Мақомоти ширкати “Сомон Эйр” мегӯянд, ки парвози ҳавопаймои мусофирбари ин ширкат ба самти Тошканд, ки қарор буд имрӯз, 20 феврал шурӯъ мешуд, сурат нагирифт. Мақомоти ин ширкати ҳавоии Тоҷикистон мегӯянд, ҳарчанд онҳо иҷозати парвозро доштанд, фурудгоҳи шаҳри Тошканд ба онҳо гуфтааст, ки ба қабули ҳавопаймои Душанбе омода нест.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ дар дафтари матбуоти ширкати “Сомон эйр” хабар доданд. Ин масъул гуфт, ки 26 мусофир қарор буд субҳи имрӯз ба пойтахти Узбакистон парвоз мекарданд, вале Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд аз қабули он худдорӣ кардааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки сабаби чунин ранг гирифтани вазъро намедонанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки сабаби чунин ранг гирифтани вазъро намедонанд.
Дар баёнияи расмии ин ширкат, аз ҷумла гуфта шудааст, ки "хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», самти Душанбе-Тошканд, ки интизор буд имрўз, 20 феврал парвоз мекард, амалӣ нагашт. Дар санаи 10 феврал, ҳангоми музокирот дар Тошканд ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иҷозат дода шуда буд, ки дар санаи 20 феврал ба фурудгоҳи Тошканд парвоз иҷро намояд. Аммо имрўз "Сомон Эйр" аз фурудгоҳи Тошканд хабаре қабул кардааст, ки парвозҳо дар самти зикргардида манъ шудаанд. Дар ширкати "Сомон Эйр" ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло дар амри ҳалли чанд масъалаи фаннӣ ба хотири азсаргирии парвозҳо дар самти Душанбе-Тошканд-Душанбе музокироте бо масъулини ширкати "Ӯзбекистон ҳаво ӣӯлларӣ" идома дорад.
Тавассути хатсайри мунтазами аввалин бояд ба Тошканд 26 мусофир парвоз мекард. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз мусофирони хатсайри мазкур барои эҷод кардани нороҳатӣ маъзарат мепурсад. Ба ҳамаи мусофирон маблағҳое, ки барои харидории чипта сарф намуда буданд, баргардонида шуданд. Ба баъзе мусофирон чипта ба хатсайри Душанбе-Хуҷанд тартиб дода шуд".
Аз ин пеш муовини аввали раиси кулли ширкати "Сомон Эйр" Алишер Рустамов дар сӯҳбат бо хабаргузории "Интерфакс" гуфт, ки ин ҷо “Сомон Эйр” гуноҳ надорад ва бо сабаби адами иҷозат, парвоз ба самти Тошканд анҷом нашуд. “Мо иҷозати мақомоти ширкати ҳавоии Узбакистонро дорем, вале Тошканд манъ кард ва мо парвоз накардем. 26 мусофири мо бо билетҳояшон дармонданд. Мо тавассути шабакаҳои дипломатӣ ба ҷониби Узбакистон муроҷиат кардем ва ҳоло ин парвоз ба рӯзи панҷшанбеи 23 феврал ба таъхир гузошта шудааст. Мо розӣ будем, ки ҳадди аққал бар асоси иҷозати якдафъаина мусофиронро то Тошканд бурд расонем”,- гуфт Рустамов.
Ҳоло мушаххас нест, ки рӯзи 23 феврал ҳам ин парвоз анҷом мешавад ё на. Дар ҳоле, ки тавофуқи азсаргирии парвозҳои миёни Душанбеву Тошканд баъди 25 соли таъхир охирин бор ва ба таври расмӣ дар ҷараёни музокироти рӯзи 10 феврали мақомоти ҳавоии Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Тошканд ҳосил шуда буд.
“Мо сертификати истифодаи ин хати парвоз ва дигар масъалаҳоро бо ҷониби Узбакистон мувофиқа карда будем. Қарор буд, ки “Сомон Эйр” ҳар рӯзи душанбе ба самти Тошканд ҳафтае як бор парвоз мекард. Ҷониби Узбакистон гуфт, ки аз тобистон ба парвоз дар самти Тоҷикистон мепардозад. Ҳоло ин кори Узбакистонро ман на дарк карда метавонам ва на шарҳ додан”,- гуфт ӯ.
Нахустин ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон рӯзи 10 феврал дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Тошканд пас аз 25 соли қатъи парвозҳо фуруд омад. Муддати парвози ҳавопоймо байни пойтахтҳои ду кишвар ҳамагӣ 45 дақиқа буд. Масъулони ширкати "Сомон Эйр" он замон гуфтанд, ки парвози 10 феврал озмоишӣ ва фаннӣ буда ва парвозҳои маъмулӣ аз рӯзи 20 феврал оғоз мешаванд.
Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон, эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аст. То кунун сокинони ҳарду кишвари ҳамсоя фақат аз роҳи заминӣ ба қаламрави ҳамдигар мерафтанд. Байни ду кишвар то кунун низоми раводид вуҷуд дорад.
Дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон қатъ шуд. Пеш аз ин, солҳо Душанбе бо шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон ва Қӯқанд иртиботи ҳавоӣ дошт ва ҳафтае даҳҳо парвоз миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Узбакистон анҷом мешуданд.