Алимурод Маханов иттиҳомоти мақомот дар бораи убури ғайриқонунии марзи Афғонистону Эронро рад кардааст.
Вакили мудофеъи Алимурод Маханов, сокини ноҳияи Рудакӣ, ки бо моддаҳои терроризм ва ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ айбдор дониста мешавад, мегӯяд, зерҳимояаш марзи Тоҷикистон бо Эрону Афғонистонро ғайриқонунӣ убур накардааст ва ин ҷурме, ки бар гардани ӯ гузоштаанд, асосе надорад.
Умедҷон Бобоҷонов - вакили мудофеъи Алимурод Маханов рӯзи 16 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки санадҳое, ки наздикони муваккилаш ба тафтишоти пешакӣ пешниҳод кардаанд, нишон медиҳад, ки вай марзи Тоҷикистон бо Афғонистону Эронро ғайриқоунунӣ убур накардааст.
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) Алимурод Маханов, сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, мулаққаб ба “Устод”-ро ба ҷароиме, чун «терроризм», «ҳамкорӣ бо гурӯҳи ҷиноӣ» ва «марзшиканӣ» айбдор медонад. Баъди боздошти Маханов ва шариконаш дар моҳи сентябр тавассути телевизиони давлатӣ филми мустанаде намоиш дода шуд, ки дар он Алимурод Маханов ва ду тани дигари эътироф мекарданд, ки қасди дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таркондани чанд макон дар пойтахти кишварро дар сар доштанд.
Алимурод Маханов фориғутаҳсили донишгоҳи Зоҳидони Эрон буда, борҳо барои бозгашт ба Тоҷикистон аз марзи Эрону Афғонистон убур кардааст. Аммо Умедҷон Бобоҷонов – вакили мудофеъи ӯ мегӯяд, «санадҳо ба мисли раводид ва иҷозатномаи убур ҳангоми гузаштан аз хатти марз, рӯйхати колое, ки вай дар вақти убури марз пешниҳод кардааст, ҳамаашро пешниҳод кардем, ва ин санадҳо ба гузориши КДАМ дар хусуси ин ки дар таърихи фалон рӯз вай хатти марзро гӯё вайрон кардааст, мувофиқат мекунад.»
Ба гуфтаи вакили мудофеъ, ҳоло тафтиши пешакии парвандаи Алимурод Маханов идома дорад ва ҳамроҳ бо гурӯҳи зудамали тафтишотии КДАМ дар авохири ҳафтаи гузашта ӯро ба хотири анҷоми ҳаракатҳои тафтишотӣ ба ресторани «Марди худо» ва «Ҳоҷиён»-и Душанбе ва ҳамчунин ба як мавзеъи Обигарм бурдаанд. Ба нақли Умедҷон Бобоҷонов, дар ин ресторанҳо Маханов бо одамони алоҳида дидору мулоқот кардааст ва ӯ кай ва дар кадом мавзӯъ сурат гирифтани ин мулоқотҳоро шарҳ додааст.
Аммо мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ ва додгоҳи Исмоили Сомонӣ аз шарҳу тавзеҳи бештари ҷараёни тафтиши парвандаи Алимурод Маханов то замони оғози дубораи мурофиаи ин гурӯҳи 10-нафара худдорӣ мекунанд.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон шоми 24-уми сентябри соли равон бо пахши як филми мустанади тақрибан 15-дақиқагӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон аз боздошти гурӯҳи Маханов, ки ба гуфтаи ин мақомот, ба анҷоми “ҳамлаҳои террористӣ” дар Душанбе дар пешорӯи интихобот омодагӣ мегирифт, хабар дод.
Алимурод Маханов, ки раҳбари ин гурӯҳ ном бурда мешавад, дар ин навор эътироф мекунад, ки онҳо мехостанд, чанд гӯша дар маркази Душанберо “бикафонанд.” Ӯ аз ҷумла аз биноҳои вазорати умури дохила ва кумитаи давлатии амнияти миллӣ ном бурд: “Моҳи ноябр гуфтанд. Мехостанд ки қабл аз интихобот шикаст бидиҳанд ин мамлакатро.”
Гӯяндаи навор илова карда буд, ки Алимурод Маханови 29-сола қабл аз боздошташ алакай чанд амали тахрибкорӣ ва таркишро дар Душанбе анҷом дода буд ва “аз манзилҳои иҷораи аъзои гурӯҳи ӯ дар кӯчаҳои Фучик ва Қаробоев 2 туфангчаи Макаров ва адабиёти ифротӣ, нақшаҳои таркиш ва тарзи тайёр кардани маводи тарканда, воситаҳои мухобира.. ва сарулибоси ҷангӣ барои содир намудани амалиёти тахрибкорӣ дарёфт ва мусодира гардид.” Вале мушаххасан гуфта нашуд, ки ин таркишҳо аз тарафи Маханов кай ва дар куҷои пойтахт сурат гирифтаанд?
Аммо ҳоло Алимурод Маханов ки дар боздоштги КДАм қарор дорад, тавассути наздиконаш гуфтааст, ки ба ҳеҷ кадом аз иттиҳомоти алайҳаш эълоншуда дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ розӣ нест ва ба ягон амали террористӣ даст назадааст.
Дар арафаи тақрибан ҳар маъракаи сиёсии муҳим дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар пешорӯи интихоботҳояш вуқӯъи як ё якчанд таркиш, ягон ошӯби маҳдуд ва «идорашаванда» ваё гузоришҳои мақомот дар бораи хунсо кардани талоши «ҳамлаҳои террористӣ» ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ҷараёни муҳокимаи парвандаҳои вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов ва фармондеҳи пешини Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев, ки бо ҷароиме сангине, чун «терроризм» ва «хиёнат ба ватан» аввалӣ ба муддати 15 сол ва дувумӣ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, аз ҷумла иддао мешуд, ки онҳо дар пиёда кардани чунин таркишҳо дар остонаи интихоботҳо дар поёни солҳои 90 даст доштанд.
Аммо интихоботи имсолаи президентии Тоҷикистон бо вуҷуди зиёд тарсондани мардум аз эҳтимоли такрори рӯзҳои сиёҳи даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 рӯзи 6 ноябр бидуни кадом ҳодисаи хушунатомезе сурат гирифт ва бо пирӯзии навбатии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.