Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши сафари шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон - ширкатҳои русӣ


Қулъаи Ҳисор яке аз маконҳои маъруфи туристӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад
Қулъаи Ҳисор яке аз маконҳои маъруфи туристӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад

Муҳаққиқони мавзӯи сайру саёҳат дар Русия мегӯянд, ки тобистони имсол сафари шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон якбора зиёд шуд. Хадамоти таҳлилии сайҳатҳои «Туту.ру» ва OneTwoTrip менависанд, ки Тоҷикистон самти муҳими парвоз ва истироҳати шаҳрвандони Русия гардид.

Ба иттилои яке аз ин манбаъҳо, беш аз 17 дарсади билетҳои ҳавопаймоҳо аз Русия ба самти Тоҷикистон фурӯхта шудаанд, чун нархи онҳо имсол назар ба соли гузашта ним баробар арзонтар шудааст. Бархе манбаъҳо афзоиши сафарҳои русҳо ба Тоҷикистонро назар ба соли гузашта даҳ баробар бештар ҳисоб кардаанд. Баробар бо Тоҷикистон, дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравии мисли Арманистону Қирғизистон ё Узбекистону Қазоқистон ҳам мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳони рус гардидаанд.


Мутахассисон мегӯянд, шурӯи ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина ва таҳримҳои ғарбиву маҳдудияти сафарҳои хориҷии шаҳрвандони Русия боиси таваҷҷӯҳи бештари онҳо ба кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ гардидааст. Зимнан, мақомоти риштаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳам мегӯянд, соли 2022 шумори ҷаҳонгардони хориҷӣ дар кишвар назар ба шаш моҳи соли гузашта қариб се баробар афзуда 370 ҳазор нафарро ташкил дод. Ширкатҳои туристии Тоҷикистон ҳам аз афзоиши сафари русҳову украиниҳо ба Тоҷикистон хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG