Темур Ҳафизов, додраси парванда ва муовини раиси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи чоршанбеи 4-уми декабр дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ки "додгоҳ А. Мусоева, модари Расули Амонулло ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 3 нишондод, яъне маблағи 120 сомонӣ маҳкум кард."
Ба гуфтаи ҷаноби Ҳафизов. "А. Мусоева, модари Расули Амонулло, худи ҳамин рӯз маблағи 120 сомонӣ ҷаримаро супурдааст."
Темур Ҳафизов, дар посух ба ин суол, ки чаро падар не, балки модари Расули Амонулло ҷавобгар шудааст, гуфт, ки "А. Мусоева ба унвони модари Расул, масъулияти бештаре дар таълиму тарбияи он доштааст.
Нисбати модари Расули Амонулло, писари раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллои Ҳукуматулло, дар пайи садамаи нақлиётии писараш, ки шаби 9-уми октябр рух додаву боиси марги 3 нафар гардид, парвандаи маъмурӣ боз шуда буд.
Садамаи нақлиётии шаби 9-уми октябр, ки бо иштироки писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон Расули Амонуллои 16-сола ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он, 3 нафар кушта ва 3 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин яке аз пурсарусадотарин қазияҳои соли охир мебошад.
Ҳарчанд Вазорати корҳои дохилӣ расман хабар дода буд, ки дар он садама Расули Амонулло дар сари чамбари БМВ-и ба садама дучоршуда нишаста буд, вале Амонуллои Ҳукуматулло дар як изҳороти худ матбуотро дар тӯҳмату бӯҳтон айбдор кард ва гуфт, ки "ҳеҷ имкон надорад, ки писари ман дар сари чанбари мошин нишаста бошад".
Дар ҳамин ҳол, дар робита бо ҷараёни тафтиши садамае, ки се нафарро куштаву се тани дигарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, нисбати иштирокчии дигари садама - Умар Шарипов, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Вале нисбати Расули Амонуллоҳ чизе гуфта намешавад.