Тасаввурҳои хато дар бораи тоҷикон аз байн мераванд?

Муҳоҷирати корӣ ба Русия сабаби пешқазоватоҳои зиёд дар бораи муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Дар кишварҳои давру бари Тоҷикистон ва Русия дар мавриди тоҷикон тасаввурҳои зиёде вуҷуд дорад. Муҳоҷирати зиёд ба Русия симои тоҷикро дар афкори оммаи бахусус Русия ба як коргари камҳунар, фарде, ки қобилияти омӯзиш ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи дигарро надорад, табдил дод. Боварҳое, ки ба гуфтаи худи тоҷикон ҳеҷ воқеият надоранд.

Даҳҳо нафар аз намояндагони миллати тоҷик дар берун аз ватани таърихияшон ба муваффақиятҳои камназир ноил шудаанд. Бо вуҷуди рақобати зиёду монеаҳои дигар, онҳо муваффақ мешаванд, ки ба симатҳои боло бирасанд.

Мутахассисе, ки дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст

Даврон Муҳамадиеви 48-сола Департаменти тандурустии Федератсиюни байналмилалии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Аврупоро раҳбарӣ мекунад, ки қароргоҳаш дар Будапешт аст. Минтақаи таҳти назари департамент 54 кишвари Аврупо ва Осиёи Марказиро дар бар мегирад.

Кори аслии мутахассиси тоҷик, марбут ба иҷрои барномаҳо барои аҳолии ниёзманд, қурбониёни фалокатҳо, эпидемия, ҳолатҳои фавқуллода ва анҷоми таҳқиқот пиромуни дастрасӣ ба хадамоти пизишкӣ мебошад.

Дар таҷрибаи кории 27-солааш дар ин созмон Даврон Муҳамадиев дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз ҳамоҳангсозии кор бо ҷавонон ва ихтиёриён дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар соли 1992 то ноиби президенти ин ҷамъият.

Даврон Муҳаммадиев

Дар баробари кор дар сохторҳои тоҷикистонии ин ниҳод, Муҳамадиев ҳамчунин барномаҳои пизишкиро барои урдугоҳҳои паноҳандагон дар Судон раҳбарӣ карда, барномаҳои тандурустии Ҷамъияти байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро дар Русия, Белорус, Укроин ва Молдова раҳбарӣ намудааст. Ба ҷуз ин, тӯли 6 сол Даврон Муҳаммадиев раиси дафтари федератсиюн дар Маскав буд.

Дар баробари кор дар ниҳодҳои байналмилалӣ Муҳамадиев ҳамзамон фаъолиятҳои илмӣ анҷом дода, соли 2003 рисолаи илмияшро дар мавзуъи тавонбахшии равонии занони паноҳанда дифоъ карда, доктори илми тиб шудааст. Аммо барои расидан ба симатҳои боло ва муваффақиятҳо, ба эътирофи донишманди тоҷик талошҳои зиёде лозим аст.

“Замоне мехоҳӣ ба чизе даст ёбӣ, ҳамеша душворӣ пеш меояд. Аз он ҷо ки ман кори худро дар Салиби Сурх бо фаъолиятҳои илмӣ даромехтам, тақрибан вақти холӣ надоштам. Тамоми рӯзҳо, баъзан дар рӯзҳои истироҳат ҳам зарур мешуд, ки рӯзона дар бахши расонидани ёриҳои башардӯстона заҳмат бикашам ва шабона машғули кори илмӣ бошам. На ҳамеша хоҳиши кор буд, вале зарур шуд, ки худро ба даст бигирам ва маҷбур кунам, зеро лозим буд, ки ҳамаи меъёрҳоямро мувофиқ кунонам”- мегӯяд Муҳамадиев.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Амрӣ Аминов: "Ин асарҳо аз мананд ва моли миллат хоҳанд шуд". ВИДЕО

Ба гуфтаи вай, ангезаи бузург барои рушди ӯ хонаводааш – ҳамсар ва фарзандонаш шудаанд, ки дар душвортарин лаҳзаҳо пуштибонияш кардаанд.

Мудирони муваффақро мешавад дар миёни ҷинси латиф низ пайдо кард. Сарфи назар аз ҷомеаи суннатгаро ва муҳофизакори Тоҷикистон, ки хосияти мардсолорӣ дорад, бисёре аз ҷавонзанҳо агар дар дохили кишвар ба шикасти тассавурҳои хато ва пешқазоватҳо муваффақ нашудаанд, дар хориҷ ба он даст ёфтаанд.

Аз водии Ҷиргатол (Лахш) ба қароргоҳи Оксфам

Гулрӯ Додхудоева, ки раҳбари Департаменти рушди ҳамкорӣ бо донорҳои яке аз бузургтарин муассисаҳои имдодии Бритониё Оксфам аст.

Оксфам дар 90 кишвари ҷаҳон бо ҳадафи аз байн бурдани фақр, мушкилоти дастрасӣ ба озуқаворӣ, оби пок, баробарии ҷинсӣ, мубориза бо тағйири иқлим, кор мекунад.

Ба масъулиятҳои Додхудоева раҳбарии стротегияи ҳамкории созмон бо шарикони калидияш, аз қабили ҳукумати Бритониё, Иттиҳодияи Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ ва ғайра шомил мешаванд. Роҳи ин духтари тоҷик ба сӯи муваффақият дар поёни солҳои навадум аз як маҳаллаи дурдасти Тоҷикистон оғоз шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Даниел Рустамов: "Мехоҳам нишон диҳам, ки Тоҷикистон истеъдодҳои зиёд дорад". ВИДЕО

“Баъди хатми мактаб дар Ҷиргатол ман ба пеши бобову бибиям ба Хоруғ рафтам. Пас аз ду соли таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар як озмун стипендияи Бунёди Оқохонро барои идомаи таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон – Мактаби олии диплумосӣ ва равобити байналмилал дар Бишкек, дарёфт кардам” - мегӯяд Гулрӯ.

Таҳсили хуб дар донишгоҳ ва муваффақият дар омӯзиши забони инглисӣ ба Гулрӯ имкон дод, баъди хатми донишгоҳ барои коромӯзӣ дар Бунёди Оқохон ба Вашингтон биравад. Дар ҳаминҷо тасмими қотеъ гирифт, ки барои мубориза бо камбизоатӣ ва рушди кишварҳои камбизоат кор мекунад.

Баъди дарёфти дипломи магистр зиндагии Гулрӯ ба нуқтаҳои доғи ҷаҳон наздик шуд. Ӯ корро дар созмони бритониёии “Афганэйд” идома дод ва баъдтар ба бахши кишварҳои Ховари Миёнаи “Оксфам” гузашт.

“Дар ин ҷо ман корро дар бахши таҳияи барномаҳои минтақавии баробарии гендерӣ ва рушди равобити ҳамкорӣ бо донорҳо дар Миср, Лубнон, Фаластин, Урдун, Яман ва Ироқ оғоз кардам ва баъди чанде маро дар Лубнон мудир таъйин карданд” - мегӯяд Гулрӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро тоҷикон дар Русия аксаран хору зоранд?

Гулрӯ ба ин андеша, ки бидуни пул ва робитаҳои хуб ба ҳеч чизе муваффақ намешавед, бовар надорад ва мегӯяд, ки агар инсон ҳадаф дошта бошад ва рӯйи он тамаркуз кунаду таслим нашавад, ҳатман комёб мегардад.

“Ман дар Ҷиргатол мактаби оддиро хатм кардам. Падару модарам ҳамеша дар мавриди зарур будани дониш ба ману се бародарам таъкид мекарданд. Дониш ва дастгирии пайвастаи волидайн ва бародаронам имкон дод, ки ман ҳадафҳоямро иҷро кунам ва барои ин ман ҳамеша миннатдорам” - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Вазири собиқ дар ҳамсоякишвар

Ба ҷуз кор дар ниҳодҳои байналмилалӣ, барои бархе аз тоҷикон дар хориҷ муяссар шудааст, ки ҳам дар хидмати давлатӣ ва ҳам дар мақомҳои баланди мудирият эътироф шаванд.

Равшанбек Собиров, раиси Анҷумани тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакиро мешавад, ба шумули инчунинҳо ворид кард. Дар солҳои фаъолият, ба ҷуз раҳбарии ҷамъияти бузурги тоҷикон, ки 50 ҳазор нафарро дар бар мегирад, Равшанбек Собиров мақомҳои бисёр баландеро ҳам дар ниҳодҳои қонунгузорӣ ва ҳам дар ниҳодҳои иҷроияи Қирғизистон доштааст.

Равшанбек Собиров

Доштани ду дипломи олӣ дар бахшҳои ҳуқуқшиносӣ ва гумрук, ҳамчунин донистани забонҳои қирғизӣ, узбакӣ, тоҷикӣ ва русӣ барои ба мақомҳои боло расидани ин тоҷики зодаи ноҳияи Қара-Сӯи вилояти Ӯш кӯмаки зиёд кардаанд.

Дар Қирғизистон мақоми вазири рушди иҷтимоиро дошт ва ҳамчунин вакили порлумон, муовини раиси Кумитаи нақлиёт, иртибототу алоқа ва меъмориву сохтмон, узви палатаи ҷамъиятӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, агар идеяҳои хуб ва пуштибонии шаҳрвандонро дошта бошӣ, низом дар Қирғизистон барои худсозӣ имконияти хуб медиҳад.

“Қирғизистон дар ин росто, воқеан ҷазираи демократия аст” - мегӯяд Собиров.

Ҳоло ба ҷуз аз фаъолиятҳои иҷтимоӣ, Равшан Собиров ба соҳибкорӣ машғул аст ва соҳиби муҷтамаи тиҷоратӣ ва ширкати гардишгарӣ мебошад.

Бахши қобили мулоҳизаи даромадҳои худро барои корҳои хайрия масраф мекунад. Аз ҳисоби ӯ, роҳҳо таъмир шудаанд, хаттҳои интиқоли барқ сохтаанд ва ба яке аз деҳаҳои зодгоҳаш оби тозаи нӯшиданӣ оварда шудааст. Бо вуҷуди ин ҳама, ӯ аз сиёсат канор рафтанӣ нест ва мегӯяд, ки барои оянда ҳам барномаҳое дорад.

“Барои Тоҷикистон чунин кадрҳо заруранд”

Дар мавриди мудирони муваффақи тоҷик дар хориҷ аз кишвар расонаҳо бисёр навиштаанд. Дар баробари корҳои худ, ин афродро метавон сафирони ғайрирасмии кишвари худ низ ҳисоб кард, зеро кишварашонро дар гӯшаву канорҳои гуногуни ҷаҳон ба гунаи мусбат муаррифӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол, дар худи Тоҷикистон ба эътирофи коршиносон ниёз ба чунин раҳбарон хеле доғ боқӣ мондааст.

Коршиноси тоҷик Комрон Ҳидоятзода мегӯяд, ки мудирони муосире, ки дар кишварҳои пешрафта дониш гирифтаанд, аз мудирони шӯравӣ фарқ мекунанд ва агар онҳо ба Тоҷикистон ҷалб шаванд, давлат фоидаи бузург мегирад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикҳо дигар “Равшану Ҷамшуд” нестанд?

“Ҳоло мутахассисони сатҳи баланди тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар кор мекунанд ва мутаасифона саҳми худро дар рушди на кишвари худ, балки кишвари дигар мегузоранд, кам нестанд. Ман фикр мекунам, мо ҳоло ҳам имкон дорем, ки аз ҳисоби ҳамватанони худ мудирони хуберо ба Тоҷикистон ҷалб кунем”- мегӯяд Ҳидоятзода.

Коршинос бар ин назар аст, ки ин гуна кадрҳо таҷрибаи кор дар кишварҳои пешрафтаро доранд ва метавонанд, барои пешрафти Тоҷикистон ба кор баранд.

Дар Узбекистони ҳамсоя шуруъ аз апрели соли 2018 ниҳоди байналмилалии ғайридавлитиву ғайритиҷоратии “BUYUK KELAJAK” такшил карда шуд. Ин шӯрои коршиносӣ, ки аз ҳисоби мутахассисони гуногуни зодаи Узбекистон, ки дар хориҷ кор мекунанд ё ба таҳсил машғуланд, таркиб ёфтааст. Ҳадафи шӯро муттаҳид кардани талошҳои ҳамаи онҳое аст, ки мехоҳанд, барои ислоҳот дар Узбекистон мусоидат кунанд.

Шӯрои коршиносӣ бештар аз 200 мутахассисро, ки дар 30 кишвари ҷаҳон, аз қабили Русия, ИМА, Олмон, Бритониё, ба сар мебаранд, муттаҳид кардааст.