Ба иттилои расмӣ, чаҳор мард рӯзи 23-юми август 12 нафар, аз ҷумла ҳашт маъмури зиндонро дар маҳбаси Суровикинои Волгоград гаравгон гирифта, вале дар як амалиёти нерӯҳои вижа кушта шуданд.
То кунун дар бораи ҳувияти гаравгонгирҳо маълумоти ба ҳам зид нашр шудааст.
Пештар расонаҳои русӣ гузориш дода буданд, ки гаравгонгирҳо "ду шаҳрванди Тоҷикистон" ва "ду шаҳрванди Узбекистон" ҳастанд. Аз онҳо Назирҷон Тошов (Тоҷикистон), Наврӯзи Рустамҷон (Тоҷикистон), Рамзиддин Тошев (Узбекистон) ва Темур Ҳусейнов (Узбекистон) ном бурданд.
Модари Темур Ҳусейнов рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо расонаҳои русӣ гуфтааст, маълумоти паҳншуда дар бораи писараш, аз ҷумла зиндонӣ будани ӯ, дуруст аст, аммо дар навору аксҳо худаш нест.
Дертар манбаъҳои наздик ба мақомоти амниятии Русия, бавижа саҳифаи "База" дар Телеграм, навиштанд, ки номи шаҳрвандони Узбекистон – Рамзиддин Тошев ва Темур Ҳусейнов – ба таври иштибоҳӣ дар пайванд ба ҳодисаи Волгоград нашру паҳн шудааст. Онҳо гуфтанд, ширкатдорони дигари ин воқеа Шобдулкаримхон Каримов (Тоҷикистон) ва Шоҳиҷахон Сайфиев (Узбекистон) ҳастанд.
Мақомоти Русия дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Ба гузориши расонаҳои Русия, Шобдулкаримхон Каримов, 38-сола, аз шаҳри Душанбе, устоди варзиш дар таэквондо, дар соли 2018 ҳамроҳи 5 нафари дигар, ба ҷумлаи як зан, ба паҳн кардани маводи мухаддир айбдор ва ба 8 сол зиндон маҳкум шуда, аммо то охир ин айбномаро рад кардааст. Дар маҳбас бо варзиш машғул будааст. Мақомоти Русия ӯро саркардаи ошӯб донистаанд.
Ҳарчанд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар эъломияе омодагии худро барои муайян ва боздошт кардани шарикони гаравгонгирҳо баён дошт, дар бораи тоҷикони муттаҳам дар ин қазия маълумот надод.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Олга Романова: “Дар зиндонҳои Русия Қуръонро медаронанду монеи намозхонӣ мешаванд”