Мақомоти тоҷик дар ҷашни "Наврӯз" ба аёдати сарбози маъюбшуда Шаҳбол Мирзоев рафтанд ва қавл додаанд, ки ҳазинаи табобати ӯро пардохт хоҳанд кард.
Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи яке аз қисмҳои низомии марзбонӣ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки имрӯз, 21-уми март фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба аёдаташ омада, ваъда додааст, ки гунаҳкорон дар қазияи ӯро муҷозот хоҳанд кард. Ӯ афзуд, ки Раҷабалӣ Раҳмолӣ ҳамчунон ваъда додааст, ки ҳазинаи ҷарроҳиаш аз сӯи давлат комилан пардохт хоҳад шуд.
"Озодӣ" рӯзи 21-уми март ба аёдати Шаҳбол рафт, то хурсандӣ ва сурури наврӯзиро бо ӯ шарик созад. Шаҳбол орзу доштааст, ки дар мусобиқаи имсолаи волейбол миёни қисмҳои низомӣ ширкат кунад, аммо ҳоло орзуи ӯ ин аст, ки ҳарчӣ зудтар шифо ёбад.
Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 март баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Худи ӯ мегӯяд, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки сирри ин қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона овардаанд.
Мақомот: Шаҳболро назадаанд, фақат ... гуштӣ гирифтаанд
Сарраёсати сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 20 март бо пахши як изҳорот хабарҳои нашршуда дар бораи бар асари латтукӯб дар маҳалли хидмат маъюб шудани сарбози қатории қисми ҳарбии 2620-и нирӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоевро беасос номид. Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар шарҳи ин қазия, ки рӯз 8 март дар як қисми низомии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст, мегӯяд, сарбози қаторӣ Усмоналӣ Ғайратов қасдан Шаҳбол Мирзоевро зада маъюб накардааст: "Асли воқеа чунин аст: ҳолати қасдан зада маъюб кардани сарбози қаторӣ Шаҳбоз Мирзоев аз ҷониби сарбози қаторӣ Ғайратов Усмоналӣ Маҳмадшарифович воқеият надорад, зеро мақсади Ғайратов У. М. танҳо гӯштингирӣ ва бартарӣ нишон додан дар назди дигарон буд."
Дар ин баёния гуфта мешавад, ки Шаҳбол то осеб бардоштан аз гуштигирӣ мавриди латтукӯб қарор нагирифтааст ва танҳо барои муолиҷаи дарди дандон ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбии 2620 барои табобат муроҷиат карда буд.
Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, «новобаста аз он ки нисбат ба Ғайратов Усмоналӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад аз тарафи масъулини Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ и Тоҷикистон оид ба ҳодисаи мазкур санҷиши хизматӣ бурда шуда, ҳамаи шахсони сабабгор, ки беаҳамиятии онҳо боиси осеб ба сиҳҳати Мирзоев Шаҳбол шудааст, ба ҷавобгарии интизомӣ, то барканор кардан аз мансаб, кашида мешаванд.»
Мақомоти марзбонӣ дар ин изҳорот ҳамчунин гуфтаанд, ки Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери нуқтаи тиббии қисми ҳарбии 2620, «фарзанди ягон шахси мансабдор»и додситонии кулли Тоҷикистон нест, балки баракс гӯё ҷабрдида Мирзоев Шаҳбол хешу табори наздики яке аз собиқ мансабдорони додситонии кул ба шумор меравад.»
Дар ҳамин ҳол, бино ба гузориши хабаргузории "Азия Плюс", додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе дар қарори расмиаш дар мавриди кушодани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Усмоналӣ Ғайратов навиштааст, ки гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо ин кӯҳнасарбоз шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда кушодаанд.
Баёнияҳои зиддунақиз дар бораи қазияи шикастани гардани Шаҳбол Мирзоев дар қисми низомӣ дар ҳоле нашр мешаванд, ки то ҳол маълум нест, хароҷоти ҳангуфти табобаоти комили ӯро кӣ пардохт мекунад?
Мақомоти марзбонӣ дар изҳороти худ мегӯянд, табобати Шаҳбол Мирзоев дар беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи боло таҳти назорати табибони беморхонаи марказии ҳарбии нирӯҳои марзбонӣ ҷараён дорад ва тамоми доруву дармони лозим барояш расонда мешавад. Бино бар ин изҳорот, муолиҷаву табобат ва ҷарроҳӣ тибқи талаботи қонуни Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба таври ройгон таъмин карда мешаванд.
Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол мегӯяд, табибони хориҷӣ харҷи табобати Шаҳболро 64 000 евро ҳисоб кардаанд, вале ӯ, ки рӯзгори хонаводаашро аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия таъмин мекард, тавони ҷамъ овардани чунин маблағи бузургро надорад ва ба ин далел хонааш дар ноҳияи Аштро ба фурӯш гузоштааст. Аммо дар изҳороти мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар ин бора ки оё ин ниҳод ё ниҳодҳои дигари давлатии Тоҷикистон пардохти харҷи табобати комили ӯ дар хориро ҳам бар дӯш мегиранд ё на, чизе гуфта нашудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад