Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримаи волидон барои таровеҳи фарзандон


Додгоҳи ноҳияи Темурмалик 7 сокини ин ноҳияро барои барои ширкати фарзандони ноболиғашон дар намози таровеҳ ҷарима кард.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулини ҳукумати ноҳия, қабл аз моҳи Рамазон онҳо ба волидайн ҳушдор дода буданд, то аз иштироки фарзандони ноболиғашон дар намози таровеҳ ҷилавгирӣ кунанд.

Мирзохон Сангов, раиси ноҳияи Темурмалик гуфт, барои фаҳмидани он, ки то кадом андоза Қонуни "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар ҳудуди ноҳия амал мекунад, санҷиши муштарак гузарониданд, ки дар пайи он 7 ноболиғ боздошт гардид. Ӯ мегӯяд, барои ин волидайни 7 ноболиғ бо маблағҳои 300 то 500 сомонӣ ҷарима шуданд.

Ӯ гуфт: “Қонун-қонун аст ва онро бояд риоя кард. Агар ҷиддӣ назорат набарӣ, ҳеҷ кас дигар гӯш намекунад. Марҳамат, аз 18 сола боло шуд, касе монеа намешавад, омада намозашро хонда рафтан гирад. Лекин то ин вақт давраи таълиму тарбия гирифтан аст. Ӯ дар таровеҳ ҳам иштирок кунад, ҳеҷ чизро намефаҳмад. Барои ҳамин хубтараш ақлу савод ёд бигирад ва баъд аз 18 солагӣ намоз мехонад ё не, кори худаш. Мо кӯшиш мекунем, ки дар ноҳия Қонуни "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро риоя кунем”.

Волидайни ин ноболиғон худро гунаҳкор намедонанд ва мегӯянд, фарзандонашон ҳеҷ кори ғайриқонунӣ накардаанд. Яке аз онҳо, ки зикри номашро муҳим надонист, гуфт: “Ҳар рӯз ноболиғон иштирок мекунанд ва касе чизе намегӯяд. Ҳамин, ки раис дид, дигар масъулон ба ҷои салла калла оварданд. Наход, ҳамин намоз хондан гуноҳ бошад? Агар дар беҳудагардӣ онҳоро меқапиданд ва ҷарима мекарданд, мо ҳеҷ гила намекардем. Фарзандонамон ҳамроҳи худамон мераванд ва боз ҳамроҳи худамон меомаданд, ҳеҷ кори бад намекарданд. Мо ҳаволаи ҳамаро ба Худо мекунем, дигар ба ҳеҷ ҷое шикоят надорем. ”

Шариф Абдулҳамидов, намояндаи Кумитаи кор бо дин ва танзими расму оинҳо дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, аз аввали Рамазон барои аввалин бор аст, ки дар ноҳияи Темурмалик ноболиғонро барои таровеҳ ҷарима мекунанд. Ӯ гуфт, Қонуни "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" бояд дар дигар ноҳияҳо ҳам амал кунанд ва масъулин ширкати ноболиғон дар таровеҳро назорат кунанд, зеро инро қонун манъ кардааст.

Қонуни "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" беш аз ду сол боз фаъолият дорад ва ҳамеша аз ҷониби рӯҳониён он интиқод мешавад. Рӯҳониён мегӯянд, рафтани писарон ба масҷидро Худованд дар Қуръон аз сини 12 солагӣ иҷозат додааст.

Маҳмадшариф Набиев, раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, онҳо ҳамеша аз ин қонун интиқод мекарданд, зеро он озодиҳои динии сокинонро нақз мекунад. “Мо эълон медорем, ки 99 дар сади мардуми Тоҷикистон мусалмон аст. Пас бояд қонунҳое қабул кард, ки озодиҳои динии 99 дар садро поймол накунад. Дар чунин ҷомеа қонунро бояд бо дину мазҳаби мардум мутобиқ сохт, то ихтилоф ба вуҷуд наояд. Манъи намозгузории ноболиғон дар масҷид хилофи фармудаҳои Худованд аст. Қонун бояд ин нуктаро дар назар бигирад. ”

Ин аввалин мавриди муҷозот шудани иддае аз сокинон барои ширкати фарзандонашон дар намози таровеҳ дар моҳи мубораки Рамазон аст. Зимнан, бар асоси қавонини Тоҷикистон рафтани ҷавонони то 18 сола ба масҷид манъ аст.
XS
SM
MD
LG