С.Амиршоева: Никоҳи хешутаборӣ миллатро ба нестӣ мебарад

Саодат Амиршоева

Саодат Амиршоева, вакили порлумони Тоҷикистон то ҳол мӯътақид аст, ки никоҳҳои хешутаборӣ дар кишвар бояд қонунан манъ карда шаванд.

Ташаббускори лоиҳаи қонун дар бораи манъи издивоҷи хешутаборӣ дар Тоҷикистон афсӯс мехӯрад, ки натавонист, ин тарҳ дар замони вакилиаш қабул шавад. Аммо ӯ умедвор аст, ки баъди дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон чунин қонун дар ниҳоят қабул мешавад.

Саодат Амиршоева, узви Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон соли 2013 пешниҳод кард, ки қонуне барои пешгирӣ аз издивоҷи хешутаборӣ қабул шавад ва баҳси зиёдеро ҳам дар матбуот барангехт, вале лоиҳаи пешниҳодкардаи ӯ дар ҷевони Шӯрои Маҷлиси намояндагон монд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-уми январ дар паёмаш ба порлумон гуфт, “дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст.” Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар Тоҷикистон тақрибан 13 ҳазор кӯдакону наврасони маъюби то 18- сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд ва бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, ба дунё омадаанд.

Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳои марбута аз ҷумла тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро вазифадор кард, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии ҷавонон қабл аз издивоҷ ва пешгирӣ аз никоҳи байни хешовандони наздикро омӯхта, ба ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд.

Бар тибқи омори вазорати тандурустӣ дар соли 2014 дар Тоҷикистон тақрибан 25 500 кӯдаку навраси маъюб буд, ки 35 дар садашон аз ҷуфтҳое ба ҳам хеш ба дунё омадаанд. Ба гуфтаи табибон, 40 дарсади кӯдакони то яксола ва аз ҷумла кӯдаконии маъюбе, ки дар Тоҷикистон яксола нашуда мефавтанд, аз модароне ба дунё омадаанд, ки бо писари хола, амма ва ё ягон хеши дигари ҳамхуни худ издивоҷ кардаанд.

Акс аз бойгонӣ

Саодат Амиршоева ҳанӯз ҳам бовар дорад, ки пеши роҳи ин зуҳуротро метавон бо қабули қонуне гирифт, зеро идомаи ин зуҳурот миллатро ба нестӣ мебарад. Дар сӯҳбате, ки шоми 27-уми январ бо Саодат Амиршоева дар бораи пешниҳоди раисиҷумҳур барои ҷилавгирӣ аз издивоҷи хешутаборӣ доштам, нахуст аз ӯ пурсидам, ки чӣ ӯро водор кард, ки ба зидди издивоҷҳои хешутаборӣ “ҷанг” эълон кунад:

Саодат Амиршоева: “Моҳи марти соли 2013-ум буд ва мо пешниҳод кардем, барои онки ин дард маро бисёр ташвиш медод. Ман дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар маҳаллаи ургутиҳо зиндагӣ мекардам ва медидам, ки издивоҷи хешутаборӣ дар байни онҳо бисёр аст ва хонае набуд, ки дар он хонаҳо фарзандони маъюбу ноқисулақлу нуқсондошта набошад. Ман инро дида дилам бисёр дард мекард. Падари раҳматиам, ки прокурору раиси суд ҳам буданд, мегуфтанд, ки бояд издивоҷи хешутаборӣ набошад ва мегуфтанд, ки ин як бадахлоқӣ аст, чӣ гуна писари хола, ки ака ҳисоб мешавад, бо духтари хола издивоҷ мекунад? Падарам мегуфт, ки ин ҳам аз назари дини мубини Ислом нодуруст аст ва ҳам аз назари тозагии насл ҳам нодуруст аст. Ман ҳайрон мешудам, ки чаро ягон шахсият, ягон сиёсатмадор, олим, духтур, раҳбар пешниҳод намекунад, ки пеши роҳи ин зуҳурот бо қонун гирифта шавад. Ман фикр мекунам, миллати ман тоҷикон, яке аз зеботарин миллат аст ва мехоҳам ҳамингуна зебову покизаву озода ва бенуқсон бошад. Барои ҳамин ба хулоса омадам, ки як лоиҳаи қонун пешниҳод кунам ва дар Кодекси оила тағйирот ворид кунам, ки хешу табори наздик, фарз кардем, духтарони писарони холаву аммаву амаку тағоӣ бо ҳамдигар издивоҷ накунанд. “

Радиои Озодӣ: Лоиҳаро пешниҳод кардед, вале чӣ шуд, ки монд, қонуне қабул нашуд ва Кодекси оиларо ҳам ислоҳ накарданд?

Саодат Амиршоева: “Намедонам хоҳ мутаасифона бигуям, чӣ гуям, вақте ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардам, дар онҷо як гурӯҳи корӣ таъсис доданд ва ман ҳам ба он гурӯҳи корӣ шомил будам. Вазифаамон ин буд, ки ин масъаларо омӯзему ҳаматарафа санҷем ва сипас барои дастгирӣ кардан лоиҳаро ба ҳукумат ва дигар кумитаҳо пешниҳод кунем. Раҳбари комиссия Назира Ғаффорова, муовини раиси Маҷлиси намояндагон буд, ҳуқуқшиносони шинохта, Амирқул Азимов, Маҳмадалӣ Ватанов, Убайдулло Давлатов ва ман узви комиссия будем ва қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳам қабул шуд. Вале мо як ду маротиба ҷамъ шудем, вале намедонам, бо кадом сабабҳо буд, ки комиссия корашро паспарто кард ва лоиҳа монд. Мегуфтанд, ки мо институтҳои махсус надорем барои омӯхтани ин масъала. Аммо соли 1995 Оғохони 4 ба Бадахшон омада ва издивоҷҳои хешутабориро барҳам дода буд, баъди насиҳати ӯ дар ҳамон сол дигар дар Бадахшон издивоҷи хешутабориро намебинед. “

Радиои Озодӣ: Вале як масъала ҳам ҳаст, ки бе қабули қонун мешавад, пеши роҳи издивоҷи хешутабориро ҳам гирифт, яъне онҳое, ки издивоҷ мекунанд, ба духтур бираванд, хуни худро ташхис кунанд ва дар сурати мувофиқ омадани хунашон издивоҷ накунанд. Дар Кодекси оила ҳамин чиз ҳам гуфта шудааст, магар не?

Саодат Амиршоева: “Ман фикр мекунам, ки ин аз маърифати пасти ҳуқуқии мардуми мо аст, чунки дар Кодекси оила хато накунам, моддаи 15 бошад, чунин гуфта шудааст, ки ҳангоми хонадор шудан, қабл аз ба расмият даровардани санадҳои лозимии издивоҷ дар ниҳодҳои масъули давлатӣ бояд ҳатман аз муоинаи духтур гузаранд. Агар духтур иҷоза бидиҳад, метавонанд издивоҷ кунанд, на фақат муоина барои издивоҷи хешутаборӣ, балки дигар бемориҳои ҷинсӣ, ки сарвари давлат ҳам ба ин ишора кард. Ин бемориҳо ҳам хатарнок аст, барои оила ва барои фарзандон. Мо тоҷикон одат кардем, ки то сарвари давлат нагӯяд, кореро намекунем, ҳарчанд вазорати адлия вазифадор аст, ки барои иҷрои қонун ва қонун дар бораи оила, кафолат диҳад, ки маълумотнома дар бораи тарафҳои издивоҷ ҳатман бошад. Вале мутаасифона ҳамаи ин ба тариқи руякӣ ба анҷом мерасад. Мо медонем, ки ҷомеаи мо бекамбудӣ нест ва ин маълумотномаҳоро бо роҳи ошнобозиву коррупсия бе ташхис ҳам мегиранд.

Радиои Озодӣ: Ҳоло акнун ки раиси ҷумҳур дастур дод, дар сурати омода шудани як чунин лоиҳа шумо низ пешниҳодҳоятонро мефиристед?

Саодат Амиршоева: “Ман ҳамчун вакил ҳамчун ташаббускори лоиҳаи қонун дар бораи манъи издивоҷи хешутаборӣ инро бори аввал дар Тоҷикистон пешниҳод кардаам. Агар мо давлати ҳуқуқбунёду демократӣ бошад, дигар лоиқи пешниҳод кардан нест, ин лоиҳа аллакай ҳаст. Ин лоиҳа дар дасти Шӯрои Маҷлиси намояндагон бо қарораш ҳаст. Ман фикр мекунам, ки онро тақвият додан даркор ва ба ҳукумат фиристодан даркор аст ва ҳукумат хулосаҳояшро бигӯяд ва лозим бидонанд, қабул кунанд. Вале ташвиқу тарғиботе, ки ба зидди издивоҷи хешутаборӣ кардем, натиҷа дод, ҳоло ҷавонон пеш аз издивоҷ бо писари холаву амаку тағо андеша мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Дар лоиҳае, ки гуфтед, чӣ пешниҳод шудааст, ки чӣ гуна издивоҷи хешутабориро мамнӯъ бояд кард?

Саодат Амиршоева: “Мо аввал пешниҳод кардем, ки издивоҷи хешутаборӣ дар Кодекси оила манъ карда шавад. Ва баъдан ба таври таҷриба дар Кодекси маъмурӣ барои ин кор ҷарима таъйин карда шавад ва агар ин гуна қонуншиканӣ ду бор такрор шавад, дар Кодекси ҷиноӣ ҳам ҷазои ҷиноятӣ таъйин карда шавад. Аммо пеши роҳи ин зуҳуротро яку якбора гирифта намешавад, тадриҷан ин корро кардан лозим аст.”

Радиои Озодӣ: Шумо афсӯс намехӯред, ки натавонистед, ингуна қонун дар замони вакил буданатон қабул шавад, зеро салоҳиятҳои шумо то як моҳи дигар тамом мешавад?

Саодат Амиршоева: “Албатта, афсӯс мехӯрам, ман чӣ қадар мубориза бурдам, чӣ қадар таввасути телевизиону радио, таввасути рӯзномаҳои даврӣ чӣ қадар баромад кардам, чӣ қадар мехостам, ки издивоҷи хешутаборӣ нашавад. Ин ҷаноби олӣ бисёр дуруст қайд карданд ва мисол оварданд, ки кланбозӣ, қабилабозӣ мешавад, коррупсия мешавад, миллат барҳам хӯрданаш ҳатто мумкин аст. Барои ҳамин бисёр ҳаракат кардам, давоми дувуним сол бисёр ҳаракат кардам, вале афсӯс ҳамин кор нашуд ва ман афсӯс мехӯрам, ки чаро дар порлумон ин даъфа ҳам худро пешбарӣ накардам. Агар мефаҳмидам, аз тариқи худпешбарӣ номзадиамро мемондам, чунки қабули ин гуна қонун орзуи ман аст. Ҳар кас дар зиндагӣ як мақсад дорад ва ин яке аз мақсадҳои ман буд, вале афсӯс ки ба он ноил нашудам. Вале хурсанд ҳастам, ки ҷаноби олӣ ин масъаларо бардоштанд ва умедворам, масъалаи издивоҷи хешутабориро мебинанд.”

Радиои Озодӣ: Ба онҳое, ки мухолифи ингуна пешниҳод ҳастанд ва мегуянд, ки ҳукумат набояд ба масъалаи издивоҷи хешутаборӣ, ки ҳаққи шаҳрвандии ҳар кас аст, дахолат кунад, чӣ мегӯед?

Саодат Амиршоева

Саодат Амиршоева: “Ман фикр мекунам, ки ин гуна мардум аввал ин ки маърифати ҳуқуқии паст доранд, маърифати оиладории паст доранд, шахсони молпараст ҳастанд. Ман медонам ин гуна корҳо дар миёни одамоне мешавад, ки сарватманду бодавлат ҳастанд, онҳо мехоҳанд, ки молашон ба духтари бегона ва ё писари бегона намонад. Онҳо ингуна ақидаҳои нодуруст доранд, вале намедонанд, ки чизе, ки насибат бошад, ҳамонро соҳиб мешавӣ, насиб накунад, намебинӣ. Мову шумо дидем, ки соли 1992 дар як мижа задан, чӣ қадар хонаҳо аз байн рафт, чӣ қадар одамони бодавлат ҳама чизашонро аз даст доданд, зери хок шуд. Барои ҳамин инро фикр намекунанд, ки дар оянда чӣ гап мешавад. Охир ҳамон як фарзанде таваллуд кунад, ки ноқисулақл бошад, тамоми ҳаёти инсон сӯхта ҳисоб мешавад ва фақат ба хотири чиз. Бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки фарзандашон ноқис таваллуд шавад, духтари хола ва ё тағояш бошад партофта меравад, ки ту ҳамин хел фарзанд таваллуд кардӣ. Оилаҳо вайрон мешавад. Ман судяи собиқ ҳастам, ман ҳамаи ин чизҳоро аз сар гузаронда ва дидаам. Барои ҳамин мехоҳам, ки бо як назари покиза бо ақли солим рафтор кунанд. Солимии имрӯзи оилаҳо солимии давлати мо аст, солимии ҷомеаи мо аст. Агар дар хонаат якто касалӣ дошта бошӣ, як фарзандат, шавҳарат касал бошад, худро бадбахт ҳисоб мекунӣ. Агар як кудаки маҷрӯҳ, ноқисулақл дар хона бошад, ӯ худро эҳтиёт ва ё ҳимоят карда наметавонад, гап зада наметавонад. Магар аз ин ғами бузургтар барои падару модар ҳаст.”

Радиои Озодӣ: Дар худи авлоди шумо, ё аз миёни хешу таборатон, ягон оилае ҳаст, ки зану шавҳар хеш бошанд?

Саодат Амиршоева: “Якто ҳаст, биниши фарзандонашон суст аст. То ҳозира ҳамон кӯдакони бечора ҳар шаш ва ё ҳашт моҳ ташхиси тиббӣ мегузаранд, бо айнак мегарданд. Ҳаст ҳамин хел. Фақат чашмонашон заиф аст, вале илми тиб исбот кардааст, ки агар фарзандон бемори ирсӣ надошта бошанд, он метавонад дар наслҳои оянда дар набераҳо пайдо шавад