170 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман берун шуданд

Ин хонум бо тифлаш рӯзи 7 апрел аз Яман берун оварда шуд

Охирин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 13 апрел тавассути хоки давлати Уммон аз қаламрави Яман берун оварда шуда, ба Арабистони Саъудӣ ҳаракат карданд.

Охирин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 13 апрел тавассути хоки давлати Уммон аз қаламрави Яман берун оварда шуда, ба Арабистони Саъудӣ ҳаракат карданд.

Бар тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи душанбе, 13 апрел гурӯҳи 16-нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон қаламрави Яманро бо автобус тарк карда ба кишвари Уммон ворид шуданд. Аз он ҷо онҳо ба Арабистони Саъудӣ мераванд, ки баъдан бо кӯмаки сафорати Тоҷикистон дар Риёз ба Русия ва аз он ҷо ба Тоҷикистон расонда мешаванд. Абдулфайз Атоӣ, раиси департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 13 апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ба ин тартиб, шумори умумии шаҳрвадони Тоҷикистон, ки аз Яман берун оварда шуданд, на камтар аз 170 нафар шуданд ва тахминан 20-30 шаҳрванди дигари ин кишвар бо хости худ дар Яман мемонанд.

Вай гуфт, гурӯҳи дирӯзаи тоҷикистониёни аз ин кишвар беруновардашуда 29 нафар буд.

Ба эҳтимоли ғолиб, гурӯҳи рӯзи 13 апрел ба Уммон расида ҳамон гурӯҳи табибон ва аҳли хонаводаи онҳоест, ки дар минтақаи Ҳазрамаут, дар 1000-километрии шаҳри Санъо кору зиндагӣ мекарданд. Бо сабаби ноамниҳо, ба онҳо машварат шуд, ки на ба самти пойтахти Яман, балки ба сӯи кишвари Уммон тавассути вилояти Маҳра ҳаракат кунанд, то ки аз он ҷо баъдан ба Саъудия, ба ихтиёри кормандони сафорати Тоҷикистон бирасанд. Дар Яман Тоҷикистон намояндагии дипломатӣ надорад ва сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар ғолибан бо роҳҳои инфиродӣ ва ё тавассути ширкатҳои русии тиббӣ сурат мегирад. Бовар меравад, ки шумори куллии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар дар ҳудуди 200 нафар бошад.

Шаби 12 ба 13 апрели соли равон баъди таъхири чандсоата, ҳавопаймои русии вазорати ҳолатҳои изтирорӣ аз фурудгоҳи Санъо парвоз кард. Ин хабарро сафири Тоҷикистон дар Қатар Ардашер Қодири низ ба ситоди назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав тасдиқ кард. Ба иттилои расмӣ, ҳамон шаб 3 нафар ба Душанбе ва субҳ 2 нафар ба Кӯлоб ва 1 нафар ба Қӯоғонтеппа парвоз карданд. Қисмати боқимандаи шаҳрвандони Тоҷикистон шоми 13 апрел бо хатсайри Маскав-Душанбе ба ватан парвоз карданд.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз субҳи якшанбе Арабистони Саудӣ нагузошт ҳавопаймоҳои русӣ, ки дар он табибони тоҷик ҳам буданд, аз Яман берун оянд.

Нӯҳ табиби тоҷик, ки чанд соли қабл тавассути як ширкати русӣ барои кор ба Яман рафтаанд, хабар доданд, ки пеш аз парвоз ду шабонарӯз интизори аз фурудгоҳ берун шудани ҳавопаймо буданд. Муҳаммад Кенҷаев, як табиби тоҷик, 12 апрел дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, қарор буд, парвози онҳо аз Санъо ба Маскав рӯзи шанбе сурат гирад, вале ба далели ин ки Арабистони Саудӣ иҷоза надодааст, то ҳавопаймоҳои Русия дар Яман фуруд оянд, сафари онҳо ба таъхир уфтодааст.

Ин табиби тоҷик дар идома гуфт, вазъият дар пойтахти Яман нигаронкунанда шудааст:"Ҳатто рӯзона бомбаборон мекунанд. Вазъ ором нест ва дар дили одам бештару бештар тухми тарсро мекорад. Ваҳшатзада мешавед,"-гуфт ӯ.

Хабаргузории ТАСС аз қавли мақомоти Русия навишт, ҳавопаймоҳои Русия маҷбур шудаанд, рӯзи шанбе ба Қоҳира, пойтахти Миср, баргарданд ва эҳтимол парвози онҳо ба Яман рӯзи якшанбе имконпазир шавад.

Нахустин гурӯҳи панҷнафарии пизишкони тоҷик, ки тавассути Русия ба Душанбе мунтақил шуданд, 3 апрел вориди пойтахт гардиданд. Як рӯз баъд аз ин бо ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия 70 шаҳрванди Тоҷикистон аз Санъо берун оварда шуданд, ки дар миёни онҳо 14 кӯдак низ буд.

Ҳавопаймоҳои Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш рӯзи 26 марти соли ҷорӣ нерӯҳои чирикии қабилаи шиаҳои ҳусиро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Матбуоти Саудӣ навиштанд, ин кишвар зидди шӯришиёни шиаи ҳусӣ 100 ҳавопаймои ҷангӣ, 150 ҳазор сарбоз ва нерӯҳои дарёии худро сафарбар кардааст. Ҳусиҳо, ки таҳти ҳимояти Эрон қарор доранд, тайи моҳҳои охир қисматҳои бузурге аз Яман, бо шумули пойтахташ, Санъоро тасарруф карда, раиси ин ҷумҳурӣ Мансур Ҳодиро маҷбур ба тарки пойтахт карда буданд.

Эрон хостори қатъи зуди амалиётҳо дар Яман шуда, гуфтааст, барои таҳти назорат гирифтани бӯҳрони ин кишвар тамоми талошҳои лозимро хоҳад кард. Рӯзи шанбеи 10 апрел Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар бораи "оқибатҳои шум"-и ҳамлаи Саудӣ ба Яман ҳушдор додааст.