Маҳмудҷон Қосимов, узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» рӯзи 8-уми декабр дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, онҳо ният доранд, ҳафтаи оянда ҷаласаи ин ҳизби сабтиномнашударо дар шаҳри Душанбе баргузор кунанд: «Мо ният дорем ҳафтаи дар пешистода ҷаласаи гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав»-ро баргузор кунем. Дар ин ҷаласа масъалаи муайян кардани таърихи баргузор кардани анҷумани таъсисшавии ҳизб баррасӣ мешавад. Инчунин ҳастанд якчанд нафароне, ки хоҳиши пайвастан ба гурӯҳи ташаббускори таъсиси ин ҳизбро доранд ва дар ин ҷаласа ният дорем масъалаи пайвастани онҳоро ба гурӯҳ баррасӣ кунем».
Аъзои ин гурӯҳи ташаббускор пештар эълон карда буданд, ки ҷаласаи навбатиашонро 6-уми декабр баргузор мекунанд, вале ҳоло дар бораи сабабҳои баргузор нашудани он мегӯянд, ки дар ин рӯзҳо баъзе аз аъзои гурӯҳи ташаббускор дар хориҷ аз кишвар қарор доштаанд. Гуфта мешавад дар ин ҷаласа аъзоёни гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» дар мавриди мурофеаи додгоҳии ташаббускори аслии таъсиси ҳизб Зайд Саидов низ изҳорот диҳанд.
Ба гуфтаи ҷаноби Қосимов, баъд аз зиёд шудани фишор болои аъзоёни гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нав дар моҳҳои апрелу майи соли равон, чанд нафар аз гурӯҳи ташаббускор бинобар фаъол набуданашон аз сафи он хориҷ шудаанд. Аммо дар ҳоле, ки Зайд Саидов аз ташаббускорони аслии таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» дар боздошт қарор дорад, оё имкон дорад, ки ин ҳизб ба расмият шинохта шуда ва миёни мардум маҳбубият пайдо кунад?
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳарчанд Зайд Саидов дар зиндон ҳам бошад, аммо вай ҳамчун як рамзи сиёсии ин ҳизб нақш бозӣ кунад: «Аммо мо дар Тоҷикистон як намунаи талхи ҳабси раҳбари ҳизбро дорем, ки пас аз он фаъолияти ин ҳизб камранг шуд. Манзурам Маҳмадрӯзӣ Искандаров аст, ки роҳбари Ҳизби деморат буд ва зиндонӣ шуд. Эҳтимол дорад, ки ҳамин гуна ҳодиса бо ҳизби «Тоҷикистони нав» низ рух диҳад. Яъне, бе роҳбари асосӣ ва бе вуҷуди чунин роҳбар, эҳтимол дорад ин ҳизб инкишоф наёбад».
Ҷаноби Мулоҷонов афзуд, ҳарчанд Ҳизби демократи Тоҷикистон то ҳол вуҷуд дорад, аммо нуфузашро пас аз ҳабси Искандаров хеле аз даст додааст ва коршиносон дигар онро чун як ҳизби мухолиф матраҳ намекунанд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони дигар мегӯянд инкишоф ва нуфуз пайдо кардани ҳизб на аз афроди алоҳида, балки аз заминаҳои ғоявии он бештар бастагӣ дорад.
Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, дар паҳнои кишварҳои пасошӯравӣ ва ҷаҳон бисёр аст мисолҳое, ки роҳбари ҳизб дар зиндон аст, вале ҳизб фаъолияти хешро пеш мебарад: «Масалан дар Украина роҳбари ҳизби «Батковшина» ва ё «Ватан» Юлия Тимошенко дар зиндон аст, вале ҳизб фаъолият дораду ҳатто дар парлумони ин кишвар ҳам соҳиби вакил аст. Ҳизби Нелсон Мандела дар замони дар зиндон будани вай, фаъолият мекард. Яъне, агар зарурати иҷтимоӣ ба ҳизбе мисли «Тоҷикистони нав» пайдо шавад, бо роҳбарии дигар нафар ҳам метавонад нуфуз пайдо кунад».
Ҷаноби Абдулло мегӯяд, пояи мардумии ҳизби «Тоҷикистони нав» дар Тоҷикистон метавонанд соҳибкорони хурду миёна бошанд. Чунки маҳз ин қишри аҳолии Тоҷикистон бештар фаъолу барои ҳимояи манфиаташон ба як ҳизб ниёз доранд. Соҳибкорони калон бошанд бо усулҳои дигар аз манофеашон метавонанд дифоъ кунанд.
Мушкилоти Зайд Саидов бо мақомоти Тоҷикистон вақте оғоз ёфт, ки ӯ рӯзи 6-уми апрел аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби "Тоҷикистони нав" хабар дод. Рӯзи 1-уми май, вақте ӯ дар сафари Аврупо буд, додситонии Душанбе алайҳаш бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда кушода, манзилҳояшро кофтуков ва наздиконашро бозпурсӣ кард. Зайд Саидов гуфт, барои исботи бегуноҳиаш ба Тоҷикистон бармегардад, вале рӯзи 19-уми май, баробари бозгашт, бо вуҷуди мақоми дахлнопазириаш ба ҳайси вакили маҷлиси пойтахт, дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд.