуният, ё ҳунару тавони вакилони ӯ, ё иродаи қозии парвандааш бастагӣ дорад, балки бармегардад ба марказҳои қабули қарор дар раддаҳои аввали раҳбарияти сиёсии кишвар. Дар ҳар сурат, мегӯянд дар маҳофил, барои Зайд Саидов ин баҳои андак нахоҳад буд ва ӯ дар беҳтарин сурат, дар ивази бо ду дасти адаб супурдани тиҷоратҳои “равғанӣ”-аш шояд раҳо шавад. Дар бадтарин сурат, ба бовари нозиров, Саидов ҳамаро хоҳад бохт: ҳам бизнес ва ҳам озодиашро.
Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи соҳибкори маъруф ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон гуфт, имрӯз Хайрулло, писари калонии Зайд Саидов ҳамроҳ бо амакаш Файзиддин Шеров, бародарбузурги Зайд Саидов имкон ёфтанд то ба мурофиа роҳ ёбанд. Аммо пас аз анҷоми мурофиа дар бораи ширкаташон изҳори назаре накарданд, зеро мегӯянд, дар мавриди ифшо накардани сирри мурофиа забонхат додаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шӯҳрат Қудратов ҳамчунин гуфт, ки ба ғайр аз наздикони Зайд Саидов инчунин падари Далер Бобоев - мушовири собиқи раиси корхонаи тилои “Зарафшон”-и Панҷакент, ки бино ба иддаои соҳибкори қазоқ Сериқбол Окушев, байни ӯву Саидов миёнаравӣ, кардааст иштирок доштанд.
Ҳамакнун ба гуфтаи вакилони Зайд Саидов, наздикони ӯ метавонанд то охири мурофиа ширкат кунанд. Ин додгоҳ пӯшида мегузарад, зеро ба парвандаҳои Зайд Саидов мӯҳри махфӣ дода шудааст.
Шӯҳрат Қудратов гуфт, муваккили онҳо дар рӯзи сеюми додгоҳ ба пурсишҳои додрас дар бораи 8 иттиҳоми алайҳи ӯ эълоншуда посух гуфт. Ба гуфтаи ӯ, Зайд Саидов ҳама иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо рад карда ва худро дар ягон модда гунаҳкор намедонад. Зайд Саидов ҳамзамон нишондодҳои худро ҳамчун судшаванда ба додгоҳ пешниҳод кардааст.
Ба таъкиди ин вакили мудофеъ, онҳо низ дар ҷараёни мурофиа далелҳоеро пешниҳод кардаанд, ки айбдоркунадагони давлатӣ ба ҳайрат афтодаанд, ҳамзамон чун вакилон далелҳои қотеъ дар даст доштаанд. Ин вакили дифоъ аз натиҷаҳои ташхиси ДНК дар маврид иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ изҳори ноқаноатмандӣ карда ва гуфт, ки аз додгоҳ дархост карданд, ки ташхиси ДНК аз сари нав анҷом шавад. Ҷ
аноби Қудратов афзуд, дар мурофиаи имрӯза, ҳатто намояндаи духтари ноболиғе, ки Зайд Саидов, дар таҷовуз ба номуси вай муттаҳам дониста мешавад, ширкат накардааст. Чун дар мурофиаҳои гузашта танҳо намояндаи ин духтараки ноболиғ будааст, вале аз худи духтар, ба гуфтаи вакили Саидов, то ба ҳол хабаре нест. Ҳамчунин ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов ба унвони шоҳид аз парвандаи "чандзанӣ" берун карда шудааст. Ҳол он ки дар аввал ҳамчун шоҳид дар ин парванда дониста мешуд.
Исҳоқ Табаров, яке дигар аз 3 вакили мудофеъи Зайд Саидов гуфт , зерҳимояашон ҳамчунин дархост кард, то ба мурофиа соҳибкори қазоқ Сериқбол Окушев даъват шавад. «Суд ҳам дар навбати худ гуфт, ки манфиатдор аст иштироки онҳоро ҳангоми бозпурсӣ таъмин кунанд. Дар оянда оид ба баъзе ҳолатҳои ҷиноят боз ҳуҷҷатҳои иловагӣ ба бегуноҳии Зайд Саидов пешниҳод мекунем».
Окушев иддао дорад, ки Зайд Саидов барои муҷаввизи истихроҷи маъдан аз кони тилои Чоре, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, аз ӯ дар ду навбат 1,5 миллион доллар пора гирифтааст. Далер Бобоев, мушовири собиқи раиси корхонаи тилои “Зарафшон”-и Панҷакент, ки бино ба иддаои Окушев, байни ӯву Саидов миёнаравӣ, мекард, низ боздошт шуда ва ҳамроҳи вазири собиқи саноат ба додгоҳ эҳзор шудааст. Аммо Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи Зайд Саидов мегӯяд: «Бо наздикони Далер Бобоев сӯҳбат накардем ва намедонем, ки ҳоло Далер Бобоев то куҷо гунаҳкор ҳаст ё не? Зеро айбномае ки нисбати Далер Бобоев эълон шудааст, ба Зайд Саидов дахл надорад.»
Ба ин тартиб, дар севвумин рӯзи мурофиа додгоҳии Зайд Саидов, ки пушти дарҳои баста сурат гирифт, ду тан аз пайвандонаш тавонистанд ҳаққи ширкат дар баррасии парвандаро пайдо кунанд. Қарор аст, мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, рӯзи 17 сентябр соати 9.00 дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМТ) идома ёбад. Шуҳрат Қудратов гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ ҳанӯз рушан нест, ки кай анҷом мешавад: «Зеро дар парванда аз 5 то 6 нафар ҷабрдида ҳаст, ки мо танҳо имрӯз як ҷабрдидаро пурсидем. Ба ғайр аз ин боз шоҳидон ҳастанд, ки 20 -25 нафаранд. Ҳамаи онҳоро пурсидан даркор аст».
Аз сӯи дигар ба гуфтаи ҷаноби Қудратов, дар мурофиаи имрӯза, ҳатто намояндаи духтари ноболиғе, ки Зайд Саидов, дар таҷовуз ба номуси вай муттаҳам дониста мешавад, ширкат накардааст. Чун дар мурофиаҳои гузашта танҳо намояндаи ин духтараки ноболиғ будааст, вале аз худи духтар, ба гуфтаи вакили Саидов, то ба ҳол хабаре нест.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин вакили дифоъ аз натиҷаҳои ташхиси ДНК дар маврид иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ изҳори ноқаноатмандӣ карда ва гуфт, ки аз додгоҳ дархост карданд, ки ташхиси ДНК аз сари нав анҷом шавад.
Қарор аст, мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, рӯзи 17 сентябр соати 9.00 дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМТ) идома ёбад.
Ба ин тартиб, дар севвумин рӯзи мурофиа додгоҳии Зайд Саидов, ки пушти дарҳои баста сурат мегирад, ду тан аз пайвандонаш тавонистанд ҳаққи ширкат дар баррасии парвандаро пайдо кунанд.
Соат 9.05: Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи Зайд Саидов, вазири пешини саноат ва соҳибкори муваффақ субҳи имрӯз гуфта буд, ки вориди боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шудааст ва ин лаҳзаҳо мурофиа оғоз хоҳад шуд. Ба гуфтаи вакили мудофеъ қарор аст, имрӯз мавзӯи порагирии зерҳимояаашон аз соҳибкори қазоқ Сериқбол Окушев мавриди пурсиши додрас қарор гирад.
Дар нахустин рӯзи мурофиа, ки ба таърихи панҷшанбеи 12-уми сентябр шурӯъ шуда буд, вакилони Зайд Саидов, аз додрас Шавкат Абдулхайров, дархост карда буданд, ки ба пайвандони зерҳимояаашон иҷозаи ширкат дар мурофаиро бидиҳад. Додрас бо такя ба "махфӣ" будани парванда ваъда дода буд, ки дар мурофиаҳо баъдӣ ду тан аз пайвандонаш метавонанд ширкат кунанд.
Аммо дар дуввумин рӯзи муҳокима, ки ҷумъаи 13-уми сентябр сурат гирифт, ба далели дастрас нашудани номаи вакилон ба додгоҳ пайвандони Зайд Саидов ҳаққи ширкатро пайдо накарданд. Вакилони дифоъ ибрози умедворӣ карданд, ки номаи онҳо ба зудӣ ба дасти додрас хоҳад расид ва ду тан аз пайвандони мувакилашон имрӯз, душганбеи 16-уми сентябр метавонанд дар мурофиа иштирок кунанд.
Вакили Зайд Саидов: Ду рӯзи аввали додгоҳ ба нафъи мо буд
Окушев иддао дорад, ки Зайд Саидов барои муҷаввизи истихроҷи маъдан аз кони тилои Чоре, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, аз ӯ дар ду навбат 1,5 миллион доллар пора гирифтааст. Далер Бобоев, мушовири собиқи раиси корхонаи тилои “Зарафшон”-и Панҷакент, ки бино ба иддаои Окушев, байни ӯву Саидов миёнаравӣ, мекард, низ боздошт шуда ва ҳамроҳи вазири собиқи саноат ба додгоҳ эҳзор шудааст.
Исҳоқ Табаров, ба сурати умум, аз ҷараёни ду рӯзи аввали мурофиа изҳори қаноат кард ва гуфт, вакилони Саидов ва худи ӯ тавонистанд беасос будани далелҳои овардаи ҷониби тафтишотро дар додгоҳ собит кунанд: “Умед дорем, чунки ҳолатҳое, ки баррасӣ шуд, ба ҳар ҳол, ба нафъи мо буд.Акнун ҷузъиёташро мо гуфта наметавонем, вале хулас, бад нагузашт ду рӯзи аввали мурофиа.Мо умед дорем, чунки то ин дараҷа, ки сафедро сиёҳ бигӯянд, аз имкон берун аст.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ду рӯзи аввал: Шиносоӣ, ташхиси ДНК ва қазияи Окушев...
Ин мурофиа таҳти раёсати додраси Додгоҳи олӣ Шавкат Абулхайров ва пушти дарҳои баста рӯзи 12 сентябр дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе оғоз ёфт. Зайд Саидов, ки рӯзи 19 май боздошт шуд, аз 25 май ба ин сӯ дар ҳамин боздоштгоҳ ба сар мебарад.
Тайи ду рӯзи аввали мурофиа, ки рӯзҳои 12-13 сентябр таҳти тадобири шадиди амниятӣ ва ҳатто бо муваққатан бастани роҳи мошингарди назди боздоштгоҳи кумитаи амният доир шуд, ба додгоҳ Зайд Саидов ва Далер Бобоев эҳзор шуданд. Пайвандони Саидовро дар ду рӯзи аввал ба муҳокима роҳ надоданд, вале қозии парванда Шавкат Абулхайров ба вакилони мудофеъи ӯ ваъда додааст, ки аз рӯзи душанбе ба тан аз пайвандони соҳибкори боздоштшуда, ғолибан ба писари калонии ӯ Хайруллоҳ Саидов ва бародараш Файзиддин Шеров, иҷозаи ширкат дар мурофиаро хоҳад дод. Исҳоқ Табаров изҳори умед кард, ки қозӣ ба ин ваъдааш амал карда, пайвандони Саидовро рӯзи душанбе ба додгоҳ роҳ медиҳад: "Мо аз номи онҳо ба Додгоҳи олӣ дархост ирсол кардем ва бояд посухи мусбат бидиҳанд. Фардо маълум мешавад ин."
Хабарнигоронро низ ба ин мурофиаи пурсарусадо роҳ надоданд ва расонаҳо ду рӯзи аввали додгоҳро асосан аз қавли Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов, ки ҳар рӯз ба таври мухтасар аз чигуна ҷараён гирифтани мурофиа ба хабарнигорон гузориш медод, инъикос мекарданд.
Ҳамчунин дар рӯзи аввал натиҷаҳои ташхиси ДНК-и Зайд Саидов дар чорчӯби парвандаҳое, ки тибқи он, соҳибкори маъруф ба таҷовуз ба номус, алоқаи ҷинсӣ бо духтари ноболиғ ва маҷбур кардани ӯ ба исқоти ҳамл муаррифӣ шудааст.Мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, ки ин ташхисро дар яке аз клиникаҳои Маскав анҷом додаанд ва гӯё натиҷаҳояш ба эҳтимолияти падарии Саидов бар фарзанди ин зани даъвогар таъкид мекунад. Аммо Исҳоқ Табаров шоми 15 сентябр бори дигар ба Озодӣ гуфт, ки ин ташхис пинҳонӣ ва бидуни огоҳиии Саидов ва вакилони ӯ анҷом шуда, бар хилофи муқарраророти Кодекси протсесуалӣ ва ғайриқонунист. Оқои Табаров гуфт, онҳо натиҷаҳои ин ташхиси, ба ақидаи онҳо, машкукро эътироф намекунанд ва аз додгоҳ аз нав доир кардани чунин ташхисро дархост хоҳад кард.
Рӯзи дувуми мурофиа, ба гуфтаи оқои Қудратов, бо пурсиши айбдоршавандаи асосӣ, яъне Зайд Саидов, оғоз шуд: «Зайд Шерович кулли айбномаҳоеро, ки тафтишот нисбати вай эълон кардааст, бори дигар рад карда, нишондодҳои худро доир ба айбҳои эълоншуда баён дошт. Рӯзи душанбе низ мурофиа аз пурсиши Зайд Саидов нисбат ба айбҳои ба ӯ эълоншуда оғоз хоҳад ёфт.»
Исҳоқ Табаров мегӯяд, Саидов ва Бобоевро рӯзи ҷумъа асосан дар мавриди қазияи Окушев пурсидаанд ва Саидов бо далелҳои, ба гуфтаи вакилаш, қотеъ ин иттиҳомро радд кардааст. Аммо оқои Табаров ба далели мӯҳри махфии парвандаҳои Зайд Саидов аз ироаи ҷузъиёти бештари ин суолуҷавобҳои додгоҳӣ худдорӣ кард.
"Ин танҳо қисмати аввали парвандаи ӯст"
Алайҳи Зайд Саидов дар маҷмӯъ бар асоси 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд.
Милопар Бандишоев, муовини раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи олӣ танҳо ба муҳокимаи парвандаҳое шурӯъ мекунад, ки тафтишаш алакай анҷом ёфтааст. Бандишоев гуфт, "он чӣ ба додситонӣ ирсол шудааст, қисмати аввали парвандаҳои ӯст ва Ожонси зиддифасод, дар айни ҳол, таҳқиқи мавридҳову парвандаҳои дигари марбут ба Зайд Саидов, аз ҷумла қазияҳои марбут ба фаъолиятҳои тиҷории ӯву наздиконашро идома хоҳад дод." Ӯ афзуд, фаъолиятҳои ширкатҳои Зайд Саидов то ба ҳол пурра тафтиш нашудаанд ва ҷиноятҳои молиявии ӯ аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - тасарруфи амволи ғайр (моддаи 245) ва пинҳон намудани андоз (моддаи 292) -мавриди санҷиш қарор доранд.
Ожонси зиддифасод ҳамин тавр, ба ғайри аз қазияи Окушев Зайд Саидовро ба гирифтани корхонаи “Тоҷикатлас” аз Низомхон Ҷӯраев ба ҳайси ришва ва 1 миллион доллари дигар аз як шаҳрванди Украина айбдор мекунад.
Худи Зайд Саидов аз аввал тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, чандин бор гуфтааст, ки таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сирф сиёсӣ дорад ва вақте оғоз ёфт, ки ӯ аз азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод.
Таърихчаи қазияи вазири собиқ
Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ сипас аз соли 2001 то оғози соли 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва ба яке аз соҳибкорони пешгом дар риштаи сохтмони манзилҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон табдил ёфт.
Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз таъсиси як гурӯҳи ташаббускор барои сохтани ҳизби нав хабар дод. Аммо моҳе баъд мақомот аз шурӯъи чандин парванда алайҳи ин соҳибкор хабар доданд ва ӯ рӯзи 19 май дар фурудгоҳи Душанбе, ба муҷарради бозгашташ аз сафари Фаронса дастгир шуд.
Иштибоҳи сервер
Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!
ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.
Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед