Сабаби аввал
Бештари русҳо мо – тоҷиконро аз барномаи шабакаи телевизюнии ТНТ «Наша Раша» мешиносанд. Ин барнома дар ҳаққи мардуми мо бӯҳтонҳо мезанад, моро гӯлу гарангу бефаҳму нашъаманд намоиш медиҳад.
Аввалҳо чандон эътибораш намедодам. Чунон ки мегӯянд, «Саг меҷакаду корвон меравад». Аммо ду рухдод косаи сабри маро лабрез гардонд.
Рӯзе бо як ошнои русам нишаста сӯҳбат доштем, ки ҷавони дигаре наздамон омад. Ӯ, ки шиноси хамсӯҳбатам будааст, каме ширакайф буд. Чун фаҳмид, ки ман аз Тоҷикистонам, бо тамасхур гуфт:
-- Ту Равшанӣ? Ё Ҷумшут?
Гуфтам: "На ину на он. Ман тоҷикам. Таҳқир накун, бародар!"
Хамсӯҳбатам ӯро сарзаниш карду аз наздамон ронд. Пас аз ман бахшоиш пурсиду гуфт:
-- Наранҷ, ин аҳмақ маст аст.
Пас аз чанде бо ҳамшаҳриёнам сӯҳбат доштаму рухдоди ёдшударо барояшон нақл кардам. Яке гуфт:
-- Хайр, ин гапе нест, он ҷавон содаву маст будааст. Ман ҳамин гуна суханонро аз як корманди милиса шунидам. Ин ҳама касофати варсоқихониҳои «Наша Раша» аст.
Аз ин суханон ба андеша рафтам. Қалам ба даст гирифтаму мақолае навиштам, бо номи «Тоҷикон, арманиҳо ва «Наша Раша»» («Таджики, армяне и «Наша Раша»). Барои торнамои «Азия-Плюс» фиристодам.
Ғайри чашмдошти ман, дар муддати кӯтоҳ онро даҳҳо сайтхои русӣ, арманӣ ва тоҷикӣ нашр карданд. Мактубҳои хонандагонро хонда, ба натиҷае расидам, ки мардум аксаран ҳамфикри мананд.
Бароям басо хушоянд буд, ки арманиёни номдоре чун Самвел Гарибян ва Гегам Халатян, раҳбари Иттиҳоди арманиҳои Русия, созандагони барномаи «Наша Раша»-ро маҳкум карда, аз мардуми тоҷик бахшиш хостанд.
Торих гувох аст ки борҳо бо гуноҳи як-ду нафар мардумон ва кишварҳо душмани ҳамдигар шудаанд. Хушбахтона, хирад дар маниши мардуми бостонии арман боло гирифту ҳамватанони худ – Галустян ва Мартиросянро маҳкум карданд. Дере нагузашта буд ки дар паи фишори онҳо намоиши сужаҳои таҳқиркунандаи тоҷикон аз тариқи барномаи «Наша Раша» қатъ гардид.
Мо – тоҷикон, дар Ватани худ мушт бар сина мекӯбему мегӯем: «Мо ориёием!» Аммо чандон парвое надорем, ки дигарон берун аз Тоҷикистон дар ҳаққи мо чи бӯҳтонҳо мезананд. Ду-се журналисти бевиҷдон миллати моро паст мезаду рохбарони мо хомӯш буданд. То он даме, ки мардуми одии тоҷик садои эътироз аз миллатгароёни «Наша Раша» баланд карданду бо ҳамкории равшанфикрони арманӣ пеши роҳи интишори барномаи таҳқиромезро набастанд, мақомоти кишвар сукут меварзиданд.
Сабаби дувум
Оқибатҳои фалокатбори ҷанги дохилии мо на яку ду, балки даҳҳову садҳоянд. Яке аз онҳо ин аст, ки ҷанг моро дар арсаи ҷаҳонӣ беобрӯву шармсор кард.
Гоҳо мешунавам, ки русҳо мегӯянд: шумо – тоҷикон, дар талоши истиқлолият бар русҳо ошӯб кардед, онҳоро аз кишваратон рондед, хонаву чизу чораашонро соҳиб шудед, акнун бошад, дар ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ боз мӯҳтоҷи Русия ҳастеду ба дари мо меоед...
Ман мекӯшам ба ҳамсӯҳбатонам бифаҳмонам, ки аз ин ҷанги бародаркуши шармандавор, ки аз ҷониби душманони дохиливу хориҷӣ бар мо таҳмил гардид, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон осеб диданд ва бештар аз ҳама – худи тоҷикон.
Ин ҷанги миёни қавмҳо набуд, балки байни гурӯҳҳои сиёсии худи тоҷикон буд. Аз бесарусомониҳо истифода бурда, дуздону ғоратгарон ба озори мардуми бечора, аз ҷумла, русҳо, пардохтанд. Ин ҷинояткорон миллату мазҳаб надоранд. Ин айби халқе нест, балки айби гурӯҳҳои ҷиноятпеша аст.
Ин суханонро яке мефаҳмад, дигаре – не. Аммо дар маҷмӯъ, аксаран мардуми рус аҷаб дилкушоду некандешанд, бадиро ба дил намегиранд.
Замоне фаро хохад расид, ки торих пешомаду пайомади ин ҷанги бародаркушро дақиқан ошкор хоҳад кард. Аммо ҳоло дар расонаҳо гоҳо маводе ба табъ мерасад, ки болои сӯхта намакобро мемонанд.
Чанде пеш аз тариқи интернет мақолаеро хондам. Дар он намояндагони дини мо эътироф мекунанд, ки яке аз сабабҳои оғози нооромиҳои Тоҷикистон – ин мансабталошию рақобату хусумати шахсии байни рӯҳониёни воломақоми мо будааст. Аҷабам меояд: чӣ тавр метавонанд, шарм накарда садо баланд кунанд, чун Точикистон азиз ба касофати онҳо ба балоҳои бад гирифтор гардиду ҳазорон нафар бегуноҳ қурбон шуданд?!
Бадтар аз ин, чанде дигар аз паи ба роҳ андохтани иғвои наванд: иддае аз муллоҳои навбаромад бонг мезананд, ки Наврӯз ҷашни исломӣ нест, «ҷашни маҷусиён» аст, набояд таҷлил гардад.
Аз ин суханон буи ҷоҳилият ва тафрити Толибони Афғонистон меояд. Наврӯз нектарин, бошукӯҳтарин, мардумитарин ҷашни миллии тоҷикон буд, ҳаст ва хоҳад монд!!!
Ман ифтихор аз он дорам, ки бо пешниходи Точикистон ва бо дастгирии чанд давлати дигар Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд.
Пештар андеша доштам, ки шояд иқдоми роҳбарияти Тоҷикистон барои таҳкими назорати қонун бар ҳаёти динии ҷомеа беш аз ҳад тундравона бошад. Аммо акнун, ки зери ниқоби дини поки ислом бархе торикдилон бо асолатҳои миллиямон ҷанг эълон мекунанд, ба хулосае меоям, ки қарору қонунҳои роҳбарияту ҳукумати мо дар ин бора саривақтиянд.
Сабаби сеюм
Кишвари мо нодору бечора аст. Шаҳрвандонашро наметавонад аз кору шароити хуби зиндагӣ таъмин кунад. Аз ҳамин сабаб ҳам тоҷикон мачбуранд, ки барои кор рӯ ба ғурбат биёваранду бо чӣ мушкиле бошад, заҳмат кашанд, то ки ризқи аҳли хонаводаи худро дар Тоҷикистон таъмин намоянд.
Сабаби чаҳорум
Тоҷикон аксаран касбу кори дуруст надоранд, аз ин сабаб дар Русия маҷбуранд ба корҳои сахту каммузд даст зананд. Ин ҳолат дар атрофиён эҳсоси нохушеро бедор мекунад. Озариҳо ва арманиҳо дар Русия асосан мардуми бозориянд, бо тиҷорати сабзавоту меваҳо ва хӯрокворӣ машғуланд. Молдовиҳо ва украиниҳо мутахассисони хуби сохтмонанд. Тоҷикон бошанд, маҷбуранд фаррошӣ кунанд ё коргари ёрирасон дар корхои сахти сохтмон бошанд.
Узбакҳову қирғизҳо низ аз ҳамин кабиланд, аммо бо таъсири расонаҳо, мардуми Русия асосан тоҷиконро мардуми бечора мепиндоранд.
Тоҷикон дар оғоз аксаран малакаи хуби корӣ надоранд. Чунин малакаро онхо бо мурури замон, дар давоми фаъолияти корӣ пайдо мекунанд.
Ба фикрам, хуб мешуд, агар давлати Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бештар ҳунаристонҳо ва давраҳои кӯтоҳмуддати тарбияи коргаронро кушояд, то ки ҷавонони мо касбу кореро аз худ намуда, пасон азми сафари Русия намоянд.
Сабаби панҷум
Намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия (намояндагиҳои идораҳои муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, вазоратҳои умури дохиливу хориҷӣ) вазифаҳои худро ба таври бояду шояд иҷро намекунанд. Ва низ на ҳама созмонҳои ҷамъиятӣ ва муҳоҷирӣ, ки худро муваззаф ба ёрирасон ба ҳамватанон медонанд, ба муҳоҷирон кӯмаки муассир мерасонанд.
Онҳо фаъолияти худро бештар бо гузарондани ҷашнҳои миллӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ маҳдуд кардаанд. Муҳоҷирон маҷбуранд, ки ҳар кас худ аробаи худро кашад: барои расмӣ кардани санадҳо, сабту қайди мувақатӣ, пайдо кардани кор ва ғайра худ даводав кунанд. Ҳол он ки аз даромади онҳо буҷаи давлатии Тоҷикистон такмил мешавад ва иқтисоди кишвар мечархад.
Дар бобати кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолияти созмонҳои муҳоҷирони Арманистону Озарбойҷон дар Русия намунаи ибратанд. Онҳо барои шаҳрвандони худ беҳтарин шароитро фароҳам меоранд ва ҳамеша дар дифо аз ҳуқуқи онҳо садо баланд мекунанд.
Сабаби шашум
Муҳоҷирони кории тоҷик то имрӯз натавонистаанд, ба ягон кишвари дигари кордиҳанда, ба ғайр аз Русия, роҳ кушоянд.
Давлати Тоҷикистон бояд иқдом намояд, то дар дигар кишварҳои пешрафтаи санъатӣ барои шаҳрвандони худ ҷойҳои корӣ пайдо кунад. Дар ин замина таҷрибаи давлати Туркия шоистаи ибрат аст. Мегӯянд, замоне Туркия ҳам кишвари пасмондае буд. Саноат суст буд, ҷойҳои корӣ намерасид. Давлати Туркия бо кишварҳои пешрафтаи саноатии Аврупо, хусусан Олмон гуфтушунид намуда, шаҳрвандонашро он ҷо барои кор сафарбар менамуд.
Муҳоҷирони корӣ таҳти ҳимояти давлати худ дар Олмон кор карда, як қисми даромади худро ҳамчун молиёт ба буҷаи кишвари худ мепардохтанд. Аз ин ҳар се ҷониб манфиат мебардоштанд - ҳам Олмон бо нерӯи арзони кор таъмин мешуд, ҳам муҳоҷирон маоши хуб мегирифтанд, ҳам буҷаи давлати Туркия ғанӣ мегардид. Имрӯз мо шоҳиди онем, ки он кадрҳои баландихтисос ба ватани худ баргашта, Туркияро ба кишвари пешрафта табдил додаанд.
Сабаби ҳафтум
Ҷавонони мо аз хидмати сарбозӣ гурехта, солҳои зиёд дар Русия паноҳ мебаранд. Онҳо омодаанд ҳар гуна хориву зории ғарибиро тоб оваранд, аммо намехоҳанд ба Ватан баргарданд, зеро онҳоро «военкомату облава» интизор аст.
Барои чӣ хидмати сарбозӣ обрӯву шарафу ифтихормандии худро гум кардааст? Ба ҳама маълум аст – «муносибатҳои ғайри уставӣ», ҳодисаҳои маҳалгароӣ ва миллатгароӣ байни сарбозон, гохо бепарвоии мақомоти низомӣ нисбати хизмату маишати сарбозон ва ғайра...
Вазъ бояд ислоҳ гардад. Бояд дар Артиши Миллӣ тартибу интнизом мустаҳкам карда шавад. Хизмати ҳарбӣ бояд мояи ифтихору шараф гардад, чунон, ки дар замони Шӯравӣ буд. Бояд ҷавонон ба хизмати сарбозӣ ҳавасманд гарданд. Шояд барои касоне, ки қарзи Ватанро адо кардаанд, имтиёзҳо таъин карда шавад.
Сабаби ҳаштум
Гоҳо намояндагони халқу миллатҳои дигар ҳам ба корҳои ношоиста даст зада, худро ба тоҷикон нисбат медиҳанд.
Дар Маскав кору зиндагӣ мекардам. Як рафиқи рус, муқими Маскав, ки ба тоҷикон муносибати хайрхоҳона дошт, боре ҳангоми сӯҳбат арз намуд:
-- Ба холи занону кӯдакони тоҷик, ки дар кӯчаҳои пойтахти Русия гадоӣ мекунанд, раҳмам меояд. Ҳар боре, ки аз наздашон мегузарам, кӯшиш мекунам ҳадди имкон бо чанд рубл кӯмак расонам.
Ба ӯ гуфтам, ки тоҷикон мемуранду аммо гадоӣ намекунанд. Рафиқам андаке ранҷиду гуфт:
-- Рафтем, бо чашмони худ бубин!
Он рӯз барф меборид, сармо буд. Дар назди истгоҳи метрои «Тургеневская» , дар рӯи замини тар коғазеро густурда ҷӯгизане бо кӯдакаш нишаста, сӯи роҳгузарон дасти талаб дароз карда буд. Дар наздаш навиштаҷоте: «Помогите таджикским беженцам». Ба зан мурочиат кардам:
-- Гадоӣ мекуни ё не – ихтиёрату расму таомули худат. Аммо чаро худро тоҷик мешуморӣ? Чаро обрӯи тоҷиконро паст мезанӣ? Тоҷик ҳеч гоҳ гадоӣ намекунад!
Ҷӯгизан паст наомад:
-- Аввал ин, ки гарчи мо ҷӯгием, дар паспортамон «тоҷик» навиштаанд. Дуввум ин, ки гадоӣ кори савоб аст. Тоҷикон ҳамдигарро бе сабабу бе гуноҳ куштанд, чаро аз обрӯи миллат фикр накарданд?! Гадоӣ беҳтар аст аз дилозориву хуни ноҳақ рехтан!
Рости, дар ҷавоб натавонистам чизе бигӯям…
Моро мебояд дар баробари мушкилоти ҳаёт муттаҳид бошем, ғаразҳои маҳалгароӣ, гурӯҳбозӣ ва сиёсиро фаромӯш кунем, ба умеди дастархони дигарон нашуда, Ватани азизи худро обод намоем.
Ҷавонони боистеъдоду донишмандро, ки аз ночорӣ дар ғарибӣ ба сар мебаранд, ба Ватан баргардонему нерӯи ақлонию ҷисмонии онҳоро дар корҳои созандагии Тоҷикистони азиз истифода барем. Ворисони сазовори ниёгони пурифтихори худ бошем.
Умар Юнусов,
ш. Ростови лаби Дон, Русия