Боз як талоши ҳукумат барои наҷоти "Агроинвестбонк"

Муродалӣ Алимардон

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири аз мушкилоти молӣ раҳондани “Агроинвестбонк”-и Муродалӣ Алимардон барномаи вижаеро қабул кардааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири аз вартаи мушкилоти молӣ наҷот додани “Агроинвестбонк”, ки раҳбариашро муовини собиқи сарвазир Муродалӣ Алимардон бар ӯҳда дорад, як барномаи вижа тасвиб кардаст. Дар ин барнома аз ҷумла Додситонии кулл, Оҷонсии зидди коррупсия, Палатаи ҳисоб ва дигар ниҳоди масъули давлатӣ муваззаф шудаанд, то барои баргардондани қарзҳои "Агроинвестбонк" аз ширкатҳову корхонаҳо ва афроди алоҳида кумак кунанд.

Дафтари матбуоти “Агроинвестбонк” 26 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қарор бо имзои раиси ҳукумат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расида, "барномаи беҳбудбахшии вазъи “Агроинвестбонк” барои солҳои 2015 - 2016"-ро дар бар мегирад.

Тавре дар қарори ҳукумати Тоҷикистон таъкид шудааст, дар ҳамкорӣ бо Додситонии кулл, Оҷонсии зидди коррупсия ва Палатаи ҳисоб чораҳои фаврӣ ва ҷиддӣ барои баргардондани саривақтии қарзҳо ба хусус қарзҳое,ки дар ивази мол гирифта шудаанд, ҷуста шавад. Дар қарор омадааст, дар сурати сарпечӣ аз пардохти қарзи бонк қарздорони саркашро ба додгоҳ бисупоранд.

Ҳамзамон дар ин барнома ба “Агроинвестбонк” пешниҳод шудааст, бо мақсади густариши фаъолияти бонкӣ ва беҳбуд бахшидани сифати кори бонк аз фанновариҳои пешрафтаи муосир кор бигирад ва ҷиҳати ҷалби маблағҳо бо бонкҳои шарик ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкории бештареро ба роҳ гузорад.

“Агроинвестбонк” – яке аз бузургтарин бонкҳои тиҷории Тоҷикистон, ки 52 дарсади саҳмияҳояш дар дасти ҳукумат қарор дорад, чанд сол боз бо мушкилоти молӣ дастбагиребон мебошад. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини пешини вазири молияи Тоҷикистон ва феълан муовини якуми Бонки миллӣ дар соли гузашта гуфта буд, “Агроинвестбонк” аз соли 2010 ба ин тараф фаъолияти зиёновар дорад. Нуралиев аммо гуфта буд, ки ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад, ки ин бонк муфлис шавад.

Барномаи нави ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти “Агроинвестбонк” нахустин талоши мақомот барои раҳондани ин бонки бузург аз чанги мушкилоти молӣ нест.

Дар соли 2012 ҳукумат 500 миллион сомонӣ қарзҳои “Агроинвестбонк” ва ҳамин тавр, дар ивази 200 миллион сомонӣ кумак аз буҷаи давлатӣ бастаи назоратии саҳмияҳои ин бонкро харидорӣ кард. Як бахши аъзами қарзҳои “Агроинвестбонк” мероси колхозҳои собиқ ва ширкатҳои фючерсиест, ки дар солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000-ум дар бозори хариду фурӯши пахтаи Тоҷикистон амал мекарданд.

Аммо бо вуҷуди қариб 700 миллион сомонӣ (қариб 150 миллион доллар бо қурби се соли пеш) ёрии молии ҳукумат, фаъолияти “Агроинвестбонк” зиёновар боқӣ монд. Дар моҳи апрели соли 2015 Муродалӣ Алимардон аз мақоми муовини сарвазир озод ва раиси “Агроинвестбонк” таъин шуд. Муродалӣ Алимардон дар солҳои 90 раҳбарии ин бонкро бар дӯш дошт ва бахши зиёде аз қарзҳои ин ниҳоди молӣ низ ба ҳамон даврон бармегарданд. Дар пайи таъиноти Алимардон ба раҳбарии “Агроинвестбонк” аксари таҳлилгарони масоили иқтисодӣ гуфтанд, ки ин узви бонуфузи ҳукуматро маҳз бо ҳадафи наҷоти “Агроинвестбонк” ба мақоми қаблиаш баргардондаанд.

“Агроинвестбонк” 14 феврали соли 1992 дар заминаи бахши тоҷикистонии “Агропромбонк”-и Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, то соли 1997 таҳти номи бонки тиҷории агросаноатии “Шарқ” фаъолият мекард. Дар соли 2009 Бонки аврупоии бозсохт ва рушд бо 11,5 миллион доллар сармоягузорӣ 25 дарсад ҷамъи як аз саҳмияҳои “Агроинвестбонк”-ро харидорӣ кард ва ба ҷумлаи саҳомдорони ин бонки тиҷории Тоҷикистон пайваст.

Ин бонк, бино ба маълумоти сомонаи расмиаш, дар ҳоли ҳозир 61 филиал, 2 маркази амалиётҳо, 65 маркази хидматрасонӣ, 221 нуқтаи додани пули нақд, 163 банкомат ва 192 нуқтаи интиқоли пул дорад. Саҳмияи саҳомдорони “Агроинвестбонк” дар ду соли пеш 385 миллион сомонӣ баровард мешуд.