Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Вавилон-Мобайл» мақоми Кумитаи андозро ба додгоҳ кашид


Ширкати «Вавилон-Мобайл» як намояндаи баландпояи Кумитаи андозро ба ифшои сирри андоз айбдор кард.

Ширкати «Вавилон-Мобайл» сардори раёсати назорати Кумитаи андоз Карим Партоевро айбдор кард, ки пеш аз итмоми тафтиш ҷузъиёти онро ошкор кардааст. «Вавилон-Мобайл», ки яке аз калонтарин ширкатҳои робитаи мобилии Тоҷикистон аст, зидди ҷаноби Партоев бо иттиҳоми нақзи моддаи 90 ва 93-и Кодекси андоз, яъне махфӣ доштани сирри андоз ва ҳифзи маълумот ҳангоми иҷрои вазифа ба Додситонии кул ариза бурдааст.

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи «Вавилон-Мобайл» рӯзи 31-уми июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки ширкати «Вавилон-Мобайл» рузи сешанбе шикояти худро алайҳи Карим Партоев, сардори раёсати нозирот оид ба андоз ба Додситонии кул супурд ва интизори тафтиши мунсифонаи рафтори як мақоми давлатӣ аст.

Бино бар шикояти «Вавилон-Мобайл» Карим Партоев бо ин кор талаботи Кодекси андозро вайрон карда,ба эътибори ширкат зарба ворид намудааст.«Вавилон-Мобайл» мегуяд аз Додситонии кулл интизор дорад, ки тафтиши дақиқ ва мунсифонаи масъалаи мазкурро анҷом хоҳад дод.

Шикояти «Вавилон-Мобайл» дар ҳоле садо медиҳад, ки раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода дар нишасти хабарии кумита рӯзи 21-уми июл ин ширкатро қарздор эълон кард ва гуфт, он бояд ба буҷа 341 миллион сомонӣ пардозад. «Вавилон-Мобайл» ду рӯз баъдаш ин иддаоро беасос шумурд ва эътироз кард, ки раиси Кумитаи андоз ҳақ надошт, ширкатро қабл аз поёни баҳси додгоҳӣ, қарздор эълон кунад. Дар баёнияи он гуфта мешавад, ки «худ расонаӣ кардани маълумоти мазкур дар ин нишасти матбуотӣ аз тарафи раиси Кумитаи андози кишвар хилофи талаботи муқаррароти қонунгузории кишвар аст.»

Ширкат гуфт, тафтиши фаъолияти молии он барои давраи аз 1 январи соли 2011 то январи соли 2013 аз тарафи Кумитаи андоз комилан комилан ғайриқонунӣ буда, «Вавилон-Мобайл» танҳо аз ҳисоби даромади хадамоти асосиву иловагии мавриди баҳс қароргирифта дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 19 миллиону 289 ҳазору 644 сомонӣ андозҳои мустақиму ғайримустақим пардохт кардааст.

БАҲСИ КУМИТАИ АНДОЗ ВА ШИРКАТҲОИ МОБИЛӢ

Эътирози «Вавилон-Мобайл» дар ҳоле нашр мешавад, ки раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар посух ба шикояти раиси Иттиҳодияи ширкатҳои мобилӣ Ғафур Эркаев рӯзи 31-уми июл гуфт, муроҷиатномаи ӯ дар бораи он ки гӯё Кумитаи андоз ин ширкатҳоро зери фишор гирифтааст, баёнгари заъфи онҳост. Вай иддаои онро, ки ширкатҳои мобилӣ беш аз ҳад андозбандӣ мешаванд, беасос ва "иштибоҳбарангез" номид.

Ҷаноби Давлатзода зикр кард, ки «бар хилофи гуфтаҳои Ғафур Эркаев дар солҳои 2010-2013 ягона тағйире, ки дар ин қисмат ба қонунгузории андоз (моддаи 241 Кодекси андоз, 29.12.2010, №667) ворид гардида буд, ин бо андози аксизӣ андозбандӣ намудани ширкатҳои алоқаи мобилӣ аст, ки аз аз (01.01.2011) мавриди амал қарор дорад»

Аммо Асосиатсияи ширкатҳои мобили 7 июл бо пахши номаи худ дар расонаҳои хабарӣ зикр кард, ки «дар соли 2013 ҳиссаи андоз нисбат ба маблағи фурўш 32% -ро ташкил дод, вале бо назардошти санҷишҳои андоз, ин нишондиҳанда 45 дарсадро ташкил дод, ҳол он ки ширкатҳо хароҷоти марбут ба нигаҳдорӣ ва хизматрасонии тиҷорати худро низ ба дӯш доранд.»

Аммо Раиси Кумитаи андоз дар посухи хеш меафзояд, ки дар муддати се соли охир бо ҷорӣ гардидани андози аксизӣ барои хизматрасониҳои ширкатҳои алоқаи мобилӣ арзиши хизматрасониҳои мобилӣ зиёд нашуда, баръакс ба ҳадди назаррас арзон шуд.

Вай меафзояд, ки «пайвасткунии байнишабакавӣ як қисмати алоҳидаи амалиёти қабул ва интиқоли иттилоотро (садоро) ташкил намуда, бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқи ду оператори гуногунро ба ҳамдигар пайваст менамояд, ки агар ширкати мобилии якум барои гуфтугўи мобилӣ аз мизоҷон даромад гирад, пас ширкати дуюм барои пайвасткунии байнишабакавӣ тавассути шабакаҳои барқии худӣ аз ширкати якум подошпулӣ ба даст меорад».

Ба ин тартиб барои анҷом додани амалиёти пайванди як муштарӣ бо муштарии дигар ду шартнома баста шуда, ду амалиёти мустақил анҷом дода мешавад. Якум, шартномаи муштарӣ бо ширкати мобилӣ буда, дуюм, шартномаи ширкати мобилӣ бо ширкати дигари мобилӣ мебошад. Ҷаноби Давлатзода зикр мекунад, ки далели мазкур нишон медиҳад,ки иддаои раиси Иттиҳодияи ширкатҳои мобилӣ беасос мебошад ва нашри номаи вай дар саҳифаҳои васоити ахбор нишони «заъф»-и Эркаев ба шумор меояд.

Ғафур Эркаев, раиси Иттиҳодияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи 7 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯзҳо ширкатҳои мобилӣ аз ҳар сомонӣ 32 дирамашро барои андоз сарф мекунанд, дар ҳоле ки ширкатҳо харҷҳои дохилии худро низ доранд. Вай меафзояд, Иттиҳодияи ширкатҳои мобилӣ бо назардошти андозбандиҳои зиёд маҷбур шуд ба вазири молия ва раиси Кумитаи андоз муроҷиат кунад, ки мавзӯъро бознигарӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG