Олга Романова раҳбари созмони “Русияи зиндонӣ” ("Русь Сидящая") аст, ки рӯзи ҷумъа ҳам вақти бӯҳрони гаравгонгирӣ дар маҳбаси Волгоград бо дигар зиндониҳои муассисаи рақами 19 дар тамос буд.
Ӯ дар як мусоҳибааш бо хабарнигори Радио Свобода – Бахши русии Радиои Озодӣ Артём Радигин гуфт, баъди ҳамла ба “Крокус сити ҳолл” ва муттаҳам шудани аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар зиндонҳои Русия ҳам вазъият хеле сангин шудааст.
Радиои Озодӣ: Ҳодисаи гаравгонгирӣ дар зиндони вилояти Волгоград баъди айни чунин ҳодиса дар зиндони Ростови лаби Дон дар моҳи июн рух дод. Оё ин ду ҳодиса ба ҳам пайванд доранд ё на?
Олга Романова: Аз як сӯ, дар ин ҳодисаҳо як пайванде вуҷуд дорад – ин вокуниш ба ҳодисаҳо дар кишвар дар шароити маҳбасҳо мебошад. Аз сӯи дигар, талоши худро чун тарафдори “Давлати исломӣ” нишон додани чор ҳамлагар бисёр аҷиб менамояд. Ин талоши онҳо аз он ҷост, ки дигар такягоҳе надоранд. Муллое, ки маълум нест ба зиндон рафт ё нарафт (имомхатиби Волгоград), як фиребгар будааст. Зиндони 19 ҳамеша як муассисаи “сурх” дониста мешуд. Раҳбари зиндон Девятов бо бераҳмиҳои фавқулоддааш маъруф аст ва ӯ ба Пригожин ва баъдан вазорати дифои Русия, аз ҷумла аз ҳисоби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ (барои сафарбарӣ ба ҷанг) одами зиёд додааст. Ҳоло дар дохили ин зиндон даҳҳо маҳбусон аз Херсон ҳастанд, ки ноябри соли 2022 рабуда шуданд. Онҳо замони ишғоли вилояти Херсон бо мақсади номуайян аз ҷониби ҳукуматиҳои Русия рабуда шуданд.
Радиои Озодӣ: Шумо зиндонро “сурх” номидед, яъне ин ба он маъност, ки он ҷо ҳокими вазъият маъмурияти аз ҷониби ҳукумат таъиншуда асту зиндониҳо таҳти назорати доимӣ мебошанд? Чӣ хел шуд, ки дар навори видеоӣ гаравгонгирҳо бо корд ва гӯё як камарбанди тарканда дар дохили зиндон мегарданд?
Олга Романова: Низоми «сурх» ҳам барои ворид кардани маводи манъшуда монеъ шуда наметавонад. Ёдовар мешавам, ки дар зиндонҳо пештар фақат низоми «сурху сиёҳ» ҷорӣ буд, ахиран низоми «сабз» ҳам илова шуд. Инҳо ҷамоатҳои дохили зиндон мебошанд, ки онҳоро маҳбусони ифротӣ таъсис доданд. Баъди ислоҳоте, ки Саакашвилӣ дар Гурҷистон анҷом дод, бисёр «дуздони қонунӣ» аз ин кишвар ба Русия фирор карданд. Баъди таҷовузи 8 августи соли 2008 Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо бо онҳо муборизаро сахт кард. Нуфузи онҳоро бар назорати маҳбусон бекор карданд ва ҷои онҳоро ифротгароҳои исломӣ гирифтанд, ки аз ҷумла, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омаданд. Баъди 5-6 соли зиндон «деҳқонбачаҳои оддӣ» аз маҳбасҳо бо афкори комилан ифротишуда озод мешуданд. Бо ҷамоатҳои зиндонҳо, ки дигар вуҷуд надоранд, чӣ гуна мубориза бурданд? Қуръонро аз дасташон гирифтанд, саҳифаҳои Қуръонро карданд, ҷойнамозашонро гирифтанд, намозхониро манъ карданд, сарашонро покиза тарошиданд. Чунин вазъият дар ҳама зиндону боздоштгоҳҳои Русия мушоҳида мешавад.
Радиои Озодӣ: Чаро метарошанд?
Олга Романова: Ба ҷои он ки бо онҳо корҳои равонӣ ё дигар корҳо кунанд, азияту озор медиҳанд. Як намунаи барҷастаашро ҳоло мешавад дар шабакаи YouTube пайдо кард. Дар зиндони рақами 10-и вилояти Свердловск саҳнаи тарошидани сари як зиндонии мусалмонро сабт кардаанд. Дар ин навор дида мешавад, ки ин ҷавонро то таҳпӯшаш бараҳна мекунанд, ба ӯ 9 нафар ҳамла мекунад ва панҷ нафари онҳо корманди Хадамоти иҷрои ҷазо мебошанд. Баъди ин таҳпӯшашро ҳам бо сабабҳои номаълум мекашанду пурра сар ва ришашро метарошанд. Бовар кунед, ин чизро дар тамоми кишвар дидан мумкин аст. Чанде пеш дар як боздоштгоҳи Иркутск як маҳбуси узбектабори шаҳрванди Русия даргузашт. Барои он ки намоз мехонду ҷойнамози хурд ва Қуръон дошт, ӯро таҷовуз карданд, рӯдаашро канданд, қабурғаашро шикастанд. Вале ман ҳеҷ изҳороте на аз Рамазон Қодиров ва на аз Адам Қодиров, ки барои ҳимояти Қуръон панҷ бор ҷоиза гирифтааст, чизе нашунидам. Вале ҳар рӯз хабарҳое дар бораи латукӯб, таҷовуз, шикастани қабурғаи мусалмонҳо дар зиндон дар ҷараёни ба истилоҳ мубориза бо ҷамоатҳо дарёфт мекунам, ҳарчанд онҳо дигар вуҷуд надоранд. Баъди “Крокус сити” вазъият пуршиддат шуд. Баъди ҳодисаҳои боздоштгоҳи Ростов боз бадтар шуд. Ба ҷои он ки бо маҳбусон корҳои равонию дигару дигар кунанд, азияту озор ва таҳқирашон мекунанд. Вақте иҷрои расму одатҳои оддии диниро манъ мекунанд, натиҷааш ҳамин мешавад.
Гуфтугӯ