Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафтари Омбудсмен қазияи Шаҳболро зери назорат гирифт


Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ин ниҳод парвандаи Шаҳбол Мирзоев, марзбони 23-соларо, ки ҳамхидматонаш маъюб кардаанд, таҳти назорат гирифтааст. Ҳусниддин Нидоев, сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандии дафтари ваколатдор, ки рӯзи 18 март ба аёдати Шаҳбол Мирзоев рафтааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сӯҳбат бо Шаҳбол маълум шуд, ки ҳолаш хуб нест, ҳарчанд қисми низомӣ доруҳои лозимии ӯро таъмин мекунад. Ба гуфтаи Ҳусниддин Нидоев, дар сӯҳбати 15-дақиқаӣ бо Шаҳбол аз ҳолу аҳволаш пурсида ва дар бораи ҳодисаи рухдода сӯҳбат кардааст. Ин сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт мегӯяд, ки ӯро шаби 8-уми март, ҳамхидматонаш дар воҳиди низомии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ латукӯб карда ва сутунмӯҳраашро шикастаанд. Сарбози қисми ҳарбии 2620-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки қудрати ҳаракат надорад, феълан дар шифохонаи Қарияи Боло муолиҷа мегирад. Табибони Шаҳбол ҳам гуфтаанд, ки барои шифои комил ёфтани сарбози ҷавон ӯ бояд ҳатман ҷарроҳӣ шавад. Нӯъмон Мирзоев падари Шаҳбол мегӯяд, ки барои амалиёти ҷарроҳӣ ва ба по хезондани писараш 64 ҳазор евро лозим аст, ки ӯ надорад ва аз ин рӯ, онҳо хонаашонро дар ноҳияи Ашт ба фурӯш гузоштаанд. Ҳусниддин Нидоев гуфт, ки бо модари Шаҳбол ҳам гуфтугӯ кардааст ва афзуд, ки парвандаи Усмон Ғайратов ҳамхидмати Шаҳбол, ки ба маъюб кардани ӯ муттаҳам дониста шудааст, таҳқиқ мешавад. Усмон Ғайратов ба «риоят накардани қоидаҳои низоми қисми ҳарбӣ” муттаҳам мешавад ва метавонад ба мӯҳлати аз 2 то 10 соли зиндон маҳкум шавад. Қазияи Шаҳбол, ки сару садои зиёдеро дар матбуоти Тоҷикистон барангехт, дигарбора масъалаи бадрафтории афсарон ва сарбозони калонсол бо сарбозони навхидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро доғ кард. Ин ҳодиса дар остонаи мавсими баҳории давъват ба сафи артиш рух дод, ки бешак ба ҷараёни он ва ҳазар кардани ҷавонон аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳро таъсир хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG