Ба шаҳрвандони дар Яман боқимондани Тоҷикистон машварат шудааст, тавассути роҳҳои амн, бо фирор аз манотиқи дар ҳолати ҷанг, ба Арабистони Саудӣ берун шаванд ва аз он ҷо бо кумаки сафоратҳои Тоҷикистон ва Русия ба Маскав парвоз кунанд.
Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 6 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ дар қаламрави Яман ҳоло ҳудуди 20 шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мемонанд. "Як бахши онҳо дар шаҳри Адан мебошанд,"-гуфт ӯ.
Эгамзод афзуд, машварати ахир ба тоҷикони Яман бо назардошти вазъи ноамни ин кишвар ва маҳдуд будани дастрасии сафорати Русия ба тамоми ниёзмандони кумак, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар нуқоти парокандаи Яман қарор доранд, дода шудааст. Дар давоми 5 рӯзи берун шудани хориҷиҳо аз Яман, 87 шаҳрванди Тоҷикистон аз хоки ин кишвар берун оварда шудаанд.
4 апрел: 70 шаҳрванди Тоҷикистон Яманро тарк карданд
Рӯзи шанбе ҳафтод шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар миёнашон 14 кӯдак низ ҳаст, бо ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия аз Яман берун шуда, субҳи якшанбе ба Маскав расиданд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шаҳрвандони кишвар мустақим аз фурудгоҳи низомии Чкалови Русия тавассути мошинҳои вазорати ҳолатҳои фавқулода ба фурудгоҳҳои зарурӣ, аз ҷумла "Домодедово" бурда шудаанд.
"Масъулони ситоди назорати сафорат Абдусамад Абдушукуров, Фирдавс Боиров, Бахтиёр Муродов ва Саид Боев баробари расидани шаҳрвандон онҳоро ҳуҷҷатгузорӣ намуда, ба фурудгоҳи Домодедово бурданд. Аъзои ситод ҳамаи асноди лозимии консулиро бо худ доштанд, ки дар ҳолати зарурат дар худи ҳамон ҷой шаҳрвандонро ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд,"-гуфт Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Ба қавли ӯ, қисми зиёде аз шаҳрвандони баргаштаи Тоҷикистон аз Яман шоми якшанбе тавассути хатсайри Маскав - Душанбе ва Маскав - Кӯлоб ба зодгоҳи худ фиристода шудаанд. "Миёни онҳо 3-4 нафаре низ буданд, ки хоҳиши чанд рӯз дар Маскав монданро доштанд. Онҳоро аз фурудгоҳ хешовандону наздиконашон ба манзили хеш дар пойтахти Русия бурданд,"-афзуд Муҳаммади Эгамзод.
Оқои Эгамзод илова кард, онҳое, ки нияти бозгашт ба ватанро надоранд ва мехоҳанд дар Маскав бимонанд ё ба кишвари дигар бираванд, аввал ба маркази зиддибӯҳронии Вазорати умури хориҷии Русия интиқол хоҳанд ёфт. Ба қавли ин намояндаи сафорат, ҳоло як хонавода -- Умеда Сафарова, писараш -- Азизбек ва шавҳари ямании ӯ дар меҳмонхонаи "Тоҷикистон" дар Маскав ҷойгир буда, қасди сафар ба Туркияро доштаанд.
ВИДЕО: Бозгашти гурӯҳи аввали табибони тоҷик аз Яман
Ин бозгашти дувуми табибони тоҷик тайи се рӯзи охир тавассути ҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия аз Яман ба Маскав аст. Шоми панҷшанбе 17 шаҳрванди Тоҷикистон, ки асосан аз бонувон – духтурон ва ҳамшираҳои шафқат иборат буда, дар муассисаҳои тиббии кишвари арабӣ кор мекарданд, тавассути чунин ҳавопаймоҳо ба пойтахти Русия омада, баъд аз зӯҳри ҷумъа панҷ нафарашон ба ватан баргаштанд.
Бозгашти табибони тоҷик аз Яман баъд аз ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ ба Санъо, пойтахти Яман сурат мегиарад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъд аз расонаӣ шудани шикояти шаҳрвандони кишвар аз вазъи нигаронкунандаашон дар ин кишвари арабӣ аз мақомот хост, аз ҳар роҳе онҳоро ба ҷои амнтар бикӯчонанд ва ё ба ватан бозпас оранд. Баъдан мақомоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон карданд, Русия барои бозпас овардани шаҳрвандони кишвар аз Яман изҳори омодагӣ кардааст.
Гуфта мешавад, дар Яман ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аксарашон табиб буда, тавассути ширкатҳои русӣ ба он ҷо роҳ ёфтаанд, машғули кору зиндагиянд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабаргузориҳо, даргириҳо дар Яман идома доранд. Бо вуҷуди зарбаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ, шибҳанизомиёни ҳусӣ рӯзи панҷшанбе Адан, дувумин шаҳри бузурги Яманро таҳти назорат гирифтанд. Дар ин шаҳр чанд рӯз боз даргириҳои ҳусиҳо бо нерӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури барканоршуда Абдрабу Мансур Ҳодӣ идома доштанд. Ошӯбгарон баъд аз чанд соати вуруд ба шаҳр вориди қароргоҳи раисиҷумҳур шуданд, ки дар як теппа дар маркази Адан ҷойгир шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло 7 пизишки тоҷик дар шаҳри Адан дармондаанд ва имкони то Санъо омаданро надоранд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз онҳо хостааст, тавассути бандари обӣ худро то марзи Арабистони Саудӣ бирасонанд ва онҳоро дар он ҷо масъулони сафорати Тоҷикистон дар Саудӣ пешвоз хоҳанд гирифт. Тибқи иттилои расида ба ситоди назди сафорат, минтаки Хазармути Яман низ 12 тан шаҳрвандони мо будаанд, ки нияти бозгашт ба Ватанро доштаанд.