Кумитаи андози Тоҷикистон пас аз тафтиши фаъолияти ширкати "Мегафон» 94 миллион сомонӣ андози пардохтношударо пайдо кардааст. Ширкат ба навбаи худ ба додгоҳи иҷтисодии Душанбе шикоят бурдааст ва ин додгоҳ рӯзи 20 август ин шикоятро баррасӣ мекунад. Қаблан ширкати «Вавилон – М» низ аз қарори кумита ба додгоҳ ва аз корманди ин ниҳод ба Додситонии кулл муроҷиат карда буд. Ин ширкат низ қарзу ҷаримаҳои Кумитаи андозро, ки 344 миллион сомонӣ, ҳудуди 68 миллион доллар ҳисоб шудаанд, қабул надорад. Ин дар ҳолест, ки Кумитаи андоз «Мегафон»- ро дар қатори шашгонаи «Беҳтарин андозсупорандагони соли 2013» эълон карда буд. Дар мавриди силсилабаҳсҳои Кумитаи андоз бо ширкатҳои мобилии Тоҷикистон суҳбате доштем бо Ғафурҷон Эркаев раиси анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ва ибтидо пурсидем чаро Кумитаи андоз имсол назарашро дар бораи онҳо якбора дигар кард?
Эркаев: Касе кор намекунад, хато ҳам намекунад. Аммо барои чӣ баъди қабули Кодекси нави андоз қариб ҳамаи ширкатҳои мобилӣ дучори мушкил шуданд, то як андоза шубҳабарангез аст. Бубинед, натанҳо ширкатҳои мобилӣ, балки дигар андозсупорандагони калон, назири “Созидания” ва “Газпромзарубежнефтегаз” низ бо Кумитаи андоз мушкил доранд. Ҳоло ширкатҳои мобилии мо бо Кумитаи андоз ворид баҳси додгоҳӣ шуданд ва ҳамакнун додгоҳ муайян хоҳад кард, ки кӣ ҳақ аст.Ҳоло лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодекси андози Тоҷикистон таҳия шуда истодааст. Дар доираи ин тағйиротҳо боз мехоҳанд, ки андози аксизро аз 3 дарсад то ба панҷ дарсад боло баранд. Мо албатта кӯшиш карда истодаем, ки тағйиру иловаҳои мо низ ба ин Кодекс ворид карда шавад. Аммо бояд гӯям, ки Кумитаи андоз назари моро дар мавриди ин андозситонӣ комилан ба инобат намегирад. Мо борҳо ба Кумитаи андоз бо пешниҳодҳои мушаххаси худ муроҷиат карда будем. Аммо натиҷа надод. Дар он ҷо моро шунидан намехоҳанд.
Озодӣ: Дар сурате, ки додгоҳ қазияро ба суди Кумитаи андоз ҳал кунад, пардохти чунин андозу ҷаримаҳои ҳангуфт ба ширкатҳои мобилӣ чӣ таъсир хоҳад дошт? Ширкатҳо қудрати пардохти ин маблағҳоро доранд, варшикаста нахоҳанд шуд?
Эркаев: Ҳадди ақал ин ба инқирози соҳаи алоқаи мобилӣ мунҷар хоҳад шуд. Чунки дигар ширкатҳои мобилӣ қудратӣ харидории технологияҳои нав ва рушди алоқаи мобилиро нахоҳанд дошт. Ҳол он ки технологияҳои мобилӣ ҳар рӯз нав мешаванд. Раисҷумҳур дар ҳар баромадаш таъкид мекунад, ки низоми андозситонӣ бояд содда карда шавад, бизнес бояд аз сери соя барояд ва корашро ба таври шаффоф ба роҳ монад. Ширкатҳо маоши воқеии кормандонашонро нишон диҳанд ва аз он андоз супоранд, то ин ки сармояи хориҷӣ ба кишвар ҷалб шавад. Аммо бо ин гуна вазъият чи гуна мешавад сармояи хориҷиро ба кишвар ҷалб кард? Аксар ширкатҳои бузург бо Кумитаи андоз мушкил доранд. Ҳеҷ мумкин нест, ки ҳамаи ширкатҳо бад бошанд. Ин вазъият комилан қобили фаҳм аст. Мо дарк мекунем, ки Кумитаи андоз бо ҳар роҳе бошад бояд нақшаи будҷаи давлатро иҷро кунад. Аммо якбораи ситонидани андози ҳангуфт аз ширкатҳои бузург боиси варшикаста шудани онҳо метавонад шавад. Бо ширкатҳое, ки ба будҷет даромад меоранд, ин гуна муносибат кардан мумкин нест. Мо набояд манбаи даромади будҷаро ба якборагӣ нест кунем. Мо ба як муколамаи фарогир байни бизнеси калон ва Кумитаи андоз ниёз дорем. То ин ки роҳале пайдо карда шавад, ки ҳам ширкатҳоро ва ҳам мақоми андозситониро қонеъ созад.
Озодӣ: Таъсири ин ҳама ҷаримаю андозҳои ҳангуфте, ки Кумитаи андоз дар нисбати ширкатҳои мобилӣ эъмол кардааст дар ояндаи наздик чӣ гуна хоҳад буд? Моро чи интизор хоҳад шуд, гароншавии нархи гуфтугӯҳои мобилӣ, гароншавии интернет ва ё чӣ?
Эркаев: Ҳар як ширкати мобили сармоягузори худро дорад. Онҳо шӯрои директорон доранд. Онҳо пас аз ҳукми додгоҳ тасмим хоҳанд гирифт. Аммо мешавад гуфт ин тасмими онҳо албатта ба фоидаи муштариёни алоқаи мобилӣ нахоҳад буд. Чунки арсаи алоқаи мобилӣ хароҷоти зиёд дорад. Доимо бояд таҷҳизотҳо иваз карда шаванд. Вақте, ки фоидаи ширкатҳо аз хароҷоташон камтар шуд онҳо албатта тасмим мегиранд. Чунки аксарияти ин ширкатҳо дар сатҳи байналмилалӣ кор мекунад. Саҳмияҳои онҳо дар биржаи молии Лондон харидуфурӯш мешавад. Менеҷерони онҳо вазъиятро таҳлил карда хулосабарорӣ мекунад. Ҳеҷ кас ба зарари худ кор намекунад. Дар мавриди мушкилоти ширкатҳои мобилӣ ва Кумитаи андоз кор аллакай ба ҷое расидааст, ки бояд президент ба ин масъала дахолат кунанд. Ба ҷуз он нафар ҳеҷ кас ин мушкилро ҳал карда наметавонад.