Дар минтақаи Ҳазрамути Яман, воқеъ дар 1000-километрии шарқи Санъо гурӯҳи тахминан 15-нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, 8 ходими тиб ва 5 кӯдак дармондаанд. Онҳо омода ҳастанд ҳар лаҳза кишварро тарк кунанд.
Духтури пӯсту амрози ҷимоӣ Ҳадя Додоҷонова 10 соли охир аз Душанбе ба Яман рафта, дар муассисаҳои тиббии ин кишвар кор мекунад. Ҳоло ӯ корманди бемористони хайрияи “Солеҳ Бабакр”-и ноҳияи Водӣ Ал-Айни вилояти Ҳазрамаут аст. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки рӯз то рӯз вазъи амниятӣ дар ин минтақа хатарнок мешавад, дар хиёбонҳо ҷангиёни исломӣ пайдо шудаанд, дар бемористони онҳо муҳоҷирони дохилӣ аз шаҳри Мукалла зиёд мешаванд.
“Мо бисёр мехоҳем, ки аз ин ҷо берун шавем, вале бо тавсеаи ноамниҳо, вазъи башарӣ дар Яман ҳам бадтар мешавад. Ҳоло бо далели камбуди бензин киро кардани мошин ё ҳаракат бо автобуси маъмулӣ ҳам душвор шудааст. Илова ба ин, гурӯҳи мо, ки ҳама дар фосилаи 30 дақиқа-2 соат аз ҳамдигар қарор дорем, мунтазири аз Мукалла омадани як хирург бо оилааш ҳастем. Бо шурӯи ҷангҳо вай бечора он ҷоро тарк карда наметавонад”, гуфт духтур Додоҷонова.
Ба иттилои ӯ, ду рӯзи охир бо аъзои гурӯҳи онҳо сафири Тоҷикистон дар Қатар Ардашер Қодирӣ дар тамоси телефонии пайваста қарор дорад. Ӯ
барояшон машварат додааст, бо далелҳои амниятӣ, на тавассути Санъо, балки аз роҳи кишвари ҳамсояи Уммон аз Яман берун шаванд. “Ба мо машварат доданд, ки аз роҳи биёбон ба минтақаи Маҳраи Яман бирасем, ки дар марз бо Яман ҷойгир аст. Дар ин ҷор ба мо боз як гурӯҳи 25-28-нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам муддатҳо шуд мунтазиранд, то ки баъдан якҷоя ба ватан баргардонида шавем. Вале бо далели мушкилоти гуфтаам, ҳанӯз мо макони худро тарк карда наметавонем”, гуфт ӯ.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Қатар ба радиои Озодӣ иттило доданд, ки дипломатҳои тоҷик бо шаҳрвандонашон дар тамоси пайваста қарор доранд ва ҳанӯз тасмими ниҳоӣ дар мавриди роҳи берунрафти ин гурӯҳи тоҷикистониён гирифта нашудааст. “Ҳоло мо роҳи берункашии ин гурӯҳро тавассути Арабистони Саъудӣ ё Уммон андешида истодаем, кор ҷараён дорад, вале ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст”, гуфт як корманди сафорат.
Бо шурӯи амалиёти эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саъудӣ зидди шӯришиёни ҳусӣ – мухолифони шиамазҳаби ҳукумати Яман, ки бовар меравад аз пуштибонии Эрон бархӯрдоранд, аксар шаҳрвандони хориҷӣ ба тарки ин кишвари арабӣ шурӯъ карданд. Бо мусоидати ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз на камтар аз 100 шаҳрванди худро аз қаламравҳои наздик ба Санъои Яман берун баровард. Вале то ҳанӯз даҳҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки ба таври пароканда дар манотиқи дурдасти ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, дармондаанд.
Дар ҳоле, ки баъзе аз онҳо тасмим гирифтаанд аз Яман берун нашаванд, мисли ин гурӯҳи 15-нафара нафарони зиёди дигаре низ ҳастанд, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд. Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Яман ба сар мебаранд, ходимони тиб ҳастанд, ки бо роҳҳои инфиродӣ ва ё тавассути ширкатҳои русии тиббӣ барои кор дар касалхонаҳои Яман истихдом шудаанд. Шумори кулли тоҷикистониён дар Яман то шурӯи ҷангҳо на камтар аз 200 нафар гуфта мешуд.
Хотироти табибони тоҷик аз Яман