Тоҷиксодиротбонк: "Аз бӯҳрон раҳидем, вале муштариҳоро гум кардем" ВИДЕО

Дар ду соли ахир, ки чаҳор бонки Тоҷикистон ба мушкили молӣ рӯбарӯ шуда буданд, "Тоҷиксодиротбонк" барои нахустин бор дар семоҳаи аввали соли 2017, фоида ба даст овардааст.

Аммо сарфи назар аз фоида гирифтан давоми панҷ моҳи соли равон бештар аз 300 ҳазор муштарӣ тарки “Тоҷиксодиротбонк” кардаанд. Ба бӯҳрон гирифтор шудани ин бонки бузурги Тоҷикистон, ҳазорҳо тан аз муштариёнро нигарону саргардон карда буд.

“10 миллион фоида ва 300 ҳазор муштарии аздастрафта”

Бахтиёр Тағоев

Бахтиёр Тағоев, сардори Идораи хазинадории “Тоҷиксодиротбонк” рӯзи 5-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои аз бӯҳрон баромадан ба онҳо сармоя лозим буд ва баъди дарёфти он аз ҷониби ҳукумат кори бонк беҳбуд ёфт.

Ба гуфтаи ҷаноби Тағоев, “бонк имрӯз қобилияте дорад, ки ӯҳдадориашро иҷро намуда, талаботи муштариёнро дар як ҳафта иҷро кунад. Зеро маблағҳои кофӣ вуҷуд дорад. Аммо ба хотири зиёд нашудани пули нақд дар иқтисодиёт ҳоло ӯҳдадории бонк дар назди мизоҷон марҳилавӣ иҷро карда мешавад. Яъне дархости муштарӣ марҳила ба марҳила иҷро шуда истодааст.”

Бахтиёр Тағоев гуфт, фоидаи софи “Тоҷиксодиротбонк” дар семоҳаи аввали имсол бештар аз 10 миллион сомонӣ шуд, вале дар ин давра теъдоди муштариёни онҳо хеле коҳиш ёфт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷиксодиротбонк: "Аз бӯҳрон раҳидем, вале муштариҳоро гум кардем"

“Агар дар аввали сол шумораи мизоҷони мо 335 ҳазор нафарро ташкил медод, имрӯз ин шумора ба 26 ҳазор нафар омада расид. Ин рақамҳо шаҳодат медиҳад, ки “Тоҷиксодиротбонк” дар давоми панҷ моҳ талаботи 300 ҳазор нафарро қонеъ кардааст. Ҳоло бонк ҳудуди 26 ҳазор муштарии боэътимод дорад ва бо онҳо фаъолиятро идома дода истодааст. Бонкро таҳлукаи аҳолӣ ба муфлисӣ мерасонад. Бояд мизоҷон ба таҳлука дода нашаванд, чун бонк дар ҳама ҳолат маблағро бармегардонад”- афзуд Бахтиёр Тағоев.

Бар тибқи ҳисоботи худи бонк ҳаҷми пасандозҳои мардум дар “Тоҷиксодиротбонк” то моҳи апрели имсол бо пули миллӣ бештар аз 73 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ бештар аз 985 миллион сомониро ташкил медод, ки дар муқоиса бо аввали сол бисёр кам аст.

“Дигар дар бонкҳо ягон дирам амонат намегузорам”

Масъулини “Тоҷиксодиротбонк” дар ҳоле аз беҳбуд ёфтани кори бонк хабар медиҳанд, ки мизоҷон мегӯянд, сарсонии онҳо барои гирифтани маблағ то ҳол тамом нашудааст.

Илҳом, як сокини 45-солаи шаҳри Душанбе, ки мо бо ӯ дар назди банкомати “Тоҷиксодиротбонк” мулоқот кардем гуфт, ба қавли худаш се сол пеш дар ин бонк 10 ҳазор доллар маблағ мондааст ва мегӯяд, ҳамааш “як умр фиребгарӣ аст.”

Илҳом, ки бисёр асабонӣ суҳбат мекард гуфт, “дар се-чори моҳи ахир ягон дигаргунӣ нест. Меоӣ фақат ваъдаи пагоҳ медиҳанд. 400 сомонӣ ваъда медиҳанд, аммо 200 сомонӣ медиҳанд. Ҳар рӯз омада, 200 сомон мегирам. Дилам аз тамоми бонкҳои Тоҷикистон мондагӣ аст. Умре дорам дар бонкҳо дигар ягон дирам амонат намемонам. Ҳамин якбор аҳмақ шуда овардам мондам, аз кори кардагиам пушаймонам.”

Абӯбакр Бобоев, маъюби дараҷаи аввал ҳамроҳи духтарчааш барои гирифтани маблағ ба “Тоҷиксодиротбонк” омада буд. Ӯ дар даст ду корт дошт, вале баъди тафтиши банкомат ноумед баргашт. Абӯбакр чаҳор сол пеш дар “Тоҷиксодиротбонк” ба қурби онвақта 3 ҳазор доллар маблағ монда буд. Ӯ мегӯяд, “баъзе рӯз мебиёӣ пул ҳаст, рӯзи дигар нест. Аз саҳар то ҳоло одами рӯзадор дар гармӣ фақат пулкобӣ карда истодаем.”

“Вазъи бонк номуаллақ аст”

Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд аломатҳои беҳтар шудани вазъи “Тоҷиксодиротбонк” ба назар мерасад, аммо ҳоло барои хушбинӣ барвақт аст. Меҳрубон Бурҳонов, таҳлилгари низоми бонкӣ мегӯяд, “агар “Тоҷиксодиротбонк” дар вақтҳои наздик аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ дастгирӣ карда шавад, инро ҳамчун аломатҳои сиҳатии бонк мешавад, арзёбӣ кард.

Ё инки агар дар ин бонк як ислоҳоти кадрӣ анҷом шавад, метавон ба наҷоти бонк умед баст. Дар ҳоли ҳозир аломати то ҷое сиҳат шудани “Тоҷиксодиротбонк” дар он аст, ки бонк аз ҷониби ҳукумати кишвар дастгирии молиявӣ ёфт ва ӯҳдадории худро то ҷое дар назди муштариён иҷро кард.”

Ин коршиноси тоҷик таъкид мекунад, ки рӯзона то 200 сомон пардохт шудани маблағи муштариён ва имкони харҷи то 500 сомон бо истифода аз кортҳои “Тоҷиксодиротбонк”- ро ҳам метавон то ҷое ҳамчун далели беҳбуд шудани вазъи бонк маънидод кард.

Меҳрубон Бурҳонов

Аммо ба гуфтаи Меҳрубон Бурҳонов, “Тоҷиксодиротбонк” то як андозае аз вартаи муфлисшавӣ наҷот ёфт, вале ҳоло ҳам сарнавишти ояндааш муаллақ аст.”

Масъулини “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, тибқи маълумотҳои ахир капитали ин бонк 47 дарсади сармояи низоми бонкии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои ахири Бонки миллии Тоҷикистон дороиҳои тамоми низоми бонкии Тоҷикистон бештар аз 20 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ин баршумурдан мумкин аст, ки дороиҳои “Тоҷиксодиротбонк” беш аз 9,5 миллиард сомонӣ аст.

Ҳамчунин баъди ҷудо шудани 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ маблағ аз ҷониби ҳукумат Шӯрои нозирони “Тоҷиксодиротбонк” дигарбора аз ҳисоби намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ташкил шудааст. Тибқи иттилои дарёфтӣ ҳоло ҳукумати Тоҷикистон бештар аз 80 дарсади саҳмияҳои ин бонкро дар даст дорад.

Дар аввали имсол ҳукумати Тоҷикистон барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти молии 4 бонки тиҷоратӣ 3 миллиард сомонӣ ё 500 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда буд, ки аз ин маблағ саҳми “Тоҷиксодиротбонк” 2 миллиарду 250 милион сомониро ташкил дод.