Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 20-уми май, баъди беш аз ду ҳафтаи танаффус муҳокимаи парвандаи 8 ҷавони гумонбар ба фаъолият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро аз сар гирифт.
Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 20–уми май, баъди беш аз ду ҳафтаи танаффус муҳокимаи парвандаи 8 ҷавони гумонбар ба фаъолият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро аз сар гирифт. Ҳоло мурофиаи парвандаи 7 нафар аз ин гурӯҳ дар Хуҷанд ва парвандаи яке дигар - Исфандиёр Алиев, сокини шаҳри Истаравшан дар додгоҳи ҳамин шаҳр идома дорад.
Бахтиёр Насруллоев, яке аз вакилони дифои ин афрод ба Радиои Озодӣ гуфт, вакилони дифоъ аз додгоҳ ҳамроҳ кардани ду парвандаи ин гурӯҳи муҳокимашавандаро талаб карда буданд. Вай афзуд: “Дар чунин ҳолат ҳуқуқи мурофиавии гумонбарон поймол мешавад, мо аз додгоҳ талаб карда будем, ҳар ду парванда як карда шавад. Аммо додгоҳ ин дархостамонро рад кард.”
8 ҷавони сокини Истаравшанро додситонии вилояти Суғд моҳи январи соли равон ба гумони фаъолият дар созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дастгир намуда, тибқи 5 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла “таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ”, “даъвати оммавӣ барои барҳам задани сохтори қонунии Тоҷикистон” ва якеро барои хабар надодан ба мақомот аз фаъолияти ин гурӯҳ айбдор кардаанд. Аммо гумонбарон ҳеҷ яке аз ин иттиҳомотро қабул надоранд ва ҳамаро дар ҳаққи худ "туҳмат" медонанд.
Ба гуфтаи як манбаи наздик ба тафтиши ин парванда аз додситонӣ, ин афрод ба таври ихтиёрӣ ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ” шомил гашта, барномаҳои тундгароёнаи ин созмонро дар байни аҳолии Суғд тарғиб мекарданд.
Шариф Қурбонов, додситони вилояти Суғд созмонҳои “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро дар радифи созмони “Ҷундуллоҳ” аз шохаҳои Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) меномад, ки танҳо тағйири ном кардаанд ва зери шиорҳои исломӣ ҳадафи барҳам задани сохтори қонунии Тоҷикистонро доранд. Додситонии Суғд бар ин бовар аст, ки ин ҳаракатҳо бо дастури раҳбарони Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ба майдон омадаанд. Ба гуфтаи вай, раҳбарони ҲИУ дар хориҷ аз Тоҷикистон амр додаанд пайравони ҲИУ дар ҳар кишвар бо номе дигар ва ҷудогона фаъолияти худро ба роҳ монанд.
Вале Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои 2 гумонбар аз гурӯҳи 7 нафарӣ - Умед Латифов ва Ҷамшед Ҳомидов - мегӯяд, дар толори мурофиа гумонбарон мансубияти худ ба созмони террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ё кадом созмони ғайриқонунии дигарро рад кардаанд. Онҳо гуфтаанд, баъди боздошт зери фишор ва лату кӯби мақомоти тафтиш ночор айби фаъолият дар ин созмони мамнуъро бар дӯш гирифтанд, аммо ҳангоми тафтиши парванда аз он даст кашиданд: “Ба назари ман, боздошти ин ҷавонон идомаи ҳамон дастгир ва ҳабс кардани гурӯҳи 53-нафарӣ аст. Инҳо мегӯянд, ки аз “Ҷамоати Ансоруллоҳ” хабар надоранд. Байни онҳо танҳо як ҷавон гӯё ба хотири иштирок дар ҷанги Сурия ба сафар баромада, то Туркия рафтаву баргашта омадааст. Аммо вай ба рафиқонаш гуфтааст, ки барои таҳсил ба хориҷа меравад ва онҳо 500 сомонигӣ ҷамъ карда, ба вай ёрӣ додаанд. Ғайр аз ин ду нафари дигарашон ба аъзои гурӯҳи 53-нафарии зиндонишуда маблағ додаанд. Акнун мақомот 6 нафари инҳоро айбдор карда истодаанд, ки бо “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҳамкорӣ доранд. Як нафарро ба хабар надодан аз фаъолияти рафиқонаш айбдор мекунанд. Ба ин роҳ мақомот мехоҳанд мавқеъу хидмати худро дар мубориза бо терроризм хеле муҳим нишон диҳанд.”
Ба гуфтаи ҷаноби Насруллоев, ҷавонони гумонбаршуда ба фаъолият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” 20-25-сола буда, умдатан дар бозори Истаравшан машғул ба тиҷорат будаанд.
Ҷустуҷӯву таъқиб ва боздошти аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар минтақаи шимолии Тоҷикистон аз моҳи моҳи сентябри соли 2010, баъд аз таркиши интиҳории як нафари гумонбар ба узвият дар ин созмон дар Хуҷанд сурат гирифт. Таркиши автомобили ҳомили маводи тарканда дар бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд 4 куштаву ҳудуди 30 захмӣ бар ҷой гузошт.
Ба думбол масъулияти ин ҳамларо бо нашри як изҳорот дар Интернет созмони то он замон номаълуме бо номи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» бар дӯш гирифт.
Дар соли 2012 додгоҳи вилояти Суғд Акмал Каримов, зодаи шаҳри Истаравшан ва истиқоматкунандаи Хуҷандро содиркунанда ин ҳамлаи интиҳорӣ эълон кард ва 53 сокин, умдатан аз ноҳияи Истаравшан, ба шумули Фирдавс Каримов, бародари ӯро ба муҳлатҳои тӯлонии то 30 сол ба ҳабс маҳкум кард. Додситонии вилояти Суғд гуфт, Акмал Каримови худро дар автомобил тарконида аслан аз соли 2009 бо иттиҳоми “одамрабоӣ” таҳти ҷустуҷӯи пулис қарор дошт. Сипас ба Афғонистон фирор карда, дар урдугоҳҳои террористии ҲИУ дар Вазиристони шимолии Покистон таълими ҳарбӣ гирифтааст. Аммо он замон мақомот ин афродро аъзои ҲИУ эълон карда буд ва танҳо моҳи майи соли 2012 Додгоҳи Олии Тоҷикистон “Ҷамоати Ансоруллоҳро” як созмони тундрав ва террористӣ дониста, фаъолияташро дар қаламрави Тоҷикистон манъ кард.
Аз соли гузаштаи 2013 ба ин сӯ додгоҳҳои шимоли Тоҷикистон 18 узви “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва 3 узви созмони “Ҷундуллоҳ”-ро ба зиндон фиристодаанд.