Муҷозоти 2214 падару модар барои рафтори фарзандон

Танҳо дар чор моҳи соли ҷорӣ ва танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 2 200 падару модар бо ҷурми "бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд" муҷозот шудаанд.
Бар пояи маълумоти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, бештар он падару модароне ҷазо диданд, ки фарзандонашон ба талбандагиву оворагардӣ машғул шуда ё бо телефонҳои ҳамроҳ ба мактаб рафтаанд.

Баширхон Иброҳимов, сардори бахши кор бо ноболиғон дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, рӯзи 8-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд дар мактабҳои шаҳри Душанбе миёни толибилмон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯрӣ бо волидайни онҳо баргузор мегардад, боз ҳам қонунвайронкуниҳои маъмурӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҷаноби Иброҳимов ҳамчунин мегӯяд, бештари ин гуна қоидавайронкуниҳо ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар мактабҳо сабт мешавад. Ба ин далел, ба гуфтаи вай, дар соли ҷорӣ нисбати 2 214 волидайн мутобиқи моддаи 90-и "Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" протоколи маъмурӣ тартиб дода, ба додгоҳҳои шаҳри Душанбе ирсол гардидааст.

Баширхон Иброҳимов меафзояд: «Агар таҳлил кунем, бештари падар ё модарони муҷозотшуда онҳое мебошанд, ки фарзандонашон оворагардӣ ё талбандагӣ мекунанд. Ба дарсҳо бо худ телефони мобилӣ бурда, ё ба интернет-кафеҳо мераванд, ки маъмулан дар ин гуна ҷойҳо ба қонуншиканиҳои маъмурӣ даст мезананд. Тибқи қонуни масъулияти падару модар, падару модар набояд фарзандони худро бе назорат монанд.»

Аммо тавре ба назар мераса, додгоҳҳои шаҳри Душанбе бештар модаронро муҷозот мекунанд, то падари хонаводаро.

Баширхон Иброҳимов инро низ тасдиқ мекунад, ки парвандаҳои маъмурӣ бештар алайҳи модарон тартиб дода мешавад, аммо ба гуфтаи ӯ, шумори падарони ҷаримашуда низ аз модарон чандон кам нест.

Таҳлилгарони тоҷик бар инанд, ки сабаби бештар ҷарима шудани модарон дар қиёс ба падарон мухталиф аст. Агар як сабаби бештар ҷарима шудани модарон бо ҷурми "каммасъулиятӣ дар тарбия фарзанд" аксаран дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷа будани шавҳарони онҳо бошад, сабаби дигар ин аст, ки иддае аз мардон корманди давлатӣ буда, намехоҳанд, ки номашон чун падари бемасъул расонаӣ шавад ё "доғи судӣ" дар оянда монеи пешрафти онҳо ба мақомҳои баландтар шавад.

Ҳатто дар қазияи пурсарусадои Расули Амонуллоҳ, писари раиси вақти ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон, ки ба ҳалокати се нафар ва маҷрӯҳ шудани 4 тани дигар дар як садамаи нақлиётӣ гумонбар мешуд, дар ниҳоят додгоҳ модари ӯро ба ин далел, ки писараш ними шаб дар кӯча мегашт, 120 сомонӣ ҷарима баст. Падари Расул - Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ - аз ҷавобгарӣ эмин монд, ҳарчанд ин ҳам натавонист дар ниҳояти амр мақоми баланди ӯ дар ҳукуматро барояш ҳифз кунад.

Мунира Иноятова, таҳлилгари масоили маориф ва вазири собиқи маорифи Тоҷикистонт дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Қонуни «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъкид нашудааст, ки модар муҷозот шавад ё падар. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки модаронро барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзандон бештар ҷарима мекунанд.

Ба қавли ин таҳлилгари тоҷик, ҳатто дар ҷаласаҳои мактабӣ низ модарон аз падарон дида фаъолтар ширкат мекунанд. Падарон дар маҷлисҳои мактабӣ қариб ки иштирок намекунанд: «Ман ҷонибдори он нестам, ки модарон ҷарима шаванд. Бигузор бо роҳи машварат маърифати волидайн баланд бардошта шавад, то онҳо дар тарбияи фарзанд худро масъул донанд. Ҷарима кардан ин як навъ фишанг ба ҳисоб меравад.Набояд болои модар ё падар фишор истифода шавад. Албатта, вақте фишор ба кор бурда мешавад, волидайн ҳам кӯшиш мекунад, ки фарзандро беназорат намонад, аммо аз ҷониби дигар, ин роҳи ҳалли масъала буда наметавонад.»

Аммо қонуни масъулияти падару модар то куҷо ба беҳбуди тарбияи фарзандон таъсир кардааст? Мунира Иноятова гуфт, азбаски тайи 3 соли гузашта аз тасвиби ин қонун таҳлиле анҷом нашудааст, гуфтан душвор аст, ки ин қонун то куҷо волидайнро пурмасъул кардааст ё не?

Вале бисёриҳо аз он шикоят мекунанд, ки қонуни масъулияти падару модар дар амал ба як манбаи дигари фасод, бахусус барои масъулини макотиб ва нозирони минтақавӣ табдил ёфтааст, ки ҳар сари чанд вақт ба хотири чизе аз падару модарон рӯёндан ба кӯчаҳо ба "шикор" мебароянд. Ба гуфтаи онҳо, хеле зиёд иттифоқ меуфтад, ки кӯдаконро ҳатто дар роҳи онҳо ба сӯи мактаб ба истилоҳ мебардоранд ва ба милисахона меоранд, то аз падару модари онҳо бо таҳдиди тартиб додани протоколи маъмурӣ "ҳаққ"-е бирӯёнанд.

Мояи дигари норозигии падару модарон ҷаримабандиҳои бемантиқ, барои мисол, барои ба мактаб бурдани телефони мобил аст, ки дар асри 21 маъное надорад ва ҳам мухолифи асли озодиҳои шаҳрвандист.

Расул, як сокини 45-солаи Душанбе, ки барои телефони мобил доштани писараш аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 40 сомонӣ ҷарима шудааст, мегӯяд, ин ғайриқонунӣ аст. Ба қавли ин сокини шаҳри Душанбе, ки писараш дар синфи 8-ум таҳсил мекунад, худи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мантиқӣ нест. Волидайн, алалхусус падарон субҳ то шом дар коранд ва чӣ гуна метавонанд аз дунболи фарзандонашон рӯз то бегоҳ назорат кунанд?

Вай мегӯяд: «Шояд ҷомеа ба ин қонун зарурат дошта бошад, аммо тарзи татбиқи он нодуруст аст. Ин қонун падар ё модарро муваззаф мекунад, то аз субҳ то бегоҳ аз дунболи фарзандаш назорат барад. Аммо мо дар кор ҳастем. Ягона роҳе, ки тадқиқи дар куҷо будани фарзанд имкон дорад, ин телефони ҳамроҳ аст. Аммо телефони ҳамроҳро ҳам барои кӯдакон манъ кардаанд. Барои бо худ ба мактаб бурдани телефон ҷарима таъин шудааст. Пас мо намедонем, дигар чӣ кор кунем. Охир ба кор наравем, нашавад.»

Ба ақидаи Расул, шояд беҳтар он бошад, ки падарон ба кор раванд ва масъулияти тарбия ва назоратии фарзандон қонун ба дӯши модарон гузошта шавад. Ва табъан муҷозот ҳам модарон шаванд.

Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Тоҷикистон соли 2011 қабул шуда, ҳамасола ҳазорҳо волидайн бар асоси он ҷарима баста мешаванд.