Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифоъи Зайд Саидов, ки баъди тақрибан ду моҳи фосила дубора ба сафи вакилони ин соҳибкори боздоштшуда пайвастааст, рӯзи 4 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дидори ӯву ду вакили дигари Саидов бо муваккилашон рӯзи сешанбе дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ доир шуд.
«Баъд аз ирсоли парвандаҳои Зайд Саидов аз додситонӣ ба Додгоҳи олӣ, яъне аз 28 август ба ин сӯ, ин нахустин мулоқоти ӯ бо вакилонаш буд,» - гуфт Шӯҳрат Қудратов. Ӯ афзуд, Зайд Саидов ба ҳеҷ банди парвандаҳои ҷиноияш розӣ нест ва гуфтааст, ки ҳеҷ кадом аз 8 иттиҳоми алайҳаш эълонкардаи Ожонси мубориза бо фасод ва додситонии куллро ба гардан намегирад ва нахоҳад гирифт.
Оҷонсии зидди фасод ва додситонии пойтахт ҷамъан 8 парвандаи ҷиноиеро,ки алайҳи Зайд Саидов боз карда буданд, дар поёни моҳи август барои таҳияи хулосаи ниҳоӣ ба додситонии кулл супурданд ва додситониии кулл баъди ҳамагӣ як ҳафтаи баррасӣ рӯзи 28 август ин парвандаҳоро бидуни ягон таҳрир ва бо задани мӯҳри махфӣ барои муҳокимаи ниҳоӣ ба ихтиёри Додгоҳи олӣ супурд.
Додгоҳи олӣ гуфтааст, ки мурофиаи Зайд Саидов рӯзи 12 сентябр таҳти раёсати додрас Шавкат Абулхайров пушти дарҳои баста шурӯъ хоҳад шуд. Ба вакилони Зайд Саидов гуфтаанд, азбаски дар парвандаҳои зидди ӯ исми чандин мансабдори аршади собиқу кунунӣ зикр шудааст, ба ин парванда мӯҳри махфӣ задаанд, ки ин баргузории мурофиаи озодро ғайримумкин мегардонад.
8 иттиҳом дар 8 ҷилд
Зайд Саидови 54-сола, соҳибкори маъруф ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон, аз рӯзи 19 май дар боздошт қарор дорад. Мақомот алайҳи ӯ бар асоси 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд.
Ин парвандаҳо ахиран дар 8 ҷилди алоҳида барои шиносоӣ ба ӯву вакилонаш супурда шуд. Вакилони Зайд Саидов дар пайи ошноӣ бо маводи ин парвандаҳо далоили ҷамъовардаи тафтишотро ғайримӯътамад ва беасос хонда, қаблан аз Ожонси зидидфасод ва ҳафтаи гузашта аз додситонии кулл хоста буданд, ки ба ин далел ин парвандаҳоро бубандад. Вакилони Зайд Саидов мегӯянд, ки онҳо дар рӯзи аввали мурофиа аз додгоҳ лағви тамоми ин иттиҳомотро хоҳанд хост.
Исҳоқ Табаров, яке дигар аз вакилони дифоъи ӯ рӯзи сешанбе ба Озодӣ гуфт, барои мисол, парвандаи Зайд Саидов дар мавриди таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ бидуни ташхиси ДНК аз оҷонсӣ ба додситонӣ ва аз онҷо ба додгоҳ супурда шудааст ва онҳо аз Додгоҳи олӣ қатъи ин парвандаи, ба бовари вакилони мудофеъ, “комилан беасос”-ро талаб хоҳанд кард.
Худи Зайд Саидов ҳам чандин дафъа тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо рад карда, гуфтааст, ин ҳама таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сирф сиёсӣ дошта, ба қасдаш барио таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав рабт мегирад.
Мақомоти Ожонси мубориза бо фасод, додситонӣ ва кумитаи андози Тоҷикистон баъди онки ӯ дар моҳи апрел аз азмаш барои таъсиси ҳизб хабар дод, алайҳи Зайд Саидов чандин парванда кушода, ба тафтиши фарогири тамоми фаъолиятҳои иқтисодии чанд соли охири ӯву ширкатҳои марбут ба ӯву наздиконаш шурӯъ карданд. Аммо тафтиши парвандаҳои ҷиноии алайҳи Саидов, аз ҷумла парвандаҳои марбут ба таҷовуз ба номус ва маҷбур кардан ба исқоти ҳамлро Ожонси зиддифасод бар дӯш дошт.
Вакилони мудофеъи Зайд Саидов пайваста шикоят мекарданд, ки тафтиши ин парвандаҳо ғайриодилона сурат мегирад ва дар тӯли беш аз 3 моҳе ки муваккили онҳо дар боздоштгоҳи Кумитаи амният қарор дорад, бар хилофи муқаррароти қонун, имкони мулоқотҳои якбаяк бо ӯро надоштаанд.