Гурӯҳе аз чеҳраҳои саршиноси фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон тайи як нома ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, хостори дахолати ӯ ба қазияи Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик шуданд.
Мӯъмин Қаноат, Гулрухсори Сафӣ, Мамадшо Илолов ва Мӯсо Диноршоев--
чеҳраҳои саршиноси фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол дошта, хоҳиш кардаанд, ки дар мавриди сарнавишти Зайд Саидов, ки Додгоҳи олӣ дар остонаи содир кардани ҳукми ӯ мебошад, дахолат кунад.
Мӯъмин Қаноат, шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 17-уми декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҳайф аст ҳамчунин шахсиятҳое мисли Зайд Саидов қурбони беадолатӣ шавад.
Дар номаи шахсиятҳои фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон ба раиси ҷумҳур аз ҷумла омадааст, "...ки миёни мардум воқеан ҳам маъруфияту маҳбубиятеро соҳиб гаштааст, маҳбубиятеро, ки дар ҷомеа танҳо бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ метавон дарёфт намуд. Саҳме дорад назаррас дар раҳоии мардум аз вартаи ҷанг. Шахсест муваффақ дар ҷодаҳои мухталифи фаъолият, бағоят хоксор, ғамшарики одамон, маърифатпарвар, дорои нангу номуси миллӣ, ҳиммату саховаташ ибратомӯз. Фаъолияти давлативу ҷамъиятиаш ифодаи садоқат ба сиёсати эҷодкоронаи Шумост ва бо пайравӣ аз ин сиёсат ба хотири ободии кишвару беҳбудии мардум корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Бунёди як силсила бинову иншоот, ки маҷмааи «Душанбе-плаза» аз зумраи онҳост, далели ин гуфтаҳост. Дар қатори аввалин нафарони баномуси миллат буд, ки аҳолии аз сел зарардидаи Кӯлобро бо манзили иқомат таъмин кардаанд, тариқи хариди саҳмия ҷонибдориашонро аз иқдоми бағоят муҳими тақдирсози Шумо бобати бунёди Нерӯгоҳи Роғун собит намудаанд."
Чеҳраҳои шинохтаи фарҳанги тоҷик аз президент хоҳиш кардаанд, ки бо истифода аз салоҳиятҳое, ки дорад, дар мавриди сарнавишти Зайд Саидов расидагӣ кунад. Дар ин нома аз ҷумла омадааст, ки «итминон дорем ҷуз дахолати мустақими Шумо ба қазия, илоҷи дигаре дар таъмини риояти қонун ва дарёфти ҳақиқат нест. Мутмаинем, шахсияти Зайд Саидов сазовори чунин таваҷҷўҳ аст».
Номаи шахсиятҳои фарҳангии Тоҷикистон ба унвони раиси ҷумҳур дар ҳолест, ки интизор меравад, имрӯз, 17 декабр Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаҳои соҳибкори маъруф ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав Зайд Саидовро аз сар бигирад. Манобеъи огоҳ аз аз ҷараёни қазия мегӯянд, қозӣ Шавкат Абулхайров ғолибан имрӯз ё фардо ҳукми вазири собиқи саноатро эълон хоҳад кард. Ҳайати додгоҳ баъди шунидани сухани ниҳоии тарафҳо аз ҳафтаи гузашта дар хонаи машваратӣ қарор дошт.
Ин мурофиа дар ҳоле ба поёни худ наздик мешавад, ки бархе манобеъ аз имкони бархе дигаргуниҳо дар қазияи Зайд Саидов ҳарф мезананд, вале зиёд умедвори тағйири ҷиддие дар сарнавишти ӯ нестанд. Бино бар иттилои дарёфтӣ, айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи собиқ вазири саноат ва соҳибкор Зайд Саидов аз додгоҳ хостааст, ки як идда иттиҳомот аз парвандаи мазкур лағв карда шуда, иттиҳомоти дигар барои бозбинӣ ба тафтишот баргардонда шавад.
Ба гуфтаи манобеи огоҳ, сухан аз ҷумла дар бораи ба ҷои моддаи 319-уми Кодекси ҷиноӣ (гирифтани пора) истифода бурдани моддаи 247, яъне қаллобӣ алайҳи вазири собиқи саноат ва соҳибкори маъруф меравад. Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ҳукми додгоҳҳо тибқи моддаи 247 нисбат ба моддаи 319 сабуктар аст ва ҳатто муттаҳам метавонад бо пардохти танҳо ҷарима аз масъулият "халос" шавад. Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, эҳтимоли корбурди ҳукми мусодираи амвол дар мавриди афроди муттаҳам ба қаллобӣ низ камтар аст.
Ҳамчунин ду иттиҳоми порагирӣ аз соҳибкори исфарагӣ Низомхон Ҷӯраев ва аз соҳибкори қазоу Сериқбол Окушев, ки яке ба маблағи 100 000 доллар ва дувумӣ ба маблағи 300 000 доллар буд, бо дархости айбдоркунандаи давлатӣ - муовини додситони кулл Абдусамеъ Додобоев аз парвандаи Саидов ҳазф шуда, дар он танҳо 4 банд боқӣ мондааст.
Манобеъи Озодӣ мегӯянд, ҳамин тавр, парвандаи аввали таҷовуз ба номус, ки алайҳи Зайд Саидов боз шуда буд, баъди ифшои тақаллуби санади ташхиси ДНК аз сӯи вакилони ӯ барои тафтиши дубора фиристода шуда, ин иттиҳом низ амалан дар ҳоли ҳозир аз рӯйхати тӯлонии иборат аз 10 иттиҳом алайҳи Саидов ҳазф шудааст.
Аммо ҳарчанд як иттиҳоми сангини таҷовуз ба номус алайҳи Зайд Саидов лағв шуд, вале парвандаи дувум бо айни иттиҳом ҳифз шуда ва аз 28 соле, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Саидов талаб кардааст, 21 солаш марбут ба ҳамин иттиҳом аст.
Бо ин ҳол, Абдусамеъ Додобоев, айбдоркунандаи давлатӣ аз додситонии кулли Тоҷикистон дар парвандаи Зайд Саидов аз додани як посухи мушаххас ба ин суол, ки оё мақомоти тафтишотӣ дар воқеъ бархе иттиҳомоти алайҳи вазири собиқи саноат ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони навро бозбинӣ мекунанд?, худдорӣ кард: «Ҳоло дар ин маврид ҷониби мо иттилое дода наметавонад. Ҳама иттилоъ дар ихтиёри додгоҳ гузошта шудааст. Қарораш, ки баромад, сипас барои ҳама маълум хоҳад шуд.»
Аммо намояндаи Ожонси мубориза бо фасод, ниҳоди масъули тафтиши қазияи Зайд Саидов дар сӯҳбат бо Озодӣ вуҷуди ҳар навъ дархости айбдоркунандаи давлатӣ дар бораи бознигарии иттиҳомоти зидди Саидовро рад кард.
Мурофиаи парвандаҳои Зайд Саидов аз сӯи Додгоҳи олӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ аз 12 сентябр ба ин сӯ пушти дарҳои баста идома дорад. Феълан ҳайъати додгоҳ ба хонаи машваратӣ рафтааст, то ҳукми худро то ду рӯзи дигар эълон кунад.
Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 5 декабр аз додгоҳ барои Зайд Саидов 28 сол ҳукми зиндон хост. Аммо худи Зайд Саидов, ки аз 19 май дар боздошт қарор дорад, рӯзи 10 декабр дар сухани ниҳоияш дар додгоҳ бори дигар ба бегуноҳиаш пой фишурда, гуфтааст, 28 сол ҳукми зиндонеро, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барояш хостааст, ҳамчун "5 маротиба ба қатл расондан ва баробари ба марг маҳкум кардан қабул мекунам." Зайд Саидов қазияашро бори дигар сиёсӣ хонда, вале гуфтааст, ҳанӯз умедвор аст, ки додгоҳ зимни судури ҳукми ӯ танҳо ба қонун такя мекунад.
Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили дифоъи Зайд Саидов, низ рӯзи ҷумъа дар як нишасти матбуотии вижа гуфт, ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ ҳеҷ як аз иттиҳомот алайҳи собиқ вазири саноат собит нашудааст: «Тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи додгоҳӣ нишон дод, ки ин парванда дар як ҷои холӣ ба вуҷуд омадааст. Мо аз додгоҳ отеъона талаб кардем, ки парванда дар чаҳорчӯби қонун дида баромада шавад, зеро ҳоло на фақат ҷомеаи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ интизори ҳалли одилонаи ин қазия аст.»
Соҳибкори маъруф, собиқ вазири саноат ва раҳбари ҳизби сабтнашудаи Тоҷикистони нав аз рӯи чанд банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, дар умум бар пояи 15 модда муттаҳам мешавад.
Аммо асли парванда ва ончӣ дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов мегузарад, то ба ҳол танҳо ба маълумоти вакилони дифоъ ва Ожонси мубориза бо фасод, ниҳоди масъули тафтиши қазия маҳдуд мешавад. Вакилони дифоъ мегӯянд, азбаски дар ин парвандаҳо мӯҳри махфӣ зада шудааст, дар бораи онҳо то поёни додгоҳ иттилоъе дода наметавонанд. Аммо онҳо низ ин эҳтимолро рад намекунанд, ки мумкин аст, парванда ба таҳқиқи дубора баргардонида ва тафтишу мурофиа ба дарозо кашад.
Дар маҳофил мегӯянд, қазияи Зайд Саидов аз оғоз рангу оҳанги сиёсӣ дошт ва бо назардошти нақши бештар нотариалии додгоҳҳо дар низоми адлияи саропо сиёсатзадаи Тоҷикистон сарнавишти ин соҳибкори "густох" низ на дар "хонаи машваратӣ"-и Додгоҳи олӣ ва на аз сӯи қозияш Шавкат Абулхайров, балки дар доираҳои хеле болотар ё ба истилоҳ дар марказҳои қабули қарор ҳал хоҳад шуд. Ба гуфтаи аҳли назар, ҳамин марказҳо тасмим хоҳанд гирифт, ки Зайд Саидов озод шавад ё бояд дар зиндон бишинад? Ва агар бишинад, барои чанд сол?
чеҳраҳои саршиноси фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол дошта, хоҳиш кардаанд, ки дар мавриди сарнавишти Зайд Саидов, ки Додгоҳи олӣ дар остонаи содир кардани ҳукми ӯ мебошад, дахолат кунад.
Мӯъмин Қаноат, шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 17-уми декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҳайф аст ҳамчунин шахсиятҳое мисли Зайд Саидов қурбони беадолатӣ шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад