Масъулони дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 2 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мурофиаи парвандаи Зайд Саидов ба таври «махфӣ» сурат гирфта ва аз ҷараёни баррасӣ ва муҳокимаи он иттилоъ дода намешавад.
Ба гуфтаи ин масъулон, хабарнигорон низ ҳаққи ширкат дар мурофиаҳои парвандаро нахоҳанд дошт. Аммо ин масъулон далели «махфӣ» будани парвандаи Зайд Саидов ва баррасии пушти дарҳои бастаи онро шарҳ надоданд.
Дар ҳамин ҳол, Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов гуфт, ки парвандаи ин соҳибкор ҳанӯз дар додситонии кулл «махфӣ» карда шуда буд ва ба ҳар саҳифаи парвандаи он мӯҳри махфӣ зада шудааст.
Ҷаноби Табаров дар мавриди сабаби «махфӣ» шудани парвандаи Зайд Саидов гуфт, ки азбаски аз тарафи шоҳидон ному насаби чанд тан аз мансабдорони воломақом зикр шудааст,шояд мақомот лозим донистааст, то ин парванда «махфӣ» эълон шуда, баррасиаш пушти дарҳои баста сурат бигирад.
Бо ин ҳама, Додгоҳи олӣ замони оғози мурофиаи парвандаи Зайд Саидовро ҳанӯз эълон накардааст.
Насим Холмуродов, як масъули дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 29-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи Зайд Саидов аз сӯи додситонии кулл ҳанӯз рӯзи чоршанбеи гузашта ба Додгоҳи олӣ ирсол шуда буд.
Зимнан, ҳангоми ирсоли парвандаи Зайд Саидов аз Ожонсии зидди фасод ба додситонии кулл вакилони соҳибкори маъруф рӯзи 22-уми август аз додситонии кулл хостанд, ки бинобар беасос будани далелҳои ҷониби тафтишот, ҳамаи иттиҳомоти зерҳимояашонро лағв кунанд.
Оҷонсии зидди фасод ва додситонии шаҳри Душанбе дар нисбати Зайд Саидов аз рӯи 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парванда боз кардааст.
Вакилони дифои Зайд Саидов ошноӣ бо парвандаи 8-ҷилдаи Оҷонсии зидди фасод алайҳи зерҳимояашонро ба анҷом расонида, мегӯянд, ки далелҳои он мӯътамад нестанд.
Вакилони дифои Зайд Саидов ба унвони мисол «иттиҳоми таҷовуз ба номус»-ро зикр карданд, ки ба иддаои онҳо, ягон асоси воқеӣ надорад ва бар пояи далелҳои ғайривоқеъӣ таҳия шудааст: «Оҷонсии зидди фасод, ки ахиран хуни Зайд Саидовро барои ташхис гирифта буд, дар авоили ҳамин ҳафта маълум кардааст, ки гӯё Зайд Саидов дар нисбати кӯдаке, ки исқоти ҳамл шудааст, аз ҳаққи падарӣ истисно набудааст.» Ин дар ҳолест, ки мансубияти падарии шахсро танҳо тавассути озмоиши ДНК метавон сад дарсад таъйин кард. Бо сабаби ин ки дар қаламрави Тоҷикистон анҷоми чунин навъи санҷиши тиббӣ имконнопазир аст, вакилон аз тафтишот хостаанд, ки чунин озмоишро дар кишвари дигар, мисли Олмон, аз ҳисоби ҳимоятгарон барпо кунанд.
Зайд Саидов аз 19-уми майи соли ҷорӣ ба ин тараф дар боздошт қарор дорад. Ӯ мӯътақид аст, ки парвандааш ангезаи сирф сиёсӣ дошта, ба қасдаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав бастагӣ дорад.