Тоҷикистону Украина "истирдоди муттаҳамон"-ро баррасӣ доранд. САДО

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон дар фикри имзои созишномаи нави ҳамкорӣ бо Украина аст, то ки истирдоди муттаҳамонро ба қаламрави якдигар осон кунад. Матни ин созишнома бар асоси як қарори ҳукумати Тоҷикистон ва имзои Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҳукумат аллакай ба тасвиб расидааст. Таҳияи ин санад дар ҳолест, ки Украина - кишвари ҳамсарҳади Аврупо ва ҳукумати рӯ ба Ғарбаш - барои бархе шаҳрвандони Тоҷикистон макони муваққатии сарпаноҳ ва ҳам умеде барои роҳ ёфтан ба Ғарб шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тарҳи нав барои истирдоди муттаҳамон аз Тоҷикистону Украина

Пас аз онки матн мувофиқа шуда аз Киев бармегардад, мо онро билофосила ба ҷониби Тоҷикистон месупорем. Дар ҳоли ҳозир матни ин созишнома дар баррасии мақомоти мо қарор дорад

Созишнома бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуда, аз 16 модда иборат аст ва яке аз бандҳои моддаи 2-и ин созишнома ба истирдоди ҷинояткорон ба ду кишвар рабт мегирад. Аз ҷумла, дар матни он омадааст, ки ду кишвар иҷрои созишномаҳои байналмилалӣ дар бораи истирдоди ҷинояткорон, кумаки ҳуқуқӣ ва муносиботи ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноиро таъмин мекунанд.

Дар ин модда ҳамзамон омадааст, ки “ҷонибҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла шаклҳои созмонёфтаи терроризм, коррупсия, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир ва инчунин қочоқи инсон ва узвҳои бадани одам, ҳамкорӣ хоҳанд кард.”

"Тарҳ ҳанӯз дар дасти баррасист"

Мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карданд. Вале ҷониби Украина вуҷуди чунин санадро тасдиқ мекунад. Вячеслав Украинетс, котиби аввали сафорати Украина, дар Тоҷикистон рӯзи 21 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, миёни додситониҳои кулли ду кишвар созишнома вуҷуд дорад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, тақрибан ду моҳ қабл Тоҷикистон хостори бастани созишномаи нав миёни додситониҳои кулли ду кишвар шуд.

Ӯ гуфт, "ҳоло матни созишномаеро, ки ҷониби Тоҷикистон омода кардааст, ба Киев фиристодем. Додситонии кулл ва дигар идораҳои мо онро барррасӣ доранд. Пас аз онки матн мувофиқа шуда аз Киев бармегардад, мо онро билофосила ба ҷониби Тоҷикистон месупорем. Дар ҳоли ҳозир матни ин созишнома дар баррасии мақомоти мо қарор дорад."

Украина Абдуллоҷоновро надода буд

Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, дар додгоҳи Украина. Баҳори соли 2013

Дипломати украинӣ дар робита ба истирдоди боздоштшудагон гуфт, "сӯҳбат дар ин масъала ҳанӯз барвақт аст, чунки матни ниҳоии ин созишнома ҳанӯз дар Украина мувофиқа нашудааст." Мақомоти Тоҷикистон бо ирсоли созишномаи нав аз мақомоти Украина хостаанд, ки дар сурати ворид кардани тағйироту иловаҳо ба ин санад, "хусусияти усулӣ ва ё принсипиалӣ" надошта бошад.

Масъалаи истирдоди боздоштшудагон аз Украина барои Тоҷикистон солҳои охир муҳим шудааст. Украина аз камтарин кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки на ҳама дархостҳои истирдоди шаҳрвандонаш аз ин кишвар қабул ва иҷро шудааст. Чаҳор сол қабл Украина дархости Тоҷикистон барои истирдоди Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири кишварро, ки бо чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ дар Тоҷикистон айбдор дониста мешавад, рад кард.

"Ин тарҳ барои Тоҷикистон муҳим аст"

Марат Мамадшоев

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки ҳадафи таҳияи созишномаи мазкур – истирдоди ба истилоҳ муттаҳамони сиёсӣ ба Тоҷикистон аст, ки аз ҳисоби аъзои созмонҳои мамнӯъшудаи “Гурӯҳи 24” ва ё Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳоло шуморашон дар хориҷи кишвар афзоиш ёфтааст. Дар дохили кишвар танҳо дар робита бо ошӯби мусаллаҳонаи генарал Назарзода дар сентябри соли 2015 беш аз 200 нафар муҷозот шуда, нафари дигар дар хориҷа, аз ҷумла Русияву Беларус ва Украина паноҳ бурдаанд.

Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, санади нави истирдоди ҷинояткорон пеш аз ҳама ба Тоҷикистон зарур аст. "Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи мақомот қарор доранд, тариқи қаламрави Украина талош мекунанд, ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бибаранд. Инҳо афроде ҳастанд, ки Душанбеи расмӣ онҳоро экстремист ва террорист мехонад, вале кишварҳои Аврупо онҳоро ҳамчун мухолифон мешиносад. Истирдоди ҷинояткорон тиқби созишномаҳои дигари ИДМ ва байналмилалӣ ҳам имконпазир аст, аммо зоҳиран Душанбе пас аз қазияи истирдод нашудани Абдуллоҷонов талош дорад, ки минбаъд барои истирдоди ҳатмии афроди мавриди назараш, кафолати ҳуқуқӣ ба даст орад", - шарҳ дод ӯ.

Тоҷикистон ҳам вазифадор мешавад, ки...

Петр Порошенко

Мамадшоев мегӯяд, пешниҳоди Тоҷикистон ба Украина ҷиҳати истирдоди шаҳрвандони гумонбараш дар содир кардани ҷиноят, ҳукуматро дар Киев дар ҳолати ногувор қарор медиҳад. Ҳукумати президент Петро Порошенко бо мавқеи рӯ ба ғарбаш маъруф аст ва ҳамин стратегияи сиёсии ҳукумати Украина боис ба мухолифатҳояш бо Русия шудааст. Бархе аз манотиқи шарқии ҷудоиталаби Украина, ки аз ҷониби Маскав пуштибонӣ мебинанд, ба хатми ҷанг ва созиш бо Киев розӣ нестанд.

Ҳоло саволи аслӣ ин аст, ки то куҷо Украина розӣ мешавад, шартҳои Тоҷикистонро бипазирад, чунки дар ин ҳолат афроде, ки аз ҳукумати ин кишвар дархости паноҳандагӣ, аз ҷумла паноҳандагии сиёсӣ кардаанд, таҳти хатари истирдод ба Тоҷикистон қарор мегиранд. Аз сӯи дигар, дар сурати омодагии Киев ба имзои созишномаи нав бо Душанбе, Тоҷикистонро ҳам муваззаф мекунад, дар сурати ба ҳудудаш роҳ ёфтани, масалан афроди марбут ба ҷудоиталабони шарқи Украина, ки аз ҷониби Русия пуштибонӣ мешаванд, онҳоро боздошт ва ба Киев таслим кунад.

Худдории Беларус ва Молдова аз истирдоди Шабнаму Собир

Шабнам Худойдодова

Тоҷикистон дар гузашта дар робита бо ҳодисаҳои гуногун гуфтааст, ки аз сиёсати тамомияти арзӣ ва ҳам эҳтироми қаламравҳои ҳукумати расмӣ ҷонибдорӣ мекунад. "Украина аз як сӯ ба самти Иттиҳоди Аврупо ҳаракат мекунад ва масъалаҳои ҳуқуқи инсонро наметавонад нодида бигирад", - гуфт Марат Мамадшоев.

Иттилои дақиқе дар заминаи аризаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти ҳаққи паноҳандагии ҳукумати Украина феълан дар даст нест, ҳамонгуна ки маълум нест, оё дар миёни паноҳандагон афроди сиёсӣ ҳам ҳастанд, ё на. Вале аз рӯи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар ду соли охир аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон беш аз 20 шаҳрванди кишвар истирдод шудаанд. Аксари онҳо дар Русия боздошт гардидаанд. Дар миёни онҳо – фаъолони “Гурӯҳи 24” ва аъзои ҲНИТ мебошанд, ки баъдан дар Тоҷикистон ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ҳукми зиндон гирифтаанд.

Дар гузашта бархе аз кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, назири Беларус ва Молдова маҳз ба хотири дорои ангезаҳои сиёсӣ будани қазияҳо, аз истирдоди фаъолони “Гурӯҳи 24” ба Тоҷикистон - Шабнам Худойдодова ва Собир Валиев худдорӣ кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки ба хотири интиқодашон аз ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо дар ватан шиканҷа таҳдид мекунад.