Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш аз як бозори наздимарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон


Бозори наздимарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ҳаммарз бо ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳар рӯзи шанбе тоҷирону харидонро аз ду канораи Ому гирдиҳам меорад.

Ҳоло тоҷирони ду соҳил барои сокинони якдигар молу колои худро пешкаш мекунанд. Нархҳо инҷо аз бозорҳои дигари минтақа фарқ мекунанд.

Фарид Аҳмад, сокини ноҳияи Хоҳони Афғонистон мегӯяд, "ҳам барои фурӯш ва ҳам барои харид омадем. Мо маҳсулоти тавлиди Афғонистонро бештар вориди бозор кардаем, аз қабили нӯшоба, биринҷ ва равған".

Тоҷирони афғон ба ин бозор бештар ширинӣ ва обҳои ташнашикан ворид мекунанд. Онҳо аз сӯи Тоҷикистон либос ва дигар ашёи рӯзгорро бо худ мебаранд.

Фаъол шудани бозор сокинони ду соҳилро бо ҳам бештар ошно кардааст. Акнун тоҷирон чизҳои лозимаи худро ба якдигар фармоиш медиҳанд. Ҷамшед Асламов, тоҷири тоҷик мегӯяд, ки қаблан ба ин бозор чормағз меовард ва ба фурӯш мегузошт, аммо ҳоло либос ва дигар ашёро тибқи фармоиш дар инҷо ба фурӯш мегузорад.

Тоҷирони афғонистонӣ мегӯянд, ки маҳсулоти худро бо нархҳои муносиб ба фурӯш гузоштаанд. Таваҷҷӯҳи сокинони Тоҷикистон ҳам бештар ба обҳои истеҳсоли афғонистонӣ будааст. Ба гуфтаи харидорон, қимати маҳсулот дар ибтидо гарон набуд, вале пас аз як муддат каме боло рафтааст.

Равнақи тиҷорат дар бозорҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Боз шудани бозор ба иқтисодӣ ду минтақа таъсир расондааст. Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мегӯяд, фаъол будани бозор ба нафъи мардуми ноҳия ва минтақа аст.

Ба гуфтаи Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, айни замон дар бозор 80 нафар соҳибкорон аз ҳисоби минтақаи Кӯлоб ҷалб шудаанд. "Аз ҷониби Афғонистон низ ҳар ҳафта садҳо нафар вориди бозор мешаванд. Дар рӯзҳои бозор то 1100 нафар аз он дидан мекунанд".

Бозори наздимарзӣ дар ноҳияи Шоҳини вилояти Хатлон соли 2009 таъсис ёфта буд, вале то охири соли 2023 фаъол набуд.

Ин бозор панҷумин бозори фаъол миёни Тоҷикистону Афғонистон ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар шаҳри Хоруғ, Ишкошим, Ванҷ, Дарвози Тоҷикистон чунин бозорҳо фаъоланд.

Бозорҳои наздимарзӣ бар асоси як созишнома аз соли 2006 шурӯъ ба кор карда буданд.

Соли 2020 дар замони ҳамагирии КОВИД-19 ва соли 2021 баъди бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон, Тоҷикистон ин бозорҳои муштаракро баста буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG