Кумитаи амнияти миллӣ фориғуттаҳсили донишгоҳи Зоҳидони Эрон Ҳабибулло Идиевро, ки дар маҳбаси "Пули Чархӣ"-и Афғонистон давраи ҷазои худро паси сар кардааст, тибқи моддаи 187-и Кодекси ҷиноӣ дар ҳамкорӣ бо созмони «Аноруллоҳ», айбдор кардааст.
Анвар Атохӯҷаев, муфаттиши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки алайҳи Ҳабибулло Идиев бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони "Ансоруллоҳ", айб эълон шудааст.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳабибулло Идиев рӯзи 28-уми ноябр ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки Кумитаи амнияти миллӣ зерҳимояи ӯро, ки беш аз нимсол аст дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО ба сар мебарад, тибқи моддаи 187 Кодекси ҷиноӣ дар ҳамкорӣ бо созмони «Ансоруллоҳ» айбдор кардааст. Вай гуфт, ки имрӯз муфаттиши КДАМ Анвар Атохӯҷаев ба СИЗО омада ва расман айбномаро эълон хоҳад кард.
Бузургмеҳр Ёров афзуд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин айбро бар асоси шоҳидии Мирзоаҳмад Қаюмов, ки ба қавли худаш қаблан дар Покистон будааст ва бо гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар ҳамроҳ буда ва баъдан фирор кардааст, алайҳи Ҳабибулло Идиев эълон кардааст: «Мирзоаҳмад Қаюмов ҳафтаи гузашта бо Ҳабибулло рӯ ба рӯ карда шуд ва вай гуфт, ки Ҳабибулло Идиевро дар Вазиристони Покистон дар як бозор дидааст, ки дар дасташ Калашников доштааст».
Ҳабибулло Идиев 6 моҳ қабл вақте, ки аз маҳбаси «Пули чархӣ»-и Афғонистон раҳо шуда бо мусоидати сафоратхонаи Тоҷикистон дар Кобул ба Душанбе интиқол ёфт, баробари ба замин нишастани ҳавопаймо, дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт шуд.
Идиев дар забонхати худаш навиштааст, ки қаблан барои таҳсили улуми исломӣ аз Русия ба Миср рафта ва аз онҷо ба Эрон омад ва дар Зоҳидон дар яке аз донишгоҳҳо ба омӯзиши улуми исломӣ пардохт. Ӯ баъди хатми донишгоҳ дар соли 2009 барои таблиғи ислом сафарҳоеро дар шаҳристонҳои Эрон анҷом дод.
Аммо Идиев тасодуфан паспорти хориҷиашро гум кард ва мехост аз тариқи Покистон ба Афғонистон ва аз онҷо ба Тоҷикистон убур кунад. Аммо дар Бадахшони Афғонистон аз тарафи мақомоти амниятии ин кишвар боздошт ва барои вайрон намудани марз аз ҷониби додгоҳи ин кишвар, барои 1 солу 8 моҳ зиндонӣ шуд.
Ба қавли Бузургмеҳр Ёров, дар ибтидо мақомоти амниятии Афғонистон дар ибтидо ӯро ҷосуси Русия, сипас ҷосуси Эрон ва баъдан як гумоштаи Толибон эълон карданд. Аммо дар ниҳояти амр аз ин иттиҳомот даст кашида, Идиевро барои убури ғайриқонунии марз зиндонӣ карданд.
Тавре Ҳабибулло Идиев ба вакили мудофеаш гуфтааст, пас аз раҳоияш аз зиндони «Пули чархӣ», созмони Салиби Сурх ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар гӯё имкони идомаи зиндагӣ дар кишварҳои ғарбиро ба ӯ пешкаш кардаанд, аммо ӯ гӯё розӣ нашудааст. Модараш Сунбула Идиева мегӯяд, ки бисёр мехоҳад мақомоти масъул фарзандашро раҳо кунанд ва ӯ ба назди пайвандонаш баргардад.