Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрӣ Аминов: "Ин асарҳо аз мананд ва моли миллат хоҳанд шуд". ВИДЕО


Амрӣ Аминов.
Амрӣ Аминов.

Амрӣ Аминов, муҷассамасози тоҷики муқими Фаронса мехоҳад, пайкараи 13 шоиру нависандаи классики тоҷик дар саҳни Донишгоҳҳои давлатии шаҳри Санкт- Петербург-и Русия гузошта шаванд. Ӯ ки худ академики Академияи наққошии Русия аст, намунаи ин муҷассамаҳоро омода карда, лоиҳаи бозсозии саҳни ин донишгоҳро ба унвонии раҳбарияти ин муассисаи бонуфузи таълимӣ фиристодааст.

Амрӣ Аминов мегӯяд, ин аз ҷониби раҳбарияти ин донишгоҳ хуш қабул шуд, чун ин пайкараҳо агар онҷо гузошта шаванд, обрӯи худи онҳо низ ҳаст, зеро дар пушти ин бузургон, натанҳо Тоҷикистон, балки ду кишвари дигар -- Эрону Афғонистон низ ҳастанд ва ин мероси муштараки ҳамаи онҳо мебошад.

Дӯстони ин ҳайкалтарош омодагии худро барои дастгирии молии лоиҳа иброз доштаанд, вале ба андешаи ӯ, он бояд бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон амалӣ гардад. Амрӣ Аминов мегӯяд, ки дар вокуниш ба ин пешниҳоди ӯ, як мансабдори гуфт, ки чаро бояд Тоҷикистон ин пайкараҳо дар Санкт- Петербург бисозад, на русҳо?

Амрӣ Аминов: "Ин асарҳо аз мананд ва моли миллат хоҳанд шуд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00

Ин пайкарасози 50-сола, ки дар чеҳрасозии садҳо бузургони тоҷику ҷаҳон саҳм гузоштааст, беш аз 25 сол боз дар шаҳри Сен Жермен Онле, воқеъ дар 20-километрии Париж зиндагӣ мекунад. Вай баъди сохтани муҷассамаи маликаи Шомбурсӣ, унвони шаҳрванди ифтихории Сен Жермен Онлеро ҳам гирифтааст. Ӯ соли 2006 ин пайкараи маликаи Шомбурсиро офарида буд, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ чун рамзи шаҳр эътироф шудааст.

Амрӣ Аминов, муҷассамасози тоҷики муқими Фаронса мехоҳад, пайкараи 13 шоиру нависандаи классики тоҷик дар саҳни Донишгоҳҳои давлатии шаҳри Санкт- Петербург-и Русия гузошта шаванд

Худи Амрӣ Аминов дигар муҷассамаи офаридаи худро, ки дар майдони шаҳри Пуасии Фаронса бо номи "Паёми сулҳ" қомат афрохтааст, яке аз шоҳкориҳои худ медонад. Вай дар сохтмони он як сол заҳмат кашида ва баъди он, унвони ҳунарманди сулҳи Юнескоро ҳам соҳиб гаштааст.

Амрӣ Аминов мегӯяд, "ин квартале, ки мо қарор дорем, Нояе ном дорад ва хеле қадима аст, вале масъулини шаҳр он ҳамаро аз нав сохтанд. Аз ман хоҳиш карданд, ки ҳамчун рамзи қадимаи шаҳр дар ҳамин маҳал бояд пайкараҳои таърихиро биофарам. Зеро 500 метр дуртар аз ин маҳал, шоҳи қадимаи инҷо таваллуд шудааст.

Ин ҳайкалтароши тоҷик, ки дар оилаи оҳангар ба дунё омадааст, дар ҳама офаридаҳояш ҳамчун рамзи тоҷикон акси оҳангареро бо путку сандонаш ҳаккокӣ кардааст ва худро аз насли Коваи оҳангар медонад.

Амрӣ Аминов нақл мекунад, ки падараш гуфтанд, "ту ҳайкалтарош шавӣ агар, ман дар назди мардум шарм хоҳам дошт. Дар ҷавоб гуфтам, ки ман давомдиҳандаи касби шумо, яъне ҳамон оҳангарам ва танҳо вобаста ба ҳамин касбам, маълумоти олӣ хоҳам гирифт. Сипас падарам ҳамроҳи амаку тағоҳоям, ки ҳамагӣ эшонзода ҳастанд, бароям дуо доданд."

Амрӣ Аминов мехоҳад баъди амалӣ шудани лоиҳааш дар Санкт-Петербург, дар Душанбе низ силсилаи муҷассамаҳояш қомат бафрозанд. "Ин муҷассамаҳо ва ин асарҳои ман куллан моли ман ҳастанд, вале ҳар гоҳе, ки даргузаштам, инҳо моли миллат хоҳанд шуд",-мегӯяд Амрӣ Аминов.

XS
SM
MD
LG