Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъзе маҳдудияти сафар барои ҷаҳонгардон аз Чин


Яке аз шифохонаҳои Чин
Яке аз шифохонаҳои Чин

Дар ҳоле ки нигаронӣ аз сирояти COVID-19 афзоиш меёбад, беш аз даҳ кишвар барои сафари ҷаҳонгардон аз Чин маҳдудият ҷорӣ кардаанд.

Аз ҷумла, мақомоти Австралия аз сайёҳони чинӣ хостаанд, пеш аз сафар натиҷаи манфии санҷишро аз коронавирус нишон диҳанд.

Канада, Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Фаронса, Итолиё, Испания, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Тайван низ аз ҷаҳонгардони чинӣ айни талабро доранд.

Шифохонаҳои Чин аз гирифторони коронавируси нав пур шудааст, вале мансабдорони ин кишвар исрор доранд, ки “вазъ зери назорат аст”.

Коронавируси нав дар охири соли 2019 дар Чин кашф шуд ва онҷо ба кишварҳои ҷаҳон сироят кард.

Ба иттилои расмӣ, дар ду сол дар Тоҷикистон беш аз 17 ҳазор кас ба ин беморӣ мубтало шуда, 124 кас ҷон бохтанд. Баъзе аз мутахассисон омори воқеиро бештар аз ин медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG