Кумитаи андози Тоҷикистон тайи як назарпурсӣ аз сокинон дар бораи андозбандӣ ва рафтори кормандонаш суол кардааст. Мақомот мегӯянд, аз 500 нафар, дар маҷмӯъ, ба нӯҳ суол ҷавоб гирифтанд, ки иддае хостори поин бурдани молиёт шуда ва гурӯҳе дигар пешниҳод кардаанд, то ҷаримаҳои маъмурӣ камтар карда шавад. Ин назарсанҷӣ мустақим аз тарафи масъулони Кумитаи андоз анҷом нашуда, балки бо ёрии Маркази таҳлилии "Шарқ" сурат гирифтааст.
Ҳоло соҳибкорони тоҷик 10 навъи андоз месупоранд. Иқтисодшиносон низ мегӯянд, ҳудуди 80 дарсади даромади буҷети Тоҷикистонро андозу боҷи гумрукӣ ташкил медиҳанд.
Иқболшо Баҳриев, як масъули Кумитаи андоз, рӯзи 27 ноябр гуфт, ки ҳадаф аз ин пурсиш “омӯхтани вазъ буд”. Вай афзуд, ба хотири онки натиҷаҳои ин назарсанҷӣ мунсифона пешниҳод шавад, кумита аз хидмати кормандони Маркази таҳлилии “Шарқ” истифода кардааст. “Дар ин маърака на танҳо суолу ҷавоб шуд, балки пешниҳоди мардум низ сабт гардид. Чунки ҳама нуқтаи назарҳо барои беҳбуди кори мо зарур ҳастанд”, - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.
Бино ба хулосаи ин пурсиши Кумитаи андоз, ки як нусхаи он дар дасти Радиои Озодӣ низ ҳаст, 39 дар сади пурсидашудаҳо аз рафтори кормандони андоз шикоят кардаанд. 3 дар сад аз риоя нашудани одоби хизматчии давлатӣ ва 4 фисад аз “амалҳои коррупсионии” кормандони мақомоти андоз гуфтаанд.
Иқболшо Баҳриев ҳам гуфт, сокинон пешниҳод кардаанд, ки бояд “корҳои фаҳмондадиҳӣ” миёни кормандони Кумитаи андоз бештар карда шавад. “Дар пайи ин пурсиш дар семоҳаи оянда ба нақша гирифтем, ки барои аз байн бурдани камбудҳо машваратҳоро баргузор кунем. Ҳар камбуде, ки андозсупорандаҳо ҳангоми сӯҳбат таъкид карданд, назоратро дар он самт пурзӯр мекунем”, - афзуд ӯ.
Ин пурсиш дар ҳолест, ки соҳибкорону андозсупорандаҳо сабаби “фирор аз андозро” ба гаронии он рабт медиҳанд. Бисёре аз соҳибкорон бовар доранд, ки бо пардохти пурраи андозҳо ва риояи тамоми расмиёт фаъол нигоҳ доштани корхона ё тиҷорат дар Тоҷикистон ғайриимкон аст, зеро қисмати зиёди даромад барои андоз сарф мешавад ва барои сармоягузорӣ маблағе боқӣ намемонад.
Майсара Қурбонова, ки ба тиҷорати хурд машғул аст, гуфт, бо онки ҳар моҳ 700 сомонӣ андози давлатро месупорад, вале кормандони Идораи андоз дар як “рейд” таъкид кардаанд, бояд “мошинаи хазинавӣ” бигирад, вагарна ҷарима хоҳад шуд. Аммо, ба гуфтаи Қурбонова, дар дӯконҳои хурде, ки онҳо савдо мекунанд, гузоштани чунин дастгоҳҳо метавонад монеи тиҷораташон шавад. “Ҳама ҳуҷҷат дорад, вале бо ҳар баҳона ҷарима мекунанд. Дигар чӣ кор кунем. Илоҷ нест. Шояд аз ҳамин ҳисоб буҷаи кишварро пур кардан мехоҳанд?” – суол гузошт Майсара.
Нӯҳ саволи Кумитаи андоз аз мардум:
Рафтори кормандони мақомоти андоз ҳангоми хизматрасониҳо чӣ гуна аст?
Хизматрасониҳои электронӣ то кадом андоза кори Шуморо осон намуд?
Оё аз хизматрасониҳои Колл – сентри Кумитаи андоз, ки бо рақами соддакардашудаи «151» амал менамояд, истифода кардаед?
Оё байни Шумо ва кормандони мақомоти андоз гуногунфаҳмӣ дар бораи муқаррароти Кодекси андоз ба вуҷуд омадааст ва Шумо онро чӣ тавр бартараф менамоед?
Оё қабули шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти ҳудудии андоз дар сатҳи дахлдор амалӣ мешавад?
Семинар-машваратҳо дар кадом сатҳ ба роҳ монда мешаванд?
Хизматрасонӣ дар самти мошинаи назорати хазинавӣ (МНХ) чӣ тавр сурат мегирад?
Оё медонед, ки Кумитаи андоз мошинаи назорати хазинавии дорои хотираи фискалии бо таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ (ТИЭ) насбшударо дар фаъолияти андозсупорандагон роҳандозӣ намудааст?
Ба фикри Шумо барои рушди минбаъдаи соҳибкорӣ асосан кадом омилҳои халалрасон мавҷуданд?
Ҳоло соҳибкорони тоҷик 10 навъи андоз месупоранд. Иқтисодшиносон мегӯянд, 80 дарсади даромади буҷети Тоҷикистонро андоз ва боҷи гумрукӣ ташкил медиҳанд ва кишвар манбаи дигари даромад надорад.
Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик, гуфт, “бо таваҷҷӯҳ ба ин, дар кишвар сатҳи андозситонӣ хеле болост ва соҳибкорону андозсупорандагонро мегурезонад. Онҳо нисфи даромад аз тиҷорати худро пинҳон медоранд ва, ҳамин тавр, ба буҷа низ андоз камтар ворид мешавад. Дар натиҷаи баланд будани сатҳи андоз иқтисоди пинҳонӣ дар Тоҷикистон густариш ёфтааст.”
Ширкати машваратии “Price Water House Coopers” низ ахиран Тоҷикистонро дар радифи кишварҳое ҷой дод, ки молиёти баланд доранд. Ин раддабандӣ низоми андозбандӣ дар 189 кишварро барои соли 2017 фаро мегирад.
“Price Water House Coopers” рейтинги худро аз рӯйи чор нишондиҳанда, аз ҷумла нархи умумӣ, фурсате ки барои андозсупорӣ сарф мешавад ва номгӯи молиёт тартиб додааст. Ин ширкат бори молиётии Тоҷикистонро 65,2 дар сад ҳисоб кардааст. Дар ҳоле ки ин рақам дар Қирғизистон 29, Қазоқистон 29,2 ва Узбакистон 38,1 дар садро ташкил медиҳад.