Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯ бо наздикони "террорист" А.Маханов


Алимурод Маханов
Алимурод Маханов

Падари Алимурод Маханов, ки бо иттиҳоми "терроризм" дастгир шудааст, мегӯяд, ба "террорист" шудани фарзандаш бовар намекунад

Боймирзо Маханов, падари Алимурод Маханов, як нафари гумонбар ба аъмоли террористӣ, ки ба гуфтаи мақомот, мехост бинои вазорати дохилӣ ва кумитаи амнияти Тоҷикистонро мунфаҷир кунад, мегӯяд, ки писари ӯ ҳудудан як моҳ қабл аз боздошташ аз ноҳияи Рӯдакӣ берун шуд ва хонаеро дар шаҳри Душанбе иҷора гирифта буд. Маханов пайдо шудани як ҷойи кор дар шаҳрро далел пеш овардааст ва гуфааст, як дӯсти ғармӣ дорад, ки иҷорапулии хонаро медиҳад ва барояш дар мадраса кор пайдо мекунад.

Аммо, мегӯяд Боймирзо Маханов, баъди ду рӯз телефонаш хомӯш шуд. Ӯ баъди 16 рӯз вақте аз сарнавишти писараш огоҳ шуд, ки ходимони амниятӣ хонаи онҳоро кофтукоб карданд: «Вазъи саломатиям хуб набуд. Барои муолиҷа ба Шаҳринав рафта будам, ки занам занг зада гуфт, амниятиҳо аз Душанбе омада, хонаро кофтукоб доранд. Ҳамаро партофта омадам. Кормандони амният ману ҳамсар ва келинамро барои бозпурсӣ бурданд.»

Мусоҳиба бо Боймирзо Маханов - падари Алимурод Маханов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00
Линки мустақим

Боймирзо Маханов дар нахустин мулоқот ба писараш, дар таърихи 25 октябр гуфтаст, ки ҳамчун падар аз ӯ ҳимоят мекунад, " аммо агар ту ин ҳама корро карда бошӣ, пас ман чӣ бигӯям?" - гуфтааст ӯ. Алимурод Маханов дар сӯҳбат бо падар иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо рад кардааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 24 сентябр Алимурод Маханов, мулаққаб ба “Устод”, дар як филми мустанад, ки аз тариқи шабакаҳои давлатӣ пахш гардид сарвари "гурӯҳи террористӣ" будани худро эътироф кард ва гуфт, ки онҳо мехостанд, чанд бинои муҳими Душанберо “бикафонанд.” Ӯ аз ҷумла аз биноҳои вазорати умури дохила ва кумитаи давлатии амнияти миллӣ ном бурд ва гуфт: “Моҳи ноябр гуфтанд. Мехостанд ки қабл аз интихобот шикаст бидиҳанд ин мамлакатро.

Пайвандони Алимурод Маханови 29-сола мегӯянд, ӯ 25 сол боз илми Исломро меомӯзад. Маханов сараввал дар назди домулло Қорӣ Низомуддин дар ноҳияи Рӯдакӣ сабақ гирифта, баъдан барои идомаи таҳсил бо устодаш ба Туркия рафтааст. Пас аз ду соли таҳсил Алимурод Маханов аз Туркия озими Зоҳидони Эрон шуд ва пас аз як соли дигар ӯро барои дониши хуб ба мадрасаи «Салтанат- бӣ-Нурия»-и Покистон фиристанд.

Вақте ки сокинони маҳаллаи Заркамари ҷамоати Чоргултеппа дар ноҳияи Рудакӣ ҳамсояи худ Алимурод Маханови 29-соларо дар телевизион диданд ва шуниданд, ки вай мехост, чанд биноро дар маркази Душанберо «бикафонад», дар ҳайрат монданд. Онҳо мегӯянд, Алимуродро дар кӯча хеле кам медиданд, зеро ӯ аксар вақт дар полези ҳавлияш ба деҳқонӣ машғул буд.

Акнун гуфта мешавад, ки сокинони маҳалла ба саломи аҳли хонаводаи Алимурод Маханов алейк намегиранд. Бисёриҳо муносибатро бо ин оила кандаанд ва падари Алимуродро ба маъракаҳои худ кам даъват мекунанд.

Гулмурод Эгамов, раиси маҳаллаи Заркамар дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Озодӣ гуфт, аслан худи Алимурод Махановро хуб намешиносад, аммо бо вазъи хонаводаи онҳо ошност ва онро як «оилаи камбағал дар хонаи одии тоҷикона» меномад.

Қарор аст, рӯзҳои наздик муҳокимаи парвандаи Маханов ва се шарики ӯ дар додгоҳи Тоҷикистон оғоз ёбад. Мақомот мегӯянд, барои айбдор кардани ин гурӯҳ далелҳои кофӣ дар даст доранд, аммо наздикони гумонбаршудагон айбномаро беасос мешуморанд.

Алимурод Маханов зану ду фарзанд дорад. Зӯҳро Эшмуродова, ҳамсари Алимурод Маханов, ки бо забони тоҷикӣ ба сахтӣ сӯҳбат мекунад, гуфт, ки шавҳараш ҳамеша ба ӯ аз ояву ҳадисҳои Қуръон ҳарф мезад. Ӯ мегӯяд, дар мавриди ҷиҳоду амалҳои террористӣ шавҳараш бо ӯ ягон маротиба сӯҳбат накардааст. Хонум Зӯ ҳро мегӯяд, баъди боздошти шавҳараш бо ӯ ягон маротиба мулоқот накардааст ва танҳо як маротиба барои бозпурсӣ ба Кумитаи амният даъват шудааст: «Дар амният ба мисли шумо саволҳои зиёд медоданд, ки шавҳарам дар куҷо таҳсил кардааст? Ӯ дар бораи чӣ гап мезад? Ба чӣ корҳо машғул буд? Куҷо мерафт? Зиндагиямонро чӣ тавр пеш мебарем? Маротибаи охир кай дидам ва чӣ гуфта аз хона баромад? Ва монанди инҳо.»

Дар филми мустанаде, ки телевизиони Тоҷикистон пахш кард, гуфта мешуд, Алимурод Маханови 29-сола қабл аз боздошташ алакай чанд амали таҳрибкорӣ ва таркишро дар Душанбе анҷом дода ва “аз манзилҳои иҷораи аъзои гурӯҳи ӯ дар кӯчаҳои Фучик ва Қаробоев 2 туфангчаи Макаров ва адабиёти ифротӣ, нақшаҳои таркиш ва тарзи тайёр кардани маводи тарканда, воситаҳои мухобира ва сарулибоси ҷангӣ барои содир намудани амалиёти таҳрибкорӣ дарёфт ва мусодира гардид.” Аммо мушаххасан гуфта нашуд, ки таркишҳои қаблӣ аз тарафи Маханов кай ва дар куҷои пойтахт сурат гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG