Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваколати Убайдуллоев дар Маҷлиси Душанбе пеш аз мӯҳлат қатъ шуд


Ваколати Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси собиқи Душанбе – дар Маҷлиси вакилони халқи пойтахт рӯзи 7 феврал ва пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд. Барои ҷойи холимондаи ӯ дар Маҷлис моҳи апрели имсол дар ҳавзаи рақами 25-и пойтахт интихобот сурат мегирад. Дар баробари Убайдуллоев, ваколати муовини пешинаш Фирӯз Улмасов низ қатъ шуда, барои ҷойи холимондаи ӯ дар ҳавзаи рақами 62 интихобот баргузор хоҳад шуд.

Ҷойгузини Убайдуллоев дар Маҷлис кӣ хоҳад шуд?

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар оғози моҳи январи имсол аз мақоми раиси шаҳри Душанбе барканор шуд. Ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба курсии мири пойтахт нишастааст.

Мақомоти Душанбе гуфтанд, ки қатъи ваколати Маҳмадсаид Убайдуллоев ва муовинаш дар иҷлосияи ғайринавбатии нӯҳум сурат гирифт. Ин иҷлосия бори аввал бо ҳузури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе, баргузор гардид, аммо дафтари матбуоти ҳукумати пойтахт мегӯяд, онро вакили кӯҳансол Зариф Шарифов раҳбарӣ кард.

Ба иттилои манбаъ, "дар оғоз вакилони халқ қарори барканории Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз мақоми шаҳрдори Душанбе тасдиқ карда, барои баргузории интихобот дар ҳавзаҳои №25 ва №62 дар ҳайати 9 нафар комиссияи шаҳрӣ таъсис доданд. Тавре зикр гардид, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои №25 ва №62 Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Фирӯз Улмасов бо ариза барои пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои вакилиашон ба Маҷлиси вакилони шаҳр муроҷиат кардаанд."

Тақрибан як моҳи раёсати Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ бо падараш Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Наврӯзгоҳ
Рустами Эмомалӣ бо падараш Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Наврӯзгоҳ

​Маҳмадсаид Убайдуллоев дар оғози моҳи январи имсол аз мақоми раиси шаҳри Душанбе барканор шуд. Ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба курсии мири пойтахт нишастааст. Вай то расидан ба ин мақом раиси Оҷонсии зиддифасод ва аз он пештар раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд.

Рустами Эмомалӣ тайи як моҳи гузашта дар мақоми иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе аз корхонаи "Троллейбус"-и пойтахт дидан карда ва ҳангоми шинондани дарахт дар Боғи Наврӯзгоҳ иштирок кардааст.

Нӯҳ рӯзи дигар то иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ

Убайдуллоеви 65-сола ҳарчанд аз мақоми раиси Душанбе ва раиси Маҷлиси вакилони халқи пойтахт рафтааст, вале ҳанӯз раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумон ва нафари дувум дар кишвар – аст. Вай 16 сол боз раёсати Маҷлиси миллиро бар ӯҳда дорад ва бори охир дар соли 2015 ба ин мақом аз нав интихоб шуда буд. Рӯзи 16 феврали имсол ҷаласаи аъзои Маҷлиси Миллӣ даъват шудааст ва маълум нест, сарнавишти мақоми охирини ӯ чӣ хоҳад шуд.

Бинои ҳукумати Душанбе
Бинои ҳукумати Душанбе

Ӯ моҳи феврали соли 1952 дар рустои Кирови ноҳияи Фархор ба дунё омада, аз камшумор намояндагони ҳукумати имрӯза аст, ки дар аҳди Шӯравӣ берун аз Тоҷикистон мактаби олӣ хондаааст. Убайдуллоев соли 1974 донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина ва соли 1985 мактаби олии ҳизби коммунистро дар шаҳри Тошканд хатм кардааст. Баъди чанд соли кор дар ниҳодҳои вилояти Кӯлоб, Убайдуллоев ду сол - солҳои 1985-1986 – вақте ҳамагӣ 33 сол дошт, муовини раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон шуд, вале сипас боз ба Кӯлоб баргашт.

То соли 1990 раиси Кумитаи омори ин вилоят ва сипас муовини раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки дар поёни соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд доир шуд ва Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, Муҳаммадсаид Убайдуллоев муовини сарвазир ва масъули вазоратхонаҳои қудратӣ таъин шуд. Ӯ он вақт ҳамагӣ 40 сол дошт.

Баъди як сӯиқасд

Соли 1994 Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба мақоми муовини якуми сарвазир расид, вале соли 1996, дар пайи нахустин исёни нирӯҳои сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев бо талаби ошӯбгарон, ки дар ағбаи Фахробод сангар гирифта, таҳдиди ҳамла ба Душанберо доштанд, Убайдуллоевро аз мақом барканор карданд. Аммо ҳамагӣ баъд аз чанд моҳ ба ҷои Юрий Поносов шаҳрдори Душанбе шуд. Убайдуллоев баъди таъсиси палатаи болоии порлумон дар апрели соли 2000 раиси Маҷлиси миллӣ низ интихоб шуд ва инак 17 сол боз ин дувумин мақом дар сохтори давлатдории Тоҷикистонро дар даст дорад.

Соли 2000 аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд. Маводи мунфаҷирае дар худрави ӯ таркид ва дар пайи он як мақомодори баландпояи Тоҷикистон, ки тасодуфан ба курсии Убайдуллоев нишаста буд, кушта шуд. Бо гузашти 15 сол дигар номаълум боқӣ монд, ки ин сӯиқасд ба Убайдуллоев буд ва ё каси дигар.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев 3 фарзанд – ду писар ва як духтар дорад. Писари калониаш Ҷамолиддин Убайдуллоев 37 сол дошта, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекунад. Амирҷон Убайдуллоеви 35-сола се сол пеш баъди чанд соли кор дар мақоми намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул, аз Вошингтон ба Душанбе баргашт ва муовини сардори раёсати молиявии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Духтараш Нигина Убайдуллоева 28 сол дорад.

XS
SM
MD
LG