Узбакистон ҷасади Аслиддинро ба Тоҷикистон баргардонд. ВИДЕО

Мақомоти Узбакистон ҷасади Аслиддин Шоимов, сокини деҳаи Шулуми ноҳияи Турсунзодаро ба ҷониби Тоҷикистон баргардондаанд ва ӯ рӯзи ҷумъа дар қабристони ин деҳа ба хок супурда шуд. Наздикони Аслиддин гуфтанд, марзбонҳои Узбакистон баъд аз зуҳри 15 апрел ӯро дар минтақаи сарҳадии “Ахбара” парронда ва ҷасадашро бо худ бурда буданд.

Дар ин бора бештар бихонед:

Деҳаи Шулуми Турсунзода дар 3-киломерии марзи Тоҷикистон бо Узбакистон қарор дорад ва сокинони он аслан узбактаборанд ва ба чорводорӣ машғуланд.

Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон хабари аз Узбакистон гирифтани ҷасади Аслиддинро тасдиқ карданд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонӣ, гуфт, бо вуҷуди ин, ҳанӯз музокироти тарафи Тоҷикистон бо Узбакистон ҷараён дорад ва хулосаи он дертар ба матбуот ироа хоҳад шуд.

Абдуҷаббор Шоимов

Абдуҷаббор Шоимов, падари Аслиддин рӯзи 21-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тире, ки сарҳадбонони узбак 6 рӯз қабл дар минтақаи “Ахбара” ба ӯ задаанд, ба дилаш бархӯрдааст. Вай мегӯяд, намедонад мақомоти сарҳадбонии Узбакистон барои чӣ ҷасади писарашро бо худ бурда ва тӯли ин чанд рӯз бо ӯ чӣ кор кардаанд.

“Рӯзи 20-уми апрел намояндагони нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҷасади Аслиддинро оварданд ва дар соати 11-и имрӯз ба хок супурдем. Мақомот ваъда карданд, ки ба хонаводаи мо ёрӣ мерасонанд”, - афзуд падари Аслиддин. Вай гуфт, як писарашро ба хок супурд ва писари дигараш Рӯзӣ Шоимовро дар бемористони шаҳри Турсунзода нигоҳбонӣ мекунад.

Ин видео рӯзи 18 апрел дар деҳаи Шулум сабт шудааст:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Узбакистон ҷасади Аслиддинро ҳанӯз ба Тоҷикистон насупурдааст

Рӯзӣ Шоимов Шоимов шоҳиди асосии парронда шудани бародараш аз сӯи марзбонҳои Узбакистон аст ва мегӯяд, ки аз дасту пояш тир хӯрдааст. Ӯ се рӯз пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт буд, ин ҳодиса ҳангоми чарондани чорво рух дод.

"Марзбонҳои ҳамсоя тақрибан 500 метр ба сарҳади мо даромаданд. Вақте бародарамро парронданд, бо шикам ба замин зад ва дигар барнахест. Сарҳадбони дигар ба тарафи ман омад ва тир холӣ кард, ки дар дастам зад. Аз тарси инки дар баданам напарронад, аз гардани сарҳадбон гирифта, мехостам ба замин хобонам, аммо вай як тири дигар дар поям зад. Ман молҳоро гузошта, фирор кардам. Вақте падарам ба чарогоҳ рафт, аз зиндаву мурдаи Аслиддин дарак набуд”, - нақл кард ӯ.

Рӯзӣ Шоимов

Дар канори деҳаи Шулум, зодгоҳи Аслиддин Шоимов, қисми ҳарбии “0104” – и Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон воқеъ аст. Вақте ба ин қисми ҳарбӣ рафтем, як афсар бидуни муаррифии худ гуфт, ки “дар лаҳзаи вуқӯи ҳодиса сарҳадбонони тоҷик дар онҷо набуданд”. Ба гуфтаи ин афсар, онҳо баъди огоҳӣ ба ҷои ҳодиса расидаанд.

Зимнан, деҳаи Шулуми Турсунзода дар 3-киломерии марзи Тоҷикистон бо Узбакистон қарор дорад ва сокинони он аслан узбактаборанд ва ба чорводорӣ машғуланд.

Тоҷикистону Узбакистон бештар аз 1100 километр марз доранд ва сарҳади байни ду кишвар дар самти Турсунзода, аксаран таъйину аломатгузорӣ шудааст. Ҷанҷол дар марзи ду кишвар дар гузашта дида шудааст, вале моҷарои нав дар замоне ба вуқӯъ мепайвандад, ки муносиботи Тоҷикистону Узбакистон пас аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешин беҳтар шудааст.