Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад барои ҷалби сайёҳони бештар ба кишвар 178 млн сомонӣ ё 16 млн доллар ҷудо кунад. Ин маблағ бояд то соли 2030 барои бунёди ошхонаҳои сариророҳӣ, меҳмонхонаҳои муосир, ҳоҷатхонаҳо ва дигар иншооти муҳим барои сайёҳон сарф шавад.
Мақомоти Тоҷикистон, ки мехоҳанд ҷаҳонгардиро ба як бахши муҳими даромади буҷаи кишвар табдил диҳанд, мегӯянд, дар се соли гузашта ба пешрафти зиёде дар ин соҳа даст ёфтанд. Ба иттилои расмӣ дар ин давра ба кишвар беш аз 200 меҳмонхона ва 50 осоишгоҳу дармонгоҳ сохта шудааст.
Вале ҷаҳонгардоне ки аз Тоҷикистон дидан кардаанд мегӯянд, барои пешрафти сайёҳӣ ин кишвар бояд корҳои зиёди дигареро анҷом диҳад.
Юрий, сайёҳи рус аз меҳмоннавозӣ ва табиат дар Тоҷикистон ситоиш кард, аммо мегӯяд, як мушкил барои ҷаҳонгардон дар кишвар набуди харитаи махсуси сафар ба ҷойҳои дидании кишвар аст. “Кам омадани сайёҳон шояд дар набудани таблоҳо ба забонҳои англисӣ бошад, харитаи муайяне, ки сайёҳон тавонанд тавассути он кишварро гарданд вуҷуд надорад. Харитаи ҳаракати роҳи автобусу мошинҳо низ. Бояд як сомонаи махсус ба забонҳои англисӣ, русӣ ва чинӣ бошад. Дуюм масъала нарх аст. Вақте ки баъди ҳодисаҳо дар Русия, сайёҳони зиёд ба Тоҷикистон омаданд, тоҷирон якбора нархро боло бурданд”.
Тоҷикистон ҷаҳонгардиву туризмро яке аз ҳадафҳои муҳими стратегияи рушди кишвар то соли 2030 эълон карда, умед дорад бо роҳи ҷалби меҳмонҳои хориҷӣ тиҷорати хурду миёна ва бахши андоз ҷон мегирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бархе аз ҷаҳонгардон харҷи начандон гарони будубош, мисли нархи мусоиди меҳмонхонаву ғизои хушлаззат ва маконҳои таърихиву донистани забони русиро аз бартариҳои муҳими сафар ба Тоҷикистон медонанд.
Ризо Раҳматӣ, ки аз Эрон барои сайёҳат ба Тоҷикистон омадааст гуфт, бештар аз маконҳои таърихӣ дидан кардааст. “Ҳама чиз хуб аст, аммо гоҳ-гоҳ ронандаҳо дар кӯча бо овози баланд сигнал медиҳанд, ки ин хуб нест”-гуфт ӯ.
Интиқолу овардани сайёҳон, фурӯши чипта ва дуруст кардани санадҳо барои гирифтани раводид аз манбаъҳои аслии даромади ширкатҳои сайёҳӣ аст. Онҳо низ аз талоши ҳукумат барои ҳалли мушкилиҳо дар ин бахш истиқбол мекунанд.
Куруши Султонмуҳаммад, роҳбари ширкати “Vip Travel & Tour” дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд маконе барои тамокукашӣ ташкил карда шавад. Мо ҳаддиақал бояд барояшон кабинкаҳо дар баъзе ҷойҳо дуруст кунем. Ҳамчунин, барояшон харита дуруст кунем, то онҳо тавонанд дар Тоҷикистон бемушкил гарданд ва роҳу манзили дилхоҳашонро пайдо кунанд. Бояд ронандаҳоро забон омӯзем, то ин ки онҳо тавонанд меҳмонҳоро ба ҷойи зарурӣ бурда расонанд”.
Пештар ҷаҳонгардон аз он нигаронӣ мекарданд, ки дар берун аз пойтахт меҳмонхонаҳои махсус нест ва ба онҳо барои будубош асосан хонаҳои шахсӣ пешниҳод мешавад.
Нуктаи муҳими дигаре, ки сайёҳонро ҳангоми гардиш дар Тоҷикистон нороҳат мекунад, набуди шароити беҳдоштӣ, аз ҷумла ҳоҷатхонаҳои замонавӣ аст.
Бар асоси омори расмӣ, соли гузашта бештар аз як миллион хориҷӣ барои саёҳат ба Тоҷикистон омадаанд. Ин рақам дар қиёс бо соли 2021 беш аз 3 баробар зиёд будааст. Ҳисобҳо нишон додааст, ки ҳар хориҷӣ дар давоми камтар аз як ё ду ҳафта дар Тоҷикистон аз 800 то 1400 доллар харҷ мекунад.