Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маханов бо вакил таъмин шуд (ВИДЕО)


Мавлудхон Салиҳов, раиси Маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Сино рӯзи 9-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи дарххости додгоҳи Исмоили Сомонӣ ва муфатиши парвандаи Алимурод Маханов, вай бо вакли мудофеъ таъмин карда шуд.

Мавлудхон Салиҳов, гуфт, ки вакили мудофеъи Алимурод Маханов, ки дар қасди амалӣ кардани «як силсила таркишҳо» дар потахт айбдор дониста мешавад Лутфулло Холиқов, ҳуқуқшиноси Маслиҳатхонаи ноҳияи Синои пойтахт таъин шудааст. Ба гуфти ҷаноби Салиҳов, ин вакили дифоъ аллакай ба омӯзиши парвандаи Алимурод Маханов оғоз кардааст ва бояд то авоили моҳи декабр, ки мурофиаи ин парванда дубора оғоз хоҳад шуд, омодагӣ гирад.

Бо оғози баррасии парвндаи ин гурӯрҳи 10 нафара дар мурофиаи додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки дар бинои СИЗО баргузор шуд, баъзе аз ин гумонбарҳои ба «амалиёти террористӣ» аз ҷумла Алимурод Маханов вакил мудофеъ надоштанд. Тавре Мавлудхон Салиҳов мегӯяд вай худаш доштани ҳимоятгаррор рад кардааст.

Аммо додраси додгоҳ бинобар такмил нашудани тафтишоти пешкӣ мурофиаи ояндаро ба авоили моҳи декабр мавқуф гузошт ва аз муфатиши ин парванда талаб кардааст, ки Алимурод Маханов ва онҳое, ки вакили мудофеъ надоранд бояд бо ҳимоятгари ҳуқуқӣ таъмин карда шаванд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон шоми 24-уми сентябр бо пахши як филми мустанади тақрибан 15-дақиқагӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон ҷузъиёти бештареро дар бораи боздошти гурӯҳе, ки ба таҳияи “ҳамлаҳои террористӣ” дар Душанбе дар рӯзҳои интихобот омодагӣ мегирифт, хабар дод.

Дар мурофиаи нахустини парвандаи ин гурӯҳи 10 нафар додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ аз муфатиши Алимурод Маханов, сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва мулаққаб ба “Устод”, ки раҳбари ин гурӯҳ ном бурда мешавад, дар ин навор эътироф мекунад, ки онҳо мехостанд, чанд гӯша дар маркази Душанберо “бикафонанд.” Ӯ аз ҷумла аз биноҳои вазорати умури дохила ва кумитаи давлатии амнияти миллӣ ном бурд: “Моҳи ноябр гуфтанд. Мехостанд ки қабл аз интихобот шикаст бидиҳанд ин мамлакатро.”

Гӯяндаи навор гуфт, Алимурод Маханови 29-сола қабл аз боздошташ алакай чанд амали тахрибкорӣ ва таркишро дар Душанбе анҷом дода буд ва “аз манзилҳои иҷораи аъзои гурӯҳи ӯ дар кӯчаҳои Фучик ва Қаробоев 2 туфангчаи Макаров ва адабиёти ифротӣ, нақшаҳои таркиш ва тарзи тайёр кардани маводи тарканда, воситаҳои мухобира.. ва сарулибоси ҷангӣ барои содир намудани амалиёти тахрибкорӣ дарёфт ва мусодира гардид.” Аммо мушаххасан гуфта нашуд, ки ин таркишҳо аз тарафи Маханов кай ва дар куҷои пойтахт сурат гирифтаанд?

Вале Боймирзо Маханов, падари Алимурод Маханов, даст доштани писарашро ба чунин аъмол боварӣ надорад. Боймирзо Маханов мегӯяд, ки писари ӯ ҳудудан як моҳ қабл аз боздошташ аз ноҳияи Рӯдакӣ берун шуд ва хонаеро дар шаҳри Душанбе иҷора гирифта буд. Маханов пайдо шудани як ҷойи кор дар шаҳрро далел пеш овардааст ва гуфааст, як дӯсти ғармӣ дорад, ки иҷорапулии хонаро медиҳад ва барояш дар мадраса кор пайдо мекунад.

Мусоҳиба бо Боймирзо Маханов - падари Алимурод Маханов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG