Тоҷикистон барои тавҷеҳи терроризм ҷазо таъин кард

Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон бандҳои нави Кодекси ҷиноӣ ба ҳукми иҷро даромад, ки барои "сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ" ва мусоидат ба эктремизм "бо истифода аз расонаҳо" аз 5 то 10 соли ҳабс ҷазо таъин мекунад. Тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 14 октябри имсол аз сӯи раиси ҷумҳур имзо шуда, бо нашри он дар расонаҳои давлатӣ ҳамакнун қувваи қонун пайдо кард.

Дар қонунгузорӣ бояд хеле мушаххас мафҳуми "сафедкунии оммавии терроризм" бояд дарҷ шавад, то аз ҳолатҳои духӯра шарҳу тафсир шудани қонун ҷилавгирӣ гардад.
Фаридун Ҳодизода

Тағйироти нав умдатан дар ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – "Терроризм" (моддаи 179) ва "Ташкили иттиҳоди экстремистӣ" (307) дарҷ шудаанд. Дар моддаи вобаста ба терроризм танҳо мафҳуми "сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ" илова шудааст, ки дар сурати муҷрим шинохта шудани шахс тибқи ин модда додгоҳ метавонад ӯро аз 5 то 10 сол ба зиндон фиристад. Дар шарҳи ин мафҳум дар Кодекси ҷиноӣ омадааст: "Зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад".

Навгонии дигари Кодекси ҷиноӣ ба моддаи “Ташкили иттиҳоди экстремистӣ” дахл дорад, ки дар он “мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо (ифротгароён) бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар” ҷурм шинохта шудааст. Ин ҷинояти тоза эътирофшуда аз 5 то 8 соли зиндонро дар пай орад.

Терроризм чист? Террорист кист?

Фаридун Ҳодизода

Аммо коршиносон мегӯянд, донишмандони ҷаҳон ҳанӯз сари таърифи истилоҳи терроризм ва ё экстремизм ба як хуллосаи мушаххас наомадаанд. Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “масалан Созмони Милали Муттаҳид то ба ҳол мафҳуми терроризмро расман муайян накардааст. То ба ҳол миёни донишмандон баҳс сари ин масъала идома дорад”.

Ҳодизода афзуд, дар қонунгузорӣ бояд хеле мушаххас мафҳуми “сафедкунии оммавии терроризм” бояд дарҷ шавад, то аз ҳолатҳои духӯра шарҳу тафсир шудани қонун ҷилавгирӣ гардад. Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиносони тоҷик мегӯянд, “сафедкунии оммавии терроризм” мафҳуми умумӣ ва хеле васеъ аст ва дар амал кирдори шахсони зиёдеро зери ин мафҳум тафсир кардан муҷозот кардан мумкин аст.

Рӯйхати созмонҳои террористӣ тартиб дода шавад

Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқадори тоҷик, гуфт, ҷорӣ шудани ин мафҳум дар амал дар додгоҳҳо ҳолатҳои баҳсии зиёдеро ба вуҷуд меорад. Вай афзуд, “масалан, давлати Украина силоҳбадастони Донетск ва Луҳанскро террорист мехонад. Дар дигар давлатҳо онҳоро ҷудоиталаб медонанд ва бархеи дигар мегӯянд, ки онҳо барои озодияшон мубориза мебаранд. Дар масъалаи Сурия низ ҳамин хел назарҳои гуногун вуҷуд дорад. Ба назари ман, ин ҷиноят ҳисоб намешавад. Ҳоло бо истифода аз озодии баён ман ин гапҳоро гуфта истодаам, масалан, чӣ хел ҳоло исбот кардан мумкин, ки ман террористҳо ва ё эктремистҳоро сафед карда истодаам, ё не?”

Абдураҳмонов афзуд, ҳоло бархӯрди давлатҳо ба террористҳо гуногун аст. “Бархе онҳоро муборизи роҳи озодӣ ва бархеи дигар онҳоро террорист мешуморанд. Бо ин модда шумори зиёди одамонро мешавад зиндонӣ кард”, - гуфт ӯ. Вай таъкид кард, “барои одилона татбиқ шудани ин қонун бояд дар кишвар феҳристи мушаххас тартиб дода шавад, ки кадом созмону гурӯҳҳо террористиянд. Он вақт танҳо касонеро, ки амали ин гуруҳҳоро сафед мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашанд.”

Мурофиаҳои паси дарҳои баста

Муҳокимаи ҳашт нафари муттаҳам ба узвитя дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Хатлон

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як соли ахир парвандаи наздик ба 1000 шаҳрванди кишварро барои узвият дар созмонҳои ифротӣ баррасӣ карда, аксари онҳоро ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд. Моддаҳои 189 – “Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”, бандҳои гуногуни моддаҳои 307, ки марбут ба фаъолиятҳои экстремистӣ ва даъват барои сарангун кардани ҳукумат ва 401 – “зархаридӣ” - аз моддаҳои аслии Кодекси ҷиноии Тоҷикистон буданд, ки бештар мурофиаҳои додгоҳиро расонаӣ карданд.

Аммо аксари муҳокимаҳои додгоҳиӣ аз рӯи ин моддаҳо пушти дарҳои баста ва дур аз чашми матбуоту ҷомеа сурат гирифтанд. Ҳарҷанд додгоҳ онҳоро бо ин моддаҳо муҷрим шинохт, вале бинобар набуди иттилои кофӣ дар ҷомеа дар мавриди гунаҳкор будан ва ё набудани онҳо суолҳои зиёде халқ мешавад.