Бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон дар деҳаи Рузвай дар ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст. Ягона ҷое, ки сокинони ду тарафи марз ҳақ доранд, ҷамъ омада, хариду фурӯш кунанд.
Субҳониддин Ҳоҷиқосим аз Бадахшони Афғонистон ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, “аз он тараф талқон меорем, качолу (картошка) меорем, чормағз меорем дар инҷо мефурӯшем. Ҳар чизе, ки инҷо пайдо шуд, мегирему меравем.”
“Қаймоқ, биринҷу рӯғану нӯшиданӣ меорем ва дар ин тараф мефурӯшем. Аз ин тараф шири хушк, тухми мурғ ва мурғ мебарем,” – гуфтааст Муҳаммадшафақ Азизӣ, сокини дигари Бадахшони Афғонистон.
Барои афғонҳое, ки ҳоло “Толибон” ба онҳо фармонфармоӣ мекунанд, даромадан ба бозори Рузвай ва харидуфурӯш дар он як имкони нодир аст. Ҳарчанд Тоҷикистон ҳукумати “Толибон”-ро эътироф накардааст, иҷоза додааст, ки ҳафтае як бор, ҳар рӯзи шанбе, бозор барои афғонистониҳо боз шавад.
Баҳром Раҳимӣ, тоҷири афғон, ба хабаргузории “Франс-Пресс” гуфтааст, “барои мо бисёр маъқул аст. Масалан, вақте бозор набуд, бисёр мушкил аст... Зарурати бозор эҳсос мешавад, ки бояд бошад. Равобит байни дуто фарҳангро бо ҳам васл мекунад. Мардум бо ҳам ошно мешаванд ва яке аз фоидаҳояш ин аст.”
Мардуми Бадахшони Тоҷикистон ва ноҳияҳои дигари марзӣ аз ҷануб ҳам барои тиҷорат ба инҷо мераванд ва онро манбаи даромаде барои кишоварзон медонанд.
Фирӯз Абдуллоев, тоҷири тоҷик, гуфтааст: “Як муддат бозорро бастанд, мардум натавонист меваашро бифурӯшад, мурғашро бифурӯшад, ягон моли хоҷагиашро наметавонист бифурӯшад. Ҳоло, ки боз шудааст, ин беҳтарин аст. Барои онки мардуми Дарвоз, мардуми Кӯлоб мева меоранд, савдо мекунанд.”
Дар марзи беш аз 1300-километрии Тоҷикистон чанд бозори наздисарҳадӣ аст, ки онҷо мардуми ду тараф додуситад мекунанд. Бозорҳоро чанд сол пеш бастанд ва як сабаб ҳам бозгашти “Толибон” ба қудрат буд.
Диловар Қосимӣ, муовини раиси ноҳияи Дарвоз, ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, “соли 2019 вобаста ба пандемияи Ковид-19 ҳам вобаста ба вазъи сиёсии давлати ҳамсояи Афғонистон як навбат бозори наздисарҳадии Рузвай баста шуд. Тибқи дастуру супоришҳои ҳукумати кишвар дар сентябри соли 2023 бозори наздимарзии деҳаи Рӯзвай боз шуд.”
Бозор таҳти назорати сахти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон аст, ки аз вуруди ҷангҷӯён ва ифротгароёни исломӣ ба кишвар бим доранд. Баъд аз бозгашти “Толибон” ба қудрат, ҳукумати Тоҷикистон ҳеч иртиботи наздик ва дар сатҳи боло надоштааст, вале тиҷорат байни ду тараф ҳамчунон идома дорад.
Ба омори расмӣ, соли 2023 ду тараф ба 97 миллион доллар тиҷорат кардаанд, ки аксаран аз ҳисоби фурӯши барқи Тоҷикистон ба Афғонистон аст.