Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар фермаи "Баракат"-и Муродалӣ Алимардон


Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор сӯхтор дар фермаи чорвопарварии хоҷагии “Баракат”-и марбут ба Муродалӣ Алимардон, раиси “Агроинвестбонк”-ро таҳқиқ мекунад.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ гуфт, ки сӯхтор дар фермаи чорвопарварии хоҷагии "Баракат"-и ноҳияи Ҳисор, ки ба Муродалӣ Алимардонов, раиси "Агроинвестбонк" тааллуқ дорад, шаби 23-уми сентябр рух додааст ва бо эҳтимоли зиёд он барқасдона сурат гирифтааст.

Бар асари ин сӯхтор ҳудуди ҳазор дарза алафи захиравӣ ва қисме аз биноҳо зиён дидаанд, ки бар асоси ҳисобҳои пешакӣ зарари расида беш аз сад ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Давлатзода Абдуҷалил, сардори Хадамоти оташнишонии ноҳияи Ҳисор низ сурат гирифтани ин сӯхторро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, барои хомӯш кардани ин сӯхтор аз шаҳри Душанбе низ мошинҳои оташхомӯшкунӣ даъват шуда буданд. Аммо Давлатзода гуфт, бидуни мактуби расмӣ наметавонад, ин мавзӯро бештар шарҳ бидиҳад. Фермаи чорвопарварии хоҷагии “Баракат”, ки онро ба Муродалӣ Алимардонов марбут медонанд, дар ҷамоати Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор қарор дорад.

Ин ферма дар ҳоле оташ гирифтааст, ки як рӯз аз он пеш Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз он боздид анҷом дод ва онро ҳамчун хоҷагии намунавӣ тавсиф кард. Президенти кишвар хоҷагии деҳқонии “Баракат”-ро дар масъалаи парвариши чорво аз пешсафон унвон кард.

Оташсӯзӣ дар фермаи чорводории Муродулло Алимардон дар ҳоле сурат мегирад, ки соли 2005, замоне, ки ӯ дар мақоми раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ифои вазифа мекард, ба хонаи ӯ ҳамла сурат гирифта буд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон пас аз ҳашт соли ҳамла ба манзили Муродалии Алимардон, 3 нафарро бо ҷурми анҷоми ин ҳамла аз 22 то 24 сол ҳукми зиндон дод.

Ҳамла ба хонаи Муродалӣ Алимардон шаби 29 ба 30 июни соли 2005 дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ноҷии болои ноҳияи Ҳисор, 35-километрии ғарби Душанбе рух дода, ба далели мақоми баланди соҳиби манзил, ки он вақт раиси Бонки миллӣ буд, аз пурсарусадотарин ҷиноятҳои он давра маҳсуб мешуд. Гуфта мешуд, ҳамлагарон аз хонаи собиқ раиси Бонки миллӣ 9 ҳазор доллари нақд ва тилловорӣ ба маблағи 4 ҳазор долларро рабуда, посбони манзил Бозор Саидовро бо таппончаи тамғаи «Макаров» ба қатл расондаанд.

Се омили дуздӣ ва қатли посбони хонаи собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳоло раиси "Агроинвестбонк" Муродалӣ Алимардон - Умед Насриддинов, Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев - дар моҳи майи соли 2013 боздошт шудаанд

Алайҳи аъзои ин гурӯҳ бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ - 104 (одамкушӣ), 130 (одамрабоӣ), 195 (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 249 (роҳзанӣ) ва 254 (соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани амволе, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст) парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда буд.

Муродалӣ Алимардон аз мӯҳраҳои калидӣ дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, гуфта мешавад дар тасмимгириҳои муҳими раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ ва сиёсӣ, таъсиррасон буд.

Аз оқои Алимардон ба унвони яке аз сарватмандтарин давлатмардони тоҷик ҳам ном бурда мешавад, ки замини зиёди кишоварзӣ дар водии Ҳисор бо шумули молу чорво ва чарогоҳҳо дорад.

XS
SM
MD
LG