"Сар раваду сир наравад". Зиндагӣ дар Тоҷикистон аз Олмон беҳтар аст? ВИДЕО

“Шумо аз зиндагиатон қонеъ ҳастед?” Дар посух ба ин суол маъмулан аксар сокинони Тоҷикистон, новобаста ба сатҳи зиндагиашон, ҷавоби мусбат медиҳанд. Дар Тоҷикистон шиква кардан аз сатҳи зиндагӣ айб шумурда мешавад ва сокинон мегӯянд, ки набояд аз нодорӣ ва кабағалии худ нолид.

Набуди самимияту ошкоргӯӣ боис шудааст, ки пажӯҳишҳои мизони некӯаҳволӣ дар Тоҷикистон натиҷаи комилан ғайриинтизор диҳанд. Ҷамъбасти чунин як пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон натиҷаеро ба бор овард, ки ҳатто Олмон чунин дастовард надорад.

Матлуба Ёрова, як сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 26-уми август гуфт, “агар аз сатҳи зиндагии худ шикоят ҳам кунӣ, касе ба кумакат намешитобад. Баръакс, баъд аз ин одамон писханд мезананд, ғайбат мекунанд. Аз ҳамин хотир, нодор ҳам бошем, дар ин бора ба касе чизе намегӯем.”

Чанде аз ҳамсӯҳбатони дигари мо дар ин робита гуфтанд, “ғурури шахсиашон намегузорад, то дар мавриди нодориву камбағалиашон ба дигарон чизе бигӯянд”.

Аммо одати пинҳон доштани вазъи воқеии молӣ пажӯҳишҳои созмонҳои байналмилалиро дар робита ба арзёбии сатҳи камбизоатӣ мушкил мекунад. Набуди самимияту ошкоргӯӣ боис шудааст, ки пажӯҳишҳои мизони некӯаҳволӣ дар Тоҷикистон натиҷаи комилан ғайриинтизор диҳанд. Ҷамъбасти чунин як пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон натиҷаеро ба бор овард, ки ҳатто Олмон чунин дастовард надорад.

Назари мардум: Магар камбағалӣ айб аст?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Магар камбағалӣ айб аст?

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи хеш мегӯяд, посухи мусбати сокинон боис шуд, ки ҷойгоҳи Тоҷикистон дар раддабандии “қонеъ будан аз зиндагӣ” аз кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон мисли Олмон пештар аст. Натиҷаи Тоҷикистон аз рӯи индекси “қонеъ будан аз зиндагӣ” муаллифони пажӯҳиши Бонки Ҷаҳониро дар ҳайрат гузоштааст.

“Фарқ дар миёни нишондиҳандаҳои моливу пулии некӯаҳволӣ ва баҳодиҳии субъективии одамон аз зиндагиашон ҳайратовар аст”, - гуфтанд коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ.

Ҳайрати иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ аз он аст, ки чаро даромадҳои сокинон аз рӯи нишондиҳандаи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ поин аст, аммо бо ин вуҷуд мизони қаноатмандӣ аз зиндагӣ хеле болост. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бар сари аҳолӣ муҳимтарин нишондиҳандаи рушди кишварҳо ба шумор меравад. ММД бар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби Бонки Ҷаҳонӣ 795 доллар ва дар Олмон 41 ҳазору 936 доллар аст. Нишондоди наздиктарин ҳамсояи Тоҷикистон – Қирғизистон аз рӯи ин ченак 1 ҳазору 77 доллар аст.

Абдувалӣ Қулов, роҳбари бахши демография ва омори иҷтимоии Оҷонсии омори Тоҷикистон

Аммо бо ин вуҷуд қаноатмандии тоҷикон аз зиндагӣ на танҳо аз як кишвари ҳамсоя, балки аз олмониҳое, ки даромад ва сатҳи зиндагиашон даҳҳо баробар зиёд аст, бештар аст. Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демографӣ ва иҷтимоиёти Оҷонсии омори Тоҷикистон, мегӯяд, чунин пажӯҳишҳои созмонҳои байналмилалӣ дар робита ба некӯаҳволии мардум хислати субъективӣ дорад ва ба назари ӯ, “на ҳама вақт воқеиятро баён мекунад”.

Ӯ гуфт, бо назардошти ҳамин вежагии хислати сокинони Тоҷикистон, Оҷонсии омор аз усули ба гуфтаи ӯ объективии санҷиши сатҳи камбизоатӣ ва некуаҳволӣ истифода мекунад. Қулов гуфт, “ҳангоми санҷиши некӯаҳволии мардум ба хонаводаҳо як дафтарчаи хос медиҳем. Дар он сокинон ҳар дахлу харҷи худро менависанд. Баъд аз чанд муддат мо онро гирифта, мизони камбизоатиро муайян мекунем. Худи он шахс ҳатто намедонад, ки ба шумори камбағалҳо шомил мешавад, ё миёнаҳол”.

Абдувалӣ Қулов мегӯяд, бинобар ин, натиҷаи арзёбиҳои миллии камбизоатӣ, ки аз созмонҳои байналмилалӣ фарқ мекунад, воқеитар аст.

Оё тоҷикон ба камбағалӣ одат кардаанд?

Хислати рӯйпӯш кардани нодорӣ ва аз будаш доротар вонамуд кардани хеш як бахши фарҳанг ё маърифати миллӣ аст. Ҷомеашинос Ориф Низомов мегӯяд, дар зиндагии оддӣ ҳам чунин мисолҳоро зиёд дидан мумкин аст, ки ба як характери миллӣ табдил шудааст: “Масалан, ба хонаи ҳар тоҷике агар дароед, ороиш ва ҷиҳози меҳмонхонааш аз хонаи хоби худаш ба маротиб беҳтару зеботар аст. Хӯрок ва нозу неъматҳое, ки барои меҳмон пешкаш мешавад, низ маъмулан аз ғизоҳои ҳаррӯзаи оила лазизтар ҳастанд ва шояд фарзандони ҳамон хонадон онро нахӯранду соҳибхона барои меҳмон руст карда бошад. Оростани тӯйи бодабдаба, ки ҳоло онро танзим карданием, аз ҳамин қабил одатҳост. Яъне, ҳадаф дар назди дигарон аз будаш доротар вонамуд кардани хеш”.

Низомов мегӯяд, дар шароити асри нав то миллат аз ин гуна “доро вонамуд кардани хеш” даст накашад, ба пешрафти чашмгире ноил нахоҳад шуд.

Аммо равоншиносон ба изофаи Низомов ин гуна рафтори тоҷиконро ба гунаи дигар шарҳ медиҳанд. Маҳмадулло Давлатов, устоди равоншиносӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, вақте инсон муддати зиёд дар фақру нодорӣ ба сар мебарад, ба он одат мекунад. Ӯ гуфт, “психологияи инсон ҳамин хел аст, вақте дар зиндагӣ бо ташвишҳои зиёди иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешавад, ба он тобовар шуда одат мекунад. Аз ин рӯ, вақте дар бораи вазъи воқеии зиндагии кас мепурсед, вай мегӯяд, “шукр, ҳамааш хуб аст”.

Зимнан, донишмандон ҷанбаи мазҳабии хӯ гирифтани мардумро бо нодориву камбағалӣ истисно намедонанд. Шариати Ислом, ки аксарияти мардуми Тоҷикистон худро пайрави он медонанд, дар ҳар шароиту вазъият “шукр кардан”-ро ба пайравонаш таблиғ мекунад.

Тибқи арзёбии охирини Оҷонсии омор, 30,3 дарсади аҳолии 8,5-миллионнафарии Тоҷикистон камбизоат эътироф шудаанд. Дар Тоҷикистон оилае камбизоат эътироф мешавад, ки беш аз 75 дарсади даромадашро барои хариди озуқаворӣ сарф мекунад.

Бонки Ҷаҳонӣ нафареро, ки дар як рӯз 3 доллар камтар даромад дорад, камбағал мешуморад.